Боздиди Раҳмон аз "Роғун"

Раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари корӣ ба навоҳии шарқи кишвар аз маҳалли сохтмони НБО "Роғун" дидор кард.

Ҳадаф аз ин боздид шитоб бахшидан ба сохтмони ин нерӯгоҳ унвон шудааст. Аммо суоли мартаҳ ин аст, ки Тоҷикистон то куҷо имкони тавассути воситаҳои дохилӣ идома додани сохтмони Роғунро дорад?

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандон ва мутахасисони нерӯгоҳи Роғун бори дигар таъкид кард, ки ба рағми ҳама гуна мухолифатҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон баъди дар соли гузашта лағв намудани созишномаи сохтмони ин нерӯгоҳ тавассути ширкати русии РусАл дар буҷаи соли 2008 барои идомаи сохтмони Роғун 130 миллион сомонӣ, муодили 30 миллион долари амрикоӣ, ихтисос додаст. Ба манзури идомаи ин сохтмон дар моҳи гузашта Ҷамъияти саҳомии Роғун таъсис шуд. Ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои идомаи сохтмон сармоягузорони хориҷиро ҷалб хоҳанд шуд, аммо дар ҳар сурат саҳмияи аслӣ дар дасти ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаст дарсади саҳмияи Роғун бояд дар ихтиёри Тоҷикистон бошад.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршносон имконоти дохилии Тоҷикистонро барои сохтани ин нерӯгоҳе, ки бештар аз як миллиард сармоягузорӣ мехоҳад, нокофӣ медоданд. Ин коршиносон мегӯянд, ихтисоси танҳо сӣ миллион доллар буҷаи солона барои кори сохтмони Роғун басанда нест. Ба ақидаи онҳо, агар солона дар ин сохтмон Тоҷикистон имкони сармоягузории беш аз сад миллион доллариро дошта бошад, метавонад бо нерӯи худ ду агрегати ин нерӯгоҳро фаъол кунад.

Ба гуфтаи коршиносон, мухолифати кишварҳои ҳамсоя ба тарҳи сохтмони Роғун метавонад аз мушкили дигаре бошад ва боиси кундии раванди сохтмони нерӯгоҳ шавад. Ин кишварҳо, назири Узбакистон, метавонанд дар ворид намудани мошинолот барои Роғун монеъа эҷод кунанд.

Аммо ба ҳар ҳол бархеи дигари коршиносон ба ин боваранд, ки иқдоми ҳукумат дар ҷиҳати идомаи сохтмони Роғун навъе намоиши ирода ва қотеъият барои ҷалби сармоягузорон ва тарафҳои манфиатдор барои саҳм гирифтан дар сохтмони Роғун аст.

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз соли 1976 ва оғоз ва то соли 1992 сарбанди он то 40 метр баланд шуда буд. Аммо даргириҳои дохилӣ боиси мутаваққиф шудани кори нерӯгоҳ ва дар соли 1993 сел дар маҷрои дарё боиси шустани сарбанди 40-метра шуда буд. Дар соли 2004 миёни Тоҷикистон ва ширкати РусАл қарордоди идомаи сохтмони Роғун ба имзо расид, ки мақомоти Тоҷикистон онро ба иддаои ба тааҳудоташ амал накардани РусАл дар соли гузашта лағв карданд. Ахиран ҷониби Қазоқистон низ барои ширкат дар сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кардааст. Аммо то кунун иқдоми амалие дар ин ҷиҳат дида намешавад.

Роғун бо баландии 335 метр обанбор ва қудрати тавлиди ҳамзамон 3600 мегават нерӯи барқ дар сурати эҳдос шудан бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии минтақа хоҳад буд ва Тоҷикистон имкони танзими оби ҳавзаи Вахшро ба сурати комил пайдо хоҳад кард. Иқдоме, ки бо мухолифати ҳамсояҳои Тоҷикистон мувоҷеҳ аст ва то кунун сармоягузори хориҷӣ низ пайдо накардааст.