Хабаргузории «Авасто» ба ин феҳраст номи 100 фарди сарватманди Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он президент, вазирон, намояндагони мардумӣ ва шаҳрдорону мухолифини пешин шомиланд. «Авасто» менависад, дар кишварҳои гуногун тавассути рейтинг номи садҳо сарватманди намоён ва ё шахсиятҳои маъруф ошкор мешавад. Ва ин баҳодиҳӣ дар заминаи варақаи андозсупорӣ ё бо пешниҳоди худи сиёсатмадорон, мақомдорони расмӣ, тоҷирон, ситораҳои синамо ва мусиқӣ ва ҳамчунин бар асоси хабарҳои матбуот анҷом мегиранд.
Таври маълум, дар Тоҷикистон ба даст овардани ин гуна санадҳо тақрибан ғайриимкон аст ва аз ин сабаб мегӯяд «Авасто», сарватмандони Тоҷикистонро бо назардошти шеваи зиндагиву рафтор ва обрӯву эътиборашон муайян кардааст. «Авасто» менависад, ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус, мансабдорон дар мавриди баёни дорои шахсӣ аз матбуот худро канор мегиранд. Мансабдорони Тоҷикистон дороии худро ошкор намекунанд ва мегӯянд, ки онҳо маъоши маъмулии давлатро дарёфт менамоянду тамом. Маъоше, ки ҳудудан 200 доллари амрикоист ва он дар пойтахти кишвар танҳо барои чанд рӯз барои як хонавода басандагӣ мекунаду халос.
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотии соли 2007 ба суоли хабарнигорон, ки дар атрофи бинои додситонӣ мошинҳои хориҷии гаронбаҳо меистанд ва оё бо ҳақмузди онҳо чунин мошинҳоро харидорӣ кардан имкон дорад, гуфта буд: «кормандони додситонӣ наздиконе доранд, ки дар Русия кору тиҷорат мекунанд ва ин мошинҳо ба кормандони додситонӣ мутааллиқ нест».
Вазирону раъисони дигар низ гоҳу бегоҳ дар расонаҳои маҳаллӣ чунин баромад мекунанд ва мегӯянд, ки мисли ҳамаи коргарон маъош мегиранд ва маъошашон барои сохтмони хонаи боҳашамат ва ё харидории мошинҳои хориҷӣ намерасад. Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва раҳбари Донишкадаи роҳи Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишваре, ки андоз барои соҳибкорӣ ва тиҷорат гарон аст, ҷамъоварии сарват кори саҳл нест. Вай мегӯяд, бойигарии Тоҷикистон аксаран дар дасти мақомдорон аст ва онҳо бо истифода аз мақомашон метавонанд тиҷорати худро пеш баранд ва сарвати худро афзун гардонанд. Вагарна, шаҳрвандони одии кишвар дар пешбурди тиҷорат бо мушкили зиёде рӯбарӯ мешаванд.
Хабаргузории «Авасто» менависад, мансабдорон барои он ба гурӯҳи сарватмандони Тоҷикистон шомил шудаанд, ки метавонанд наздикони худро бо ҷойҳои кории муносиб ва сердаромад таъмин кунанд. Ба ин қатор, номи 22 мансабдори тоҷик, аз зумраи президент, раисони вилоятҳо, сарвазир, муовинони сравазир, шаҳрдори Душанбе ва намояндагони порлумон шомил шудаанд.
Аммо Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Русия ва собиқ вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, зоҳиран чунин менамояд, ки оилаҳои сафирон ва вазирону намояндагони мардумӣ хубу хуш мегузарад. Дар асл онҳо низ мисли дигар қишрҳои ҷомеъаи Тоҷикистон зиндагӣ доранд ва пешорӯяшон даҳҳо мушкил. Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, вакили Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва ҳам яке аз онҳое, ки ба унвони доротарин фарди кишвар унвон шудааст, мегӯяд, ҳамасола ҳудуди 500 - 600 ҳазор сомонӣ манфиат мебардорад. Вай мегӯяд, сарвату дороии худро аз мақомот ва матбуот пинҳон намекунад ва ин сарваташ ҳам иборат аз як корхонаи пахта будааст.
«Авасто» менависад, ба қатори сарвтамандони Тоҷикистон собиқ фармондеҳони мухолифини пешин ҳам дохиланд. Ҳарчанд бештари онҳо ҳоло зиндонӣ ҳастанд ва ё фаъолияти худро дигар карда ба тиҷорат иштиғол меварзанд. Дар ин қатор номи Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раҳбари Тоҷикгаз ва Ғаффор Мирзоев, раъиси оҷонси мубориза бо маводди мухадирро дидан мумкин аст.
Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи «Чароғи рӯз», мегӯяд, ҳарчанд аз Тоҷикистон ба унвони як кишвари фақрзада ном мебаранд, аммо мансабдорони он шурӯъ аз раиси ҷумҳур сарватманданд. Оқои Атовулло мегӯяд: «Дар кишвар намегузоранд, ки одамони сарватманд аз маҳалли дигар пайдо шаванд. Зеро ҳукумати Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки агар дар кишвар одамони сарватманд зуҳур кунанд, зеро онҳо метавонанд ба ҳизбҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯмак намоянд ва даъвои ҳукумат кунанд. Ин фалсафаи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст».
«Авасто» ҳамчунин рӯйихати сарватмандҳои соҳибкор ва ситораҳои мусиқии тоҷикро овардааст. Аммо баръакси рейтингҳои дигар, ки овозхонҳо мақоми бештар доранд, дар ин рейтинг мақоми онҳо хеле кӯчак аст. Ва он ҳам бо шумули се нафар - Далер Назар, Сироҷиддини Фозил ва Шабнами Сурайё. Шабнами Сурайё ягона зани тоҷик аст, ки дар ин рӯйихати сарватмантарин афроди Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназрова, раъиси Созмони ғайриҳукуматии «Дурнамо плюс» ин баёнгари он аст, ки дар мақомҳои калидии Тоҷикистон занони тоҷик ҳузур надоранд ва ин имкон намедиҳад, ки онҳо низ сарватмандбошанд.
Бо ин ҳама, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари фақрзада ва ниёзманд боқӣ мемонад ва дар ҳар лаҳзаи душворӣ ба кӯмаки кишварҳо ва созмонҳои ёрирасон дасти ниёз дароз мекунад.