Ҷамшед Норинов, муъовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи бештар аз 100 миллион доллари амрикоӣ афзоиш пайдо кард ва қисмати бештари ин қарзҳо ба тарҳи сохтмонии роҳи «Чанак-Душанбе» ва хатҳои баландшиддати «Шимолу Ҷануб» сарф шудааст. Вай афзуд, «соли 2000 қарзи берунии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) бештар аз 100 дарсадро ташкил медод. Баъд аз ин, дар моҳи январи соли 2008 қарзи берунии кишвар ба 1 миллиарду 100 миллион доллар расид, ки нисбат ба ММД 27 дарсад аст. Албатта, аз ҳисоби азхуд намудани маболиғе, ки «Эксимбонк»-и давлати Чин ба мо дод, қарз зиёд шудааст. Ба ҳар ҳол, мӯҳлати баргардонии қарзҳо риъоят мешавад».
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми умумии вомҳои хориҷии Тоҷикистон ба 27 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) барорар аст. Ва дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз буҷа барои бозгардонии қарзҳои берунӣ давлат ба маблағи бештар аз 17 миллион доллар ихтисос шудааст. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои байнулмилалии молӣ мегӯянд, мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳадди лозима берун рафта ва боъис ба ташвиши сармоягузорони аслии иқтисоди ин кишвар шудааст.
Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари шинохтаи тоҷик, мегӯяд, қарзҳои берунии кишвар ба ҳадди охирини худ наздик мешаванд ва баъд аз ин созмонҳои молӣ дар мавриди додани қарз ба ҳукумати Тоҷикистон эҳтиёткор хоҳанд буд. Вай меафзояд, ҳадди ниҳоии гирифтани қарз барои ҳар кишвар набояд аз 60 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии он боло бошад. Ва масъалаи муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки Тоҷикистон бояд мизони вуруди қарзи хориҷии худро марҳила ба марҳила камтар кунад, зеро қарзи ҳангуфт суръати рушди иқтисоди кишварро кунд ва иҷрои тарҳҳои энержӣ, роҳсозӣ ва саноати сабукро печидатар мекунад.
Тоҳири Абдуҷаббор гуфт, «қарзи хориҷие, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, зиёд аст ва аз ин зиёд гирифтани қарз чандон ҷоиз нест. Бозгардонии ин қарзҳо ба дӯши мардуми Тоҷикистон аст. Албатта, ин қарзҳоро ҳоло мешавад ғайриоқилона низ истифода кард, вале мардуми Тоҷикистон имрӯз не, фардо ин қарзҳоро бояд бипардозад. Аз ин ҷойи гурез нест».
Дар ҳамин ҳол, Сандуқи байналмилалии пул пешбинӣ мекунад, ки вомҳои берунии Тоҷикистон то соли 2009 то 56 дарсад афзун мешавад ва дар он ҳол кишвар бо хатарҳои макроиқтисодӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба давлати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки ҳарчи зудтар ҳадди ниҳоии дарёфти қарзи хориҷиро муқаррар ва таносуби муайяни он бо маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро таъмин намояд.