Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз бадтар шудани мурооти озодиҳои мазҳабӣ дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон ибрози нигаронӣ кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико зимни муаррифии гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ гуфтааст, озодиҳои динӣ аз тарафи режимҳои худкома, таҳти хатар мондааст.
Хонум Клинтон афзуд: "Озодиҳои мазҳабӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротгаро таҳти хатар қарор гирифтааст, ки хушунатҳои мазҳабиро ба нафъи худ истифода мекунанд ва доман мезананд. Озодиҳои мазҳабӣ бинобар таҳаммулнопазирии мудавом ва беэътимодӣ , таҳти хатар қарор гирифтааст, ки аққалиятҳои мазҳабиро осебпазир ва танҳову нотавон мекунанд."
Дар гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ, ки ҳар сол вазорати умури хориҷаи Амрико нашр мекунанд, имсол низ Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Эрону Чин, Судон, Эритрея, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбакистон интиқод шудаанд. Давлати Амрико мегӯяд, ин кишварҳо ба озодиҳои мазҳабӣ эҳтиром намегузоранд ва ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабиро нақз мекунанд.
Адами мурооти озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон
Бо арзёбӣ аз вазъи Тоҷикистон, муаллифони гузориш гуфтаанд, озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар ба таври муносиб муроот намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоюл ба гурӯҳҳои мазҳабӣ, ки ба эътиқоди ҳукумат ба назми мавҷуди ҷомеа таҳдид мекунанд, ибрози нигаронӣ мекунад. Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки Қонун доир ба озодиҳои динӣ, ки соли 2009 дар Тоҷикистон қабул шуд, ҷараёни боз кардани муассисаҳои динӣ, аз ҷумла ибодатгоҳҳо ва мадрасаҳои диниро таҳти назорати шадид қарор додааст.
Вазорати умури хориҷаи Амрико аз манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳу муассисаҳои давлатӣ ёдовар шуда ва гуфтааст, ҳукумат чанд гурӯҳи мазҳабиро “ифротӣ” дониста ва онҳоро мамнӯъ эълом кардааст. Аз ҷумла мамнӯъ шудании ҷараёни Салафия, Ҷамоати таблиғ ва гурӯҳи масеҳии Шоҳидони Яҳуво дар ин гузориш зикр шудаанд. Соли 2010 додгоҳҳои Тоҷикистон 59 нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҷамоати Таблиғ зиндонӣ карда ва 33 тани дигарро ҷарима бастааст.
Ҷомеаи Тоҷикистон мазҳабитар мешавад
Дар гузориши вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2010 ҳамчунин омадааст, ки дар Тоҷикистон, ки аксарияти мардумаш мусулмонанд, ба истиснои пайравони гурӯҳи масеҳии Шоҳидони Яҳуво, пайравони мазҳабҳои дигар бемушкил ибодат мекунанд. Агарчӣ ба гуфтаи муаллифони гузориш, нишонаҳое будаанд, ки баъзе аз мақомоти расмии Тоҷикистон аз додани санадҳои лозимӣ ба гурӯҳҳои мазҳабии ғайриисломӣ сарпечӣ кардаанд. Кумитаи дини тобеъи ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳалли ин мушкил бо созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ кор мекунад.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар замони таҳияи гузориш, ки аз моҳи июли соли 2009 то моҳи июли соли 2010-ро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон ягон мавриди хусумат ва ё муноқиша миёни гурӯҳҳои мазҳабӣ мушоҳида нашудааст, вале зоҳиран теъдоди мазҳабиёни муҳофизакор дар кишвар бештар мешавад ва таваҷҷӯҳи мардум бахусус ҷавонон ҳам ба мазҳаб афзудааст .