Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи аксари низомҳои пардохтӣ ё терминалҳоро бозхонд карда, аз онҳо талаб кардааст, ки ҳамчун муассисаи бонкӣ сабти ном шаванд. Мақомот мегӯянд, мехоҳанд бо ин роҳ бозори пардохти терминалҳоро ба танзим оранд. Бозоре, ки дар як соли ахир дучори чолишҳои бузурге шуд ва боис ба сарсонии аҳолӣ гардид.
Аз кор мондани терминаҳои пардохтӣ дар соли гузашта, барои сокинон мушкилоти зиёд эҷод карда буд. Аксари сокинон барои пардохти маблағи телефон маҷбур шуданд дубора ба дари ширкатҳо сар зананд.
Дархости Бонки миллӣ охири ҳафтаи гузашта ба моликони терминалҳо ирсол шудааст. Як манбаъ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, моликони терминалҳо то 6-уми март мӯҳлат доранд дубора ҳамчун зертобеи ташкилотҳои қарзӣ сабти ном шаванд. Дар акси ҳол, иҷозатномаҳояшон ба таври автоматӣ бекор шуда, онҳо аз ҳаққи қабули маблағи муштариён маҳрум хоҳанд шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоле иҷозатномаи моликони терминалҳоро бозхонд мекунад, ки бархе аз ширкатҳои мобилӣ аз муштариёнашон хостаанд дар вақти пардохти маблағ тариқи терминалҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз ҷумла ширкати "Вавилон" бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки ҳоло танҳо аз се ширкати пардохтӣ, маблағи муштариёнро қабул мекунад. Масъулини ин ширкат гуфтаанд, ки муштариён бояд маблағҳои худро тариқи ташкилотҳои "Пайванд", "Эмон", "Пардохт ТҶ" гузаронанд. Ширкати “Вавилон” низ дар иттилоияаш ширкатҳои пардохтиро ҳамчун "агентҳои пардохтии бонкӣ" ном бурдааст.
“Аз навбатпоии зиёд моро халос карданд”
Хабари дубора ба маҳдудият дучор шудани кори терминалҳо пеш аз ҳама сокинони оддиро нигарон кардааст, ки мегӯянд давоми чанд соли ахир ин терминалҳо мушкили пардохти маблағро то ҷое осон карданд. Феълан тавасути терминалҳо сокинон ба ҳисоби телефони худ пул мегузаронанд, маблағи барқу об, хадамоти коммуналӣ, ҷарима ва ҳаққи телевизионҳои кабелиро мепардозанд.
Шамсиддин Ҳусейнов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, мавҷудияти кори терминалҳо ӯро аз навбатпойи зиёд дар назди бонк халос кард. Ин сокини Душанбе мегӯяд, давоми қариб ду соли ахир ба ғайр аз ҳаққи телефон боз маблағи барқ, партов ва хадамоти комуналиро тариқи терминалҳо мепардозад.
Шамсиддин Ҳусейнов гуфт, "аз навбат истодан дар назди бонк терминал хубтар аст, ки бидуни навбат маблағро месупоред. Ё инки барои пардохти ҳаққи телефон мо маҷбурем ба худи ширкат равем, ки ҳам вақт ва ҳам роҳкиро сарф мешавад."
Бо инки сокинон мегӯянд, терминалҳо корашонро осон кардааст, аммо на ҳам ҳамсӯҳбатони мо аз кори онҳо розӣ ҳастанд. Бахусус сокинон мегӯянд, дар аксари терминалҳо барои маблағи пардохтшуда расид ё "квитансия" дода намешавад. Дар ҳолати зарур будани "расид" сокинон мегӯянд, маҷбуранд дубора ба дафтари марказии ин терминалҳо муроҷиат кунанд. Инчунин ба қавли сокинон, аксари терминалҳо то ҳол аз маблағи мегузарондаи онҳо фоиз ё ҳаққи хизмат меситонанд. Ҳарчанд қаблан мақомот, гирифтани фоизро манъ карда буданд.
"Хадамотҳои нав барои сокинон пешниҳод мешавад"
Дар ҳамин ҳол моликони терминалҳо мегӯянд, мактуби Бонки миллиро дарёфт карда, дар пайи ҳалли масъала мебошанд. Аз ҷумла Бадриддин Қаноатов, як масъули ширкати "Пайванд" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Бонки миллӣ дар мактубаш гуфтааст, терминалҳои пардохтӣ бар асоси қонун дар бораи низоми пардохтӣ бояд бо ташкилотҳои қарзӣ шартнома банданд.
"Мо бояд дар муддати як сол мегузаштем. Рӯзи ҷумъа мактуб омад ва мо аллакай бо ташкилоти қарзии хурди зудамал, шартнома бастем. Аз рӯзи душанбе аллакай ба воситаи ин ташкилот кор мекунем",-гуфт Бадриддин Қаноатов. Ин масъули ширкати "Пайванд" мегӯяд, бар асоси дастури Бонки миллӣ, ҳамаи ташкилотҳои пардохтӣ "бояд ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ сабти ном шаванд."
Масъулини ширкатҳои пардохтӣ мегӯянд, бо гирифтани иҷозатномаи Бонки миллӣ дар терминалҳо хизматрасониҳои нав барои сокинон ҷорӣ хоҳад шуд. Азиз Закариёев, раиси ширкати пардохтҳои электронии “Киви-пардохт” рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар моҳҳои наздик барои аҳолии Тоҷикистон се имконияти тоза пайдо хоҳад шуд. Аз ҷумла ба қавли вай, сокинон имкон пайдо хоҳанд кард тавассути терминалҳо қарзҳои бонкиро супурда, маблағи даркориро интиқол диҳанд ва суратҳисобҳои бонкиро пур кунанд.
Ин масъули ширкати “Киви-пардохт” афзуд, бо зери назорати бонкҳо гузаштани кори терминалҳо, бонкҳо низ барои кори ин терминалҳо ҷавобгар хоҳанд шуд. Ба қавли ҷаноби Закариёев, барои ҳуқуқвайронкуниҳое, ки аз ҷониби агентҳои пардохтӣ сурат мегирад бонкҳо низ ҷавоб мегӯянд ва мумкин ҷаримаҳои калон шаванд.
"Мубориза барои бозор ё танзими кори терминалҳо?"
Бебандуборӣ дар бозори пардохти мобилии Тоҷикистон як соли ахир аст, ки давом дорад. Дар баҳори соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хидмат аз муштариён, манъ кард.
Аммо коршиносон мегӯянд, дар ду соли ахир кори терминалҳо аз тиҷоратҳои даромадноке буд,ки барои ширкатҳо даромади хуб меовард. Ин аст, ки ба қавли таҳлилгарон, теъдоди терминалҳо дар кӯчаву бозорҳо ба таври бесобиқа зиёд шуд ва то як соли пеш дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор терминал маблағҳои сокинонро қабул мекарданд.
Ҷумъа Ҳайдаров, ки таҷрибаи беш аз даҳ соли кор дар ширкатҳои мухобиротиро дорад, мегӯяд, бозори кори терминалҳо баъд аз бозори дилерҳо аз тиҷоратҳои даромадноке буд, ки рушд кард. Аммо ба қавли ҷаноби Ҳайдаров, “ин ҳам мисли ҳамон дилерҳо аст ва бо азхуд кардани бозор ба анҷом мерасад.”
Ба қавли ин коршиноси тоҷик, ба зери қаноти бонкҳо гузаштани кори терминалҳо мунҷар ба муфлис шудан ва аз бозор берун шудан чандин ширкатҳои пардохтӣ хоҳад шуд. Зеро ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "акнун соҳибони терминалҳо на камтар аз нисфи даромадашонро ба бонкҳо медиҳанд. Яъне нисфи нонашонро аз даст медиҳанд."
Таҳлилгарон мегӯянд, мақомот ва ширкатҳои пардохтӣ то ҳол натавонистанд бар сари як тартиби муайян ба мувофиқа расанд. Аз ҷумла ба қавли коршиносон, ҳарчанд гирифтани фоиз аз маблағи муштариён манъ аст, аммо имрӯз аксари терминалҳо аз пардохти аҳолӣ ҳаққи худро меситонанд.
Дар ҳамин ҳол моликони терминалҳо мегӯянд, ба Ҳукумати Тоҷикистон мактуби дастаҷамъона ирсол кардаанд, то барои гирифтани фоиз аз маблағи муштариён ба онҳо иҷоза бидиҳанд. Масъулини ширкатҳои пардохтӣ мегӯянд, дар якуним соли ахир ҳаҷми мукофотпулии худро зиёд накардаанд. Моликони терминалҳо мегӯянд, агар Ҳукумат тасмими худ дар бораи нагирифтани фоизро бозбинӣ накунад, кори онҳо бо муфлисӣ анҷом хоҳад ёфт.