Интиқоди BHR аз мақомоти Тоҷикистон

Ин занҳоро ду моҳ қабл аз хонаҳояшон дар маҳаллаи Сементзаводи пойтахт ихроҷ карда буданд

Дафтари ҳимоят аз ҳуқуқи башар (BHR) дар Душанбе дар гузорише ихроҷи маҷбурии сокинони шаҳр аз манозили зисташонро ноодилона арзёбӣ кардааст.

Сергей Романов, раҳбари гурӯҳи тадқиқотии Дафтари ҳуқуқи башар, бо ишора ба ин нукта мегӯяд, дар тӯли бештар аз як сол унвонии онҳо ҳудуди 200 номаи шикоятӣ расидааст ва дар ин номаҳо аксаран аз кӯчиши иҷборӣ изҳори нигаронӣ мешавад: «Дар чорчӯби тадқиқоте, ки мо дар самти кӯчиши иҷбории сокинон гузаронидем, номгӯйи зиёди ҳукуқвайронкуниҳо аз суи ниҳодҳои зидахли давлатӣ сабт шудааст. Бештари сокинон аз тарафи ин ниҳодҳо мавриди таҳқир, зарбу лат ва таъқиб қарор гирифтаанд».

Оқои Романов мегӯяд, танҳо ба нияти бозсозии Душанбе шурӯъ аз соли 2007 даҳҳо хонавода дар ин шаҳр маҷбур шудааст, ки манзили маскунии худро дар ихтиёри мақомот вогузорад ва ба як қитъа замини канории шаҳр кӯч бандад ва иктифо варзад. Вай мегӯяд, маъмулан дар ҷомеъаи демократӣ чунин қазия тавассути додгоҳҳо ҳалли худро пайдо мекунанд, аммо муроҷиъат ба додгоҳҳои Тоҷикистон нишон додааст, ки онҳо низ дар ҳалли ин мушкил чандон мунсифона рафтор намекунанд.

Ба гуфтаи Сергей Романов, даҳҳо номаи унвонии додгоҳ ироъакардаашон бар нафъи яке аз ин сокинон анҷом напазируфтааст: «Замине, ки ба ивази хонаи истиқоматии сокинон дода мешавад, онҳоро қаноъатманд намегардонад ва чаро бояд ин сокинон ба зӯри мақомот аз манзили худ берун ва дар канори шаҳр ҷой бигиранд? Ин суъол дар додгоҳ баррасӣ шуд ва, мутассифона, то имрӯз ҳич яке аз ин баррасиҳо натиҷаи умедбахш надодааст».

Тақсими нодурусти замин ва бинобар тарҳҳои бозсозӣ ба маконҳои дигар кӯч додани шаҳрвандон ахиран дар Тоҷикистон ба як мушкили доғ табдил шудааст. Ва мушкили беманзилӣ, ки гиребонгири аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аст, мояи норозигии мардум аз ҳукумат шудааст ва мардуми батангомадаи беманзил акнун ошкоро дар назди қароргоҳҳои ҳукумат эътироз мекунанд.

Эътирозгарон аз маҳаллаи Сементзаводи пойтахт ва аз маҳаллаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ борҳо дар назди Қасри раиси ҷумҳур ва бинои додситонии кулли Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд. Зеро бархе аз шаҳрвандон намехоҳанд манозили маскунии худ дар маркази шаҳрро ба қитъаи замини холӣ ва ё манозиле дар каронаи дурдасти шаҳр иваз кунанд.

Як сокини маҳаллаи Сементзаводи шаҳри Душанбе, ки аз сӯи шаҳрдорӣ огоҳиномаи тарки манзилро дастрас кардааст, дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имкони кӯчидан ба манзили дигарро надорад. Зеро мақомот ба онҳо дар маҳаллаи Ховарон қитъаи замин додаанд ва барои бунёди як манзил дар ин замини холӣ вай дар ихтиёри худ маблағи кофӣ надорад: Бо ин ҳол, мақомоти маҳаллии Тоҷикистон аз баёни ҳар гуна арқом ва вокуниш дар мавриди кӯчиши иҷбории сокинон худдорӣ меварзанд.

Аммо Шавкат Сайидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе, дар сӯҳбати вижа ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳама амалкард ба хотири «эҳтиёҷоти давлатӣ» сурат гирифтааст ва мақомот дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон худро «гунаҳкор» намедонанд.

Вале созмони Дидбони ҳуқуқи башар, созмони байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ахиран тасмим гирифтааст дар заминаи тахриби манозил ва кӯчиши иҷбории сокинон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон таҳқиқоти вижаро анҷом бидиҳад. Зеро ба қавли масъулони ин созмон, зимни иҷрои барномаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон аксаран ҳуқуқи шаҳрвандон нақз мешавад.