Наргис Назироваи 38-сола, сокини шаҳри Душанбе давоми соли гузашта тавонистааст бо саргардониҳои зиёд ду ҳазор доллар пасандози худро аз "Тоҷиксодиротбонк" қисм ба қисм бозпас бигирад. Хонум Назирова рӯзи 9-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шод аз он аст, ки тавонист пасандози худро ба даст бигирад, вале баракти ин пул ба хотири кам-кам гирифтани он ва саргардониҳои зиёд аз назари вақту нигаронӣ барояш мушкили зиёд эҷод кард.
Рӯзи 18-уми январ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба роҳбарони бонкҳо зоҳиран шонси дигар дод, ки мушкилоти пардохтпазирии худро ҳаллу фасл кунанд.
Вай гуфт: "Ман ду ҳазор долларамро ба ин бонк ба хотири ҷамъоварии маблағ ба манзури харидории манзил пасандоз карда будам. Баъди ба бӯҳрон рӯбарӯ шудани ин бонк, хостам пасандозамро бозпас бигирам. Аммо дар бонк гуфтанд, ки пул надоранд ва метавонад ҳар моҳ дусад долларро бо пули сомонӣ бигирам. Ҳар моҳ ба ин бонк рафта, ин маблағро дар тӯли тақрибан як сол бозпас гирифтам”.
"Намедонам чӣ вақт пасандозамро медиҳанд?"
Дар ҳоле, ки Наргис Назирова ба ин бонк дигар ҳеҷ даъвое надорад, ҳазорҳо муштарии дигари ду бонки ба истилоҳ "мушкилзо" ҳамоно пушти дари ин бонк бо умеди баргардони маблағҳои худ қарор доранд. Назокат Шарипова, сокини 29-сола, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳам дар "Тоҷиксодиротбонк" ва ҳам дар "Агроинвестбонк" пасандоз доштааст, вале то ҳол наметавонад аз "Агроинвестбонк" як ҳазор доллари пасандозашро бозпас бигирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонум Шарипова 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: "Дар “Тоҷиксодиротбонк” чаҳор ҳазор сомонӣ пасандоз доштам. Ин маблағро тӯли 20 рӯз ҳар бор бо гирифтани 200 сомонӣ аз бонкомат ба ман бозпас доданд. Аммо дар “Агроинвестбонк” як ҳазор доллар пасандоз доштам ва касе аз раҳбарияти ин бонк то ҳол ба ман наметавонад посух диҳад, ки чӣ замоне ин маблағро бозпас мегирам".
"Бонкҳо то 2-3 соли оянда ба ҳолати маъмулӣ бармегарданд"
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳарду бонки мушкилҳо дар баробари муштариҳояшон дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ қарздоранд. Мушкили бозгардони пасандозҳои мардум яке аз доғтарин масъалаи бӯҳрони бонкии беш аз як соли охир дар Тоҷикистон мемонад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба саволҳои хабарнигорон посух медод, гуфт, умедвор аст, ки дар фосилаи ду то се соли оянда низоми бонкдории Тоҷикистон комилан солим хоҳад шуд. Яке аз роҳҳои барқарории кори ду бонки аслии дучори мушкилшударо дар фурӯши дороиҳои онҳо мебинанд.
Нурмуҳаммадзода инчунин гуфт, ки машваратҳо дар атрофи сарнавишти фаъолияти ин ду бонк идома доранд ва эҳтимол дар ин бонкҳо "низоми идораи берунӣ" роҳандозӣ шавад ва раҳбарияти бонкҳо иваз гарданд. Ба иттилои раиси БМТ, ба ҳисоби мутахассисон амволи дар ихтиёр доштаи ин ду бонк хеле бузург аст ва дар сурати фурӯши онҳо, пасандозҳои ҳамаи муштариён баргардонида мешаванд.
Муштариён кай пасандозҳои худро пас мегиранд?
Аммо соҳибназарон ба танҳо роҳҳали масъала будани ин шеваи кор шубҳа доранд. Аз ҷумла, мегӯянд, як сол қабл ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ин ду бонк беш аз 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод ва ҳатто ин маблағ натавонист вазъи молии ин ду бонки бузурги кишварро беҳбуд бахшад.
Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории "Азия-Плюс" бар ин назар аст, ки фурӯши дороиҳои ин бонк наметавонад мушкили муштариёнашро ҳал созад. Зеро, ба эътиқоди вай, сокинони Тоҷикистон тавони харидории манзилу воситаҳои нақлиётии ин бонкро надоранд.
Пайрав Чоршанбиев афзуд: “Дуруст аст, ки ин ду бонк амволи манқулу ғайриманқули зиёде дар ихтиёр доранд. Ҳатто кофист, ки биноҳои бахшҳои ин бонк фурӯхта шаванду пасандозҳои муштариён баргардонида шавад. Аммо мушкил дар он аст, ки сокинон ва ҳатто соҳибкорон пули зиёдатие дар ихтиёр надоранд, ки ин амволро харидорӣ кунанд. Фикр накунам, ки муштариёни ин ду бонк дар ду ё се сол тавонанд пасандозҳои худро бозпас бигиранд”.
Зарбулаҷал президент
Ин ҳар дар ҳоле, ки мӯҳлати зарбулаҷали аз ҷониби президент таъиншуда барои бонкҳо ҳам баъди як моҳ ба охир мерасад. Рӯзи 18-уми январ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба роҳбарони бонкҳо зоҳиран шонси дигар дод, ки мушкилоти пардохтпазирии худро ҳаллу фасл кунанд. Президент гуфтааст, ки ду моҳи дигар фурсат медиҳад, то мушкили бонкҳо ҳалли худро пайдо кунад. То куҷо вазъ дар моҳи март метавонад беҳтар шавад, суолест, ки зоҳиран ба он касе аз мақомот посух дода наметавонад.
"Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз миёнаи соли 2016 ба ин сӯ пардохтпазириашонро ба тадриҷ аз даст доданд. Нахуст хазинаи банкоматҳо баъдан хазинаи филиалу идораи марказии ин ду бонк бе пулмонданд ва муштариён маблағи пасандоз ва ҳатто маоши худро гирифта натавонистанд. Бинобар иттилои Бонки миллӣ, 87 дарсад саҳмияҳои "Агроинвестбонк" ва 85 дарсад саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" дардасти давлат аст.