Қочоқи тифлони навзод дар Тоҷикистон

Зани 24-солаи деҳотӣ баъди фурупошии оилааш барои пеш бурдани зиндагӣ тарки деҳа намуда, бо тифли хурдсолаш роҳ сӯи маркази ноҳия мегирад.

Дар ҷои нав ва дур аз наздикону волидон ин духтар бо тифли хурдсолаш ва бо ба дунё омадани фарзанди дуввумаш ба мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ мешавад. Роҳи ҳали ин мукшилоти худро ӯ дар фурӯши навзодаш мебинад ва бар ивази 100 доллар ва як ангуштарии тиллоӣ духтарчаашро ба як оилаи бефарзанд медиҳад.

Ин яке аз ҳолатҳои ошкор шудани қочоқи кӯдак дар вилояти Хатлон буд, ки соле қабл рух дода, баъдан модар барои ин амалаш барои 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ва аммо сарнавишти кӯдак низ дар оилаи нав аз модараш беҳ нест. Зимни суҳбат бо мо Гулсара, холадухтари зани маҳбус, гуфт, модархонди кӯдак мубталои бемории шадид шуда, хоҳиши бозпас гардонидани тифли харидаашро дорад. Вай гуфт, «ҳозир кӯдак 2-сола аст ва зане, ки ӯро ба фарзандӣ гирифта буд, аз модари аслии кӯдак ва наздикони ӯ талаб дорад, ки тифлро бозпас гиранд, вале модар дигар роҳ надорад ва ба он зан гуфтааст, ки агар тавонад кудакро ба ягон нафари дигар бидиҳад».

Воқеан сарнавишти ин тифли навзоди қочоқшудаи тоҷик ҳодисаи ягона набудааст. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби додситони кулли кишвар 8 ҳодисаи харидуфурӯши кудак ба қайд гирифта шудааст, аммо ин омор соли гузашта ба 13 адад баробар будааст. Ҷиҳати омӯзиши вазъи қочоқи кудакон дар Тоҷикистон ва сабабҳои аслии ба чунин амал даст задани волидон ахиран аз ҷониби маркази таҳқиқоти стротежӣ ва бунёди атфоли СММ пажӯҳише анҷом ёфтааст.

Абдувоҳид Шамолов, раҳбари Маркази таҳқиқоти стротежӣ, мегӯяд, аксаран волидон аз беиттилоӣ ба чунин амал даст мезананд, яъне ба хотири зиндагии хуб бахшидан ба тифлонашон онҳоро ба нафари дигаре ба фарзандӣ медиҳанд, вале чун аз раванди ҳуҷҷатгузории ин ҳолат бехабаранд он чун қочоқи кудак ва ҷиноят ба қайд гирифта мешавад.

Аммо Гулчеҳра Мирзоева, раҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Модар», мегӯяд, барои ҷомеае, ки беш аз 60 дарсади аҳолиашро кудакону наврасон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ ба ин масъала бояд хеле муҳим бошад. Ӯ қиссаи як модареро мисол меорад, ки чанд фарзанди худро ошкорро бо нархномаҳои муайян ба фурӯш гузоштааст. Вай мегуяд, «чунин ҳолатҳо ҳам дар вилояти Хатлон ва ҳам дар Суғд рух дода буд, ки занон бо як маблағи ночиз омода буданд фарзандони худро бифурӯшанд. Ва сабаби инро ҳам занон чунин шарҳ медиҳанд, ки онҳо фарзандонашро таъмин карда наметавонанд ва ба хотири надидани чашми гуруснаи тифлону зиндагии хуб бахшидан ба онҳо ба ин амал даст мезананд».

Хонум Гулчеҳра сабабҳои аслии рух додани чунин ҳолро қабл аз ҳама ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оилаҳо марбут медонад. Ба гуфти Гулчеҳра Мирзоева, агар як сабаби ба ин амал даст задани волидон ва фурӯхтани фарзандонашон дар беиттилоии онҳо бошад, аз сӯи дигар раванди дуру дарозу мураккаби ҳуҷҷатнигории он яъне ба фарзандӣ додани атфол аст. Вай меафзояд, «ман фикр мекунам, бояд волидон онро бо роҳи қонунӣ анҷом диҳанд, чун дар ин сурат зиндагии хуби ва вазъи зисти волидони ояндаи фарзандашон ба назар гирифта мешавад».

Ба таъкиди Гулчеҳра Мирзоева, шаҳрвандони хориҷӣ низ талош мекунанд, ки атфоли тоҷикро ба фарзандӣ гиранд, вале, аз назари ӯ, ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сурат гирад ва ба ин масъала бевосита аз ҷониби ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи ҷидди зоҳир гардад.

Вале бояд гуфт, ки дар баробари ин шакли дасткашӣ аз фарзандон солҳои ахир ҳодисаҳои партофта шудани кӯдакон баробари таваллуд дар зоишгоҳу кучаҳо ва бино ба носозгории сарнавишт ба исқоти ҳамл ё даст ба қатли ҳаёти тифли норасидаи худ задани модарони ҷавон низ афзудааст.