Мусовӣ бо Яман роҳёбии Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиёро душвор кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври панҷуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Яман бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Ин бозӣ шоми имрӯз, 14-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба поён расид.

Футболбозони ҳарду даста дар ҷараёни бозӣ имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Натиҷаи мусовӣ ба нафъи меҳмонон буд, зеро ки онҳо дар бозии аввал дар майдони худ мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.

Бозии дигари даври панҷум имрӯз, 14-уми ноябр, миёни дастаҳои мунтахаби Непал ва Филиппин низ бо натиҷаи мусовии 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 9 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 11-7) мақоми аввалро касб кардааст. Дастаи Яман бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 5-4) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз аз 5 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 9-7) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Непал бо 2 имтиёз аз 4 бозӣ (таносуби тӯбҳо – 2-9) дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Бояд гуфт, ки дар мавриди баробар будани имтиёзҳо пеш аз ҳама натиҷаҳои бозиҳои миёни дастаҳо ба назар гирифта мешавад. Аз ин ҷиҳат яманиҳо бартарӣ доранд, бинобар ин дар ҷадвал аз мунтахаби Тоҷикистон болотар ҷойгир шудаанд.

Дар як нишасти хабарӣ, ки баъди бозии мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Яман доир шуд, Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, “тақдири ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ дар гурӯҳи мо дар даври ниҳоӣ ҳал хоҳад шуд. Мо бозии охиринро дар меҳмонӣ муқобили тими миллии Филиппин 27-уми марти соли оянда анҷом медиҳем. Ҳанӯз мо имконият дорем, бинобар ин кӯшиш мекунем, ки дар ин бозӣ пирӯз шавем ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат бигирем.”

Дар нишасти хабарӣ Абраҳам Мебрату аз Эфиопия, сармураббии мунтахаби Яман, иброз доштааст, ки яманиҳо дар сабқати гурӯҳӣ ҳанӯз шикаст нахӯрдаанд ва умедвор аст ин силсила идома меёбад. Мунтахаби Яман дар даври охирин дар майдони худ бо тими Непал, ки аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шудааст, рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ҳамагӣ 24 даста дар шаш гурӯҳ барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад. Мусобиқоти гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 то 27-уми марти соли 2018 идома хоҳад кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфта, ба дувоздаҳ дастаи беҳтарин - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбакистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳамроҳ мешаванд.

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 5-ум

ТОҶИКИСТОН ЯМАН – 0:0

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 77), Нуриддин Давронов (капитан), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев (Эҳсони Панҷшанбе, 77), Манучеҳр Ҷалилов.

Яман: Муҳаммад Иброҳим Алӣ Аяш (капитан), Муҳаммад Фуад Муҳаммад Умар, Мудир Ал-Радаеӣ, Аҳмад Ал-Сарорӣ (Аҳмад Набил Ҳазаӣ, 68), Ала Муҳаммад Абдуллоҳ Ал-Сасӣ, Айман Ал-Хагрӣ (Мӯҳсин Муҳаммад Ҳасан Муҳаммад, 84), Абдулвосеъ Ал-Матарӣ, Аҳмад Алӣ Ал-Хифӣ, Аладдин Маҳдӣ, Аҳмад Саид Салим Абдулраб, Муҳаммад Ровис (Умар Хамсан, 74).

Огоҳӣ гирифтанд: Парвизҷон Умарбоев (Тоҷикистон), Мудир Ал-Радаеӣ, Айман Ал-Хагрӣ, Аҳмад Саид Салим Абдулраб (Яман).

Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Давронов (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳусейн Абу Яҳё (Лубнон).

14-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.

НЕПАЛ – ФИЛИППИН – 0:0

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

14-уми ноябр. Катманду. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Непал. 1023 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Даври 6-ум

27-уми марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал