Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълон кард, ки кишвар дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 дар Пҳёнчҳони Куриёи Ҷанубӣ иштирок нахоҳад кард.
Варзишгари русиягӣ Андрей Дригин, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекунад, се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.
Мақомоти Кумита рӯзи 26-уми январ дар вебсайти расмии худ гуфтанд, тими лижаронии кӯҳии Тоҷикистон имтиёзи зарурӣ ё роҳхат барои иштирок дар олимпиадаро ба даст наовардааст. Ин тим аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис шуда буд.
“Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекард, вале ба иллати номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар Покистон, Ҳиндустон ва Эрон баргузор нашуд, ки ин боис ба имтиёзи зарурӣ ба даст наовардани варзишгарони тоҷик гардид”, - таъкид шудааст дар вебсайти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба ин тартиб, ягон нафар аз Тоҷикистон натавонистааст, ки меъёрҳои олимпиро ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ иҷро намояд.
Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки аз 9 то 25-уми феврали имсол дар шаҳри Пҳёнчҳони Куриёи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, ширкати беш аз 2500 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Ба барномаи Бозиҳо 15 намуд дохил аст: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях бо конки, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, шорт-трек.
Бояд тазаккур дод, намояндагони Тоҷикистон аз соли 2002 дар чаҳор Олимпиадаи зимистона ширкат варзидаанд. Варзишгари русиягӣ Андрей Дригин, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекунад, се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст. Вай соли 2002 дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар супергигант иштирок дошт, вале ба марра нарасид.
Дригин соли 2006 дар Олимпиадаи Турини Италия дар се навъи рақобатҳо ширкат кард, ки натиҷаҳои нишондодааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.
Андрей Дригин, ки соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада дар се навъи рақобатҳо иштирок дошт, чунин натиҷаҳо нишон дод: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки соли 2014 дар Сочии Русия баргузор шуданд, Тоҷикистонро Алишер Қудратов намояндагӣ кард. Вале ӯ дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом ба марра нарасид ва аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум шуд.
Дар ҳоле ки варзишгарони тоҷик аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи навбатии зимистона бенасиб монданд, варзишгарони маълули тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки аз 9-ум то 18-уми марти соли равон дар Пҳёнчҳони Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, мубориза мебаранд.
Ба иттилои Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол ду варзишгари маълули тоҷик, ки дар Олмон ва Чин тамрин мекунанд, рӯзҳои наздик барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Паралимпиадаи зимистона сафарбар мешаванд.