Ҷавонони Қурғонтеппа: рақс зери офтоби сӯзон

«Ояндасоз» ин навбат ба шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.

Зимни сафар огоҳ шудем, ки донишҷуён ва мактаббачаҳои шаҳри Қурғонтеппа ба маршировка, ё тамрини идона, ҷалб шудаанд. Онҳо зери офтоби сӯзон мерақсиданду ба ҳар тарафи майдон медавиданд. Ба қавли овозхононони таронаи «Се тор», ин ҷавонони хатлонӣ рақси малакро иҷро мекарданд.

Таксии Душанбе-Қургонтеппа пас аз ду соат моро ба ин шаҳр расонд. Аввалин садое, ки ба гуш мерасид, ин садои масъулини тамрини донишҷӯён буд, ки тариқи баландгӯяк ба онҳо иҷрои ҳаракоти мухталифро супориш медоданд. Донишҷӯён ва хонандагон сар аз моҳи май ба хотири ҷашни «Ваҳдати миллӣ», яъне 27-уми июн, дар майдони варзишӣ тамрин мекунанд. Онҳо дар бахшҳои гуногуни барномаи идона ширкат мекунанд. Як гурӯҳ нақши кабутарон, гурӯҳи дигар деҳқон ва гулу меваҳоро иҷро мекунанд.

Муҳассилин ба ин майдон баъд аз дарс дар соати 2 –и рӯз вақте, ки ҳаво хеле тафсон аст, ҳозир мешаванд. Замоне, ки мо вориди тамрингоҳ шудем, ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷаи гармӣ мерасид ва офтоб хеле сӯзон буд. Ҷавонон дар ҳавои кушода сару рӯи худро печонида тамрин мекарданд. Ҷавонон оид ба маршировка чӣ назар доранд, тамрини онҳо иҷборӣ ва ё бо хоҳиши худи онҳост? Ба ин суолҳо аз барномаи вижаи «Ояндасоз» посух хоҳед гирифт.

Ҳарчанд духтарони Қурғонтеппа ба назар нисбатан фаъол менамуданд ва тибқи мушоҳида шумори зиёди онҳо дар мактабҳои миёна таҳсил мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам мушкили аслии духтарони наврас дар таҳсили онҳост.

Чун аксари дигар навоҳии кишвар дар ин ноҳия ҳам бисёре аз волидон барои идомаи таҳсили духтарон бо сабабҳои мухталиф монеъа эҷод мекардаанд. Аммо худи духтарон мегӯянд, идомаи таҳсил барои ояндаи онҳо муҳим аст ва онҳо барои ба ҳадаф расидан талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ғолибан духтароне, ки пас аз хатми мактаби миёна бе маълумот мондаанд, бештар касби хайётиро интихоб мекунанд. Аммо дар Қурғонтеппа чунин ба назар мерасид, ки духтарони зиёд дар бозор ба тиҷорати хурду миёна мушғуланд. Мавлуда, ки 26 дорад ва падараш дар муҳоҷирати кори қарор дорад, ҳоло ягона таъминкунандаи оилаи 6-нафараашон будааст.

(Садои Мавлударо аз барномаи «Ояндасоз» бишунавед).

Зимнан бояд бигӯем, ки баробари ба бозори маркази Қурғонтеппа ворид шудан мушоҳида мешуд, ки аксари тоҷирони бозорро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва, ба гуфти сокинони ин минтақа, дар баробари Русия аксари ҷавонони шаҳр рӯ ба бозор оврдаанд. Дар миёни ин тоҷирони ҷавон, донишҷӯён ва ҳам хонандагон ҳам кам нестанд.

Аз таҷрибаву кору фаъолияти ҳамсолонамон дар Қурғонтеппа аз барномаи «Ояндасоз» огоҳ мешавед.

«Ояндасоз»-ро аз тарафи рости ин саҳифа пайдо кунед ва андешаву назароти худро ба мо ирсол доред.

oyandasoz@rferl.org