Чор тилло ва 2 нуқраи вазнабардорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон

Парвиз Одинаев. Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои қудратӣ, ки аз 24-ум то 29-уми октябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, чаҳор медали тилло ва ду медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсиони ҷаҳонии пауэрлифтинг (World raw powerlifting federation) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, варзишгари тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоеви 18-сола дар вазни 82,5 кг байни ҷавонон соҳиби ду медали тилло ва як медали нуқра гардид. Вай дар рақобатҳо оид ба пауэрлифтинг (сеҳарбаи қудратӣ) ва вазнабардорӣ дар ҳолати хобидан ду медали тилло гирифт. Зимнан, Мирзоев дар вазнабардорӣ дар вазни 82,5 кг дар ҳолати хобидан ба унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон мушарраф шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Мустафо Абдуев дар рақобатҳо дар вазни 67,5 кг ду медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст овард. Инчунин Парвиз Одинаев, вазнабардори маъруфи тоҷик, дар вазни 82,5 кг бо як медали тилло мукофотонида шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҳудуди 2000 варзишгар аз 30 кишвар ширкат дошт. Ба барномаи мусобиқот пауэрлифтинг, дуҳарбаи қудратӣ, вазнабардорӣ дар ҳолати хобидан, вазнабардории мардумӣ, армлифтинг ва ғайра аз рӯи ривоятҳои WRPF/WEPF/WAF шомил буд.