Талоши ислоҳи қонуни интихобот

Ба дунболи таъсиси гурӯҳи вижаи корӣ дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қонуни интихоботи маҷлиси олии Тоҷикистон» пешниҳодоти аҳзоби сиёсии кишвар барои баррасӣ ба ин гӯрӯҳ идома дорад. Феълан аксари аҳзоби сиёсии кишвар пешноҳоди худ ба бандҳои мухталифи ин қонунро таҳия карда ва ба сурати катбӣ ба ин гурӯҳ пешниҳод мекунанд ва қарор аст дар ҷаласаҳои минбаъдаи ин гурӯҳи корӣ, ки ҳар ҳафта дар рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд, ба таҳлилу баррасӣ гирифта шаванд.

Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки қонуни феълии интихобот ба Маҷлиси Олии кишвар ниёз ба тағйирот ва иловаҳо дорад ва меафзоянд, дар сурати пазируфта шудани нукоти қобили қабули аҳзоб аз сӯи парлумон қонуни мазкур ба баргузории интихоботи шафоф ва демократӣ мусоидат хоҳад кард. Пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ аслан ба бандҳое аз ин қонун аст, ба назари аҳзоб дар таъсиси кумисюнҳои интихоботӣ бо шумули Кумисюни марказии интихобот, пешниҳоди номзадҳои аҳзоб ва ширкати намояндагони аҳзоб дар ҳавзаҳои интихобот иртибот мегирад. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби Сотсиал - демократи Тоҷикистон мегӯяд, як пешниҳоди ин ҳизба таҳияи қонуни вижа дара мавриди Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳамчунин афзуд, ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамзамон дар мавриди маблағи гарави номзадҳо дар интихобот, касбияти кумиссиюни марказии интихобот ва мӯҳлати баррасии арзу шикоятҳо чанд пешниҳод дорад.

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, Кумиссиюни интихобтӣ бар ин аст, ки дар қонуни интихобот ҳадди ниҳоии имзоҳоии тақаллубӣ то 15 ва маблағи гарави интихоботӣ чун як рақами дақиқ муқарар шавад.

Дар ҳамин ҳол Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба номзадҳои зан аз аҳзоби мухталиф дар интихобот квота ҷудо карда ва барои дарёфи ҳар як овоз ба аҳзоби сиёсӣ маблағи муайян пардохта шавад.

Ва Ҳизби демократи аз сӯи вазорати адлия эътирофшудаи Масъуд Собиров бар изофаи чанд пешниҳод, ҳамчунин хостори он аст, ки дар қонуни интихобот ба маҷлиси олӣ ба нозирони аҳзоби сиёсӣ ҳаққи гузоштани имзо дар санади натоиҷи баршумурдани овозҳо дода шавад.

Ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бастаи пешниҳодоти худ дар мавриди тағйру иловаҳо ба қонуни интихоботро таҳия кардааст ва мегӯянд ин пешниҳодот дар ҷаласи навбатии гӯруҳи корӣ муаррифӣ карда хоҳад шуд.

Қарор аст, баррасии ин пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ ва коршинсон дар мавриди тағйру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олиӣ тӯли бештар аз як моҳ идома карда ва то шурӯъи кори порлумон дар моҳи октябр як тарҳи мушаххаси тағйиру иловаҳо омода гардида ва барои баррасӣ ба ин мақоми олии қонунгузори кишвар ироъа гардад.