Вай тайи як нишасти матбуотӣ ба ҳангоми ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар посух ба суол дар бораи он, ки оё дар ҳамойиши сарони кишварҳои Созмон масъалаи тавсеъа, минҷумла узви вобастаи созмон шудани Эрон баррасӣ хоҳад шуд ё не, гуфт, «Эрон мақоми узви вобастаи созмонро нахоҳад дошт, ба он хотир ки ҳамчунин мақом дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нест. Мақоми нозирӣ ҳаст ва Эрон ин мақомро дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дорад».
Ва дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди он, ки Тоҷикистон ҷонибдориашро аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой рӯйрост баён кардааст ва оё кишварҳои дигари узв Эронро ҷонибдорӣ мекунанд ё ба он мухолифат доранд, оқои Лавров қабл аз ҳама гуфт, дар ин бора мавқеъи ҳама кишварҳо муайян шудааст. Вай афзуд, «мо ба тавофуқ расидаем, ки тамоми тадобири амалӣ гирифта хоҳанд шуд, то бидуни истисно ҳама кишварҳои нозир тавонанд дар кулли фаъолиятҳо, пружаҳо ва ҷаласаҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки онҳо таваҷҷӯҳ доранд, ширкат кунанд. Ҳарфи ниҳоӣ аз сарони кишварҳост. Умедворам, ки ин пешниҳоди моро онҳо баррасӣ мекунанд ва мо ба ин самт гом хоҳем ниҳод».
Ян Сзеги, вазири хориҷаи Чин, муъовинони аввали вазирони хориҷаи Қазоқистон ва Узбакистон – Нурлан Эрмекбаев ва Илҳом Неъматов дар ин маврид изҳори назар накарданд.
Дар ҳамин ҳол Аднон Қаробоев, вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон, дар посухи ин суол гуфт, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони ҷавон аст ва дар марҳалаи худшиносиву муаррифии худ мебошад. Вай афзуд, «дар чунин шароит, ки созмон ин марҳаларо аз сар мегузаронад, шитоб кардан сари афзоиши аъзои созмон лозим дониста намешавад. Аммо аз дигар сӯ, кашол додани ин масъала ҳам ҳазинаҳои муайяне дар пай хоҳад дошт. Аз ин хотир, имрӯз бештар аз ҷалби фаъолонаи кишварҳои нозир ба пружаҳои мушаххас сухан меравад. Ва дар дурнамо мо вобаста ба омодагиамон рӯйи меъёрҳои ҷалби аъзо, институти узвият ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой кор хоҳем кард».
Ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар минтақаи Пуғуси ноҳияи Варзоб сурат гирифт. Дар он вазирони корҳои хориҷаи Чину Русия, Қирғизистону Тоҷикистон ва муъовинони аввали вазирони хориҷаи Узбакистону Қазоқистон ширкат доштанд.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои Тоҷикистон ва райисикунандаи ҷаласа, ба ҳангоми қироати иттилоияи он гуфт, ҷонибҳо асноди ҳамоиши сарони кившарҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро, ки 28-уми моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, таҳия намуданд. Вай афзуд, ба мақомоти доимо амалкунандаи созмон дастур дода шуд, ки бо Анҷумани кишварҳои Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ (АСЕАН), Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Иттиҳоди Авруосиё, Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва созмони иқтисодии СММ ва ғайраҳо ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Вай афзуд, «таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи Афғонистон ва таҳдидҳое, ки аз ин кишвар бармеоянд, зоҳир шуд. Ин аҳдоф мебояд тариқи Гурӯҳи Тамоси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва дигар василаҳо бароварда шаванд. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳамдастӣ бо СММ ва дигар созмонҳои зидахли байнулмилалӣ ҷиҳати таҳкими амният ва эҳёи иқтисодии Афғонистон кӯшиш хоҳанд кард».
Оқои Зарифӣ афзуд, Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷиҳати рӯйи кор овардани низоми роҳандозии муколама, равобит бо давлатҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ, ки ба кори Созмон таваҷҷӯҳ доранд, ба тавофуқ расидаанд. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой 61 дарсади Авруосиё ва чоряки аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Аз лиҳози иқтисодӣ баъд аз Амрико кишвари Чин дорои бузургтарин иқтисоди дунёст.
Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 2001 бо ширкати кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ташкил ёфтааст. То ин дам созмони Панҷгонаи Шанхай унвон мешуд, ва баъд аз узвияти Узбакистон Созмони ҳамкориҳои Шанхай ном гирифт. Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон кишварҳои нозири созмон маҳсуб мешаванд.
Кишвари Эрон моҳи марти соли равон расман аз раҳбарияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дархости узвият карда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифати ин кишвар бо Амрико ва Аврупо рӯйи барномаи ҳастаиш рӯз то рӯз шиддат мегирад ва, ба қавли коршиносон, Русияву Чин – кишварҳои умдаи ин созмон аз ин хотир дар қабули узвияти Эрон истиҳола мекунанд. Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҷонибдории хешро аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой эълом доштааст.