Сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон истеъфо дод

Ҳаким Фузайлов.

Сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъди бохт дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора сомонаи расмии Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ҳаким Фузайлов: "Узр мепурсам"

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳҳои январ - феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, ҳамагӣ 24 дастаи мунтахаб ширкат меварзад.

"Қабл аз ҳама, ман мехостам аз ҳамаи мухлисони мунтахаби Тоҷикистон, ки дастаро дар тамоми ҷараёни мусобиқаи интихобӣ дастгирӣ намуданд, узр пурсам. Мутаассифона, натиҷа ғайриқаноатбахш аст. Мо натавонистем, ки ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёбем. Ман тамоми масъулиятро барои натиҷаи манфӣ ба зиммаи худ мегирам ва аз вазифаам истеъфо медиҳам", - изҳор кардааст Ҳаким Фузайлов баъди бозӣ бо мунтахаби Филиппин.

Сармураббӣ аз раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои кор ва омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 изҳори сипос намуда, гуфтааст, "дар он замоне ки ман сарвари дастаи мунтахаб будам, ҳамаи шартҳо -- ҷамъомадҳои хориҷӣ, бозиҳои дӯстона – иҷро шуданд. Ҳама ба дараҷаи олӣ буд. Ташаккур барои ҳамкорӣ бо ФФТ ва бори дигар аз ҳамаи мухлисон маъзарат мехоҳам, ки интизории онҳоро ба ҷо оварда натавонистам. Хеле мутаассифам, ки ман вазифаи гузошташударо иҷро карда натавонистам."

Ҳаким Фузайлов дар идома гуфтааст, "аз аҳли ҷомеа хоҳиш дорам таваҷҷуҳро ба бозигарон сахт равона накунанд, барои хатоҳо сармураббиро сарзаниш намоянд. Чунин меҳисобам, ки мунтахаби Тоҷикистон барои ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё баромадан арзанда буд, вале ин тавр нашуд, ба мо як ғалаба нарасид. Ба мунтахаби Тоҷикистон дар сикли оянда комёбиҳо орзу мекунам. Ба раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон низ, ки барои рушди футбол дар кишвар хеле корҳои зиёд мекунад, муваффақиятҳо орзумандам."

Бозии ҳалкунанда барои Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, бозии ҳалкунандаи даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 27-уми март, дар шаҳри Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Ризал, баргузор шуд. Бояд гуфт, ки барои ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтан дар ин бозӣ мизбононро натиҷаи мусовӣ ва меҳмононро танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекард.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон капитани меҳмонон Нуриддин Давроновро дар ҷаримагоҳи худ зада, аз по афтонданд. Сардовар Ҷарред Ҷиллетт аз Австралия ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳимоятгар Аҳтам Назаров дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.

Баъди даҳ дақиқа мизбонон ҳисобро баробар карданд. Голи ҷавобиро Кевин Ингресо бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯри дарвоза зад. Дар замони изофии таъиннамудаи сардовар ҳангоми ҳуҷуми мизбонон Аҳтам Назаров дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро вайрон кард. Голи дувум ва ҳалкунандаро Филипп Ҷеймс Янгҳазбанд дар дақиқаи 90+1 аз пеналтӣ ба нишон расонд.

Ҷанҷол дар майдон

Вале як дақиқа қабл аз анҷоми замони изофии дидор (90+4) ҳодисае рух дод, ки табъи тамошогаронро хира намуд. Футболбозони ҳарду даста дар майдон занозанӣ карданд. Сардовар ду ташаббускори ин ҳодисаи нохуш - Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”) ва Деннис Вилянуэва (Филиппин)-ро бо нишон додани корти сурх аз майдон хориҷ намуд.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин панҷ легионер бозӣ кард: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов(«Балтика», Русия), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия).

Дар бозии охирини мусобиқаи гурӯҳи “F” 27-уми март тими миллии Яман дар майдони худ мунтахаби Непалро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии Осиё-2019 маҳрум шуд

Ба ин тартиб, мунтахаби Филиппин, ки яке аз куҳансолтарин дастаҳои мунтахаби Осиё ба шумор меравад (соли 1907 таъсис ёфтааст), бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Яман бо 10 имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Ҳарду даста – Филиппин ва Яман - барои аввалин бор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифтанд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 7 имтиёз ҷойи севум ва тими Непал, ки бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 маҳрум гаштанд. Зимнан, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар таърихи худ ягон бор ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохт. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Сипас дастаи Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Дар даври чаҳорум бошад, футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Бозии даври панҷуми мусобиқот дар ҳамин варзишгоҳ бо тими Яман бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии охиринашон дар меҳмонӣ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Аҳтам Назаров, 64 – аз пеналтӣ (0:1). Кевин Ингресо, 74 (1:1). Филипп Ҷеймс Янгҳазбанд, 90+1 (2:1).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев, Амирбек Ҷӯрабоев (Ромиш Ҷалилов, 79), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

Аз майдон хориҷ шуданд: Деннис Вилянуэва (Филиппин), Фатҳулло Фатҳуллоев (Тоҷикистон), 90+4.

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

27-уми март. Манила. Варзишгоҳи ба номи Хосе Ризал. 4671 тамошогар.

ЯМАН – НЕПАЛ 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

6

3

3

0

13-8

12

2

Яман

6

2

4

0

7-5

10

3

Тоҷикистон

6

2

1

3

10-9

7

4

Непал

6

0

2

4

3-11

2

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳҳои январ - феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, ҳамагӣ 24 дастаи мунтахаб ширкат меварзад. Инҳо тимҳои миллии кишварҳои зерин мебошанд, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтаанд: Имороти Муттаҳидаи Араб (мизбони мусобиқа), Баҳрайн, Ветнам, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Австралия, Узбекистон, Эрон, Сурия, Ироқ, Чин, Фаластин, Умон, Урдун, Ҳиндустон, Лубнон, Туркманистон, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ, Филиппин, Яман.

ШАРҲИ ҲОЛИ ҲАКИМ ФУЗАЙЛОВ:

Ҳаким Фузайлов моҳи апрели соли 2016 сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шуда буд. Ӯ, ки аз моҳи январи соли 2016 дар Федератсиони футболи Тоҷикистон дар мақоми муовини раиси департаменти фаннӣ кор мекард, дар вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашевро иваз намуд. Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб – 30-юми марти соли 2016 ҳамроҳ бо ёваронаш Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифаашон барканор шуда буданд. ​

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст. Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба тими “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин тим аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба тими “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси тими миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи мунтахаби Узбакистон дар соли 1996 гол задааст. Дар он бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тими Тоҷикистон дастаи Узбакистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд. Ҳаким Фузайлов дар он бозӣ капитани мунтахаби Тоҷикистон буд.

Ҳаким Фузайлов баъди анҷоми бозӣ ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта тимҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва соли 2012 “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “ПомирРашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.