Николай Бордюжа ба Тоҷикистон меояд

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ қарор аст имрӯз, 13 апрел, бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шавад.

Давлат Назриев, сухангӯйи ин вазорат гуфт, интизор меравад, дар ҷараёни сафари худ оқои Бордюжа бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсайид Убайдуллоев ва ҳам дабири Шӯрои амнияти кишвар Амирқул Азимов дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Давлат Назриев мегӯяд, бо ин ҳол сари чи мавзӯъе баҳсу баррасӣ кардани Николай Бордюжа бо мақомоти Тоҷикистон чандон рӯшан нест.

Аммо дар варақаи иттилоъотии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфта шудааст, ки ҳадаф аз сафари оқои Бордюжа огоҳсозии мақомоти Тоҷикистон аз ҷараёни татбиқи натиҷаи кори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2007 дар шаҳри Душанбе аст. Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой моҳи октябри соли гузашта як ёддошти тафоҳум дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноёти созмонёфта имзо карда буданд.

Коршиносон ин иқдомро гоме дар ҷиҳати таъсиси як созмони сиёсӣ ва низомии ҳамоварди НАТО арзёбӣ мекунанд, ҳарчанд мақомоти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ин иддаъоро радд кардаанд. Аз ин рӯ, ба бовари коршиносон таваҷҷӯҳи бештар дар дидори тозаи Бордюжа ва раҳбарияти Тоҷикистон руи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ дар чаҳорчӯби ин созмон хоҳад буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар дидори Бордюжа бо Раҳмон мавзӯъи кӯмаки ин созмон ба Тоҷикистон дар робита ба сардиҳои зимистони қаҳратун ва мушкили пешомада баҳсу баррасӣ шавад.

Бо ин ҳама, манобеъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, интизор меравад рӯзи шонздаҳуми апрел дар маркази Душанбе нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ барпо ва дар кори он Николай Бордюжа ширкат кунад.