Занони тоҷик ва варзиш

Духтарони таэквондочии тоҷик барандагони як қатор мусобиқоти байнулмилалӣ мебошанд

Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад ва он ба Рӯзи байнулмилалии занон бахшида шудааст.

Занони тоҷик ба варзиш чӣ гуна таваҷҷуҳ доранд? Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Дилором Каримова, раиси Анҷумани занони варзишгари Тоҷикистон. Вай мегӯяд, солҳои ахир дар Тоҷикистон теъдоди бонувони варзишгар хеле афзудааст. Бархе аз онҳо дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат карда, натоиҷи хуб ба даст овардаанд. Мо имрӯз бо ситораҳои варзиши тоҷик, ба мисли Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Галина Митяева, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Екатерина Трубитсина, Албина Камолиддинова ва бисёр дигарон фахр мекунем.

Дар саҳифаи дуввуми барнома гузориши мо дар бораи рӯзгору дастовардҳои қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи таэквон-до ITF, устоди дараҷаи байнулмилалӣ Шаҳло Муҳаммадраҳимова ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

Бояд тазаккур дод, Шаҳло Муҳаммадраҳимова пас аз камонвари машҳур Зебуннисо Рустамова дуввумин бонуи тоҷик аст, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст. Ӯ моҳи апрели соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Бледи Словения дар рақобатҳои инфиродӣ байни занон дар вазни зери 45 кг бо медали тилло мукофотонида шудааст. Ҳамчунин вай дар рақобатҳои дастаӣ ҳамроҳи Дилафрӯз Боҳирова ва Заррина Икромова дар навъи худдифоъ соҳиби медали нуқра гардидааст.

Ш. Муҳаммадраҳимова ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2007 барои ӯ соли хеле бобарор будааст. Вай афзуд, баъди пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Тошканд дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти ҷоми Авруосиё мушарраф шудам.

Дастовардҳои бузурги Шаҳло Муҳаммадраҳимоваро ба инобат гирифта, хабарнигорони риштаи варзиш ӯро ба қатори даҳ нафар беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2007 дохил карданд. Вай ҳамчун варзишгари беҳтарини сол байни бонувон аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти пулӣ ба маблағи 3, 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст.

Шаҳло аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки пас аз пирӯзии ӯ ва ҳамдастаҳояш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, теъдоди духтарони ба таэквон-до таваҷҷӯҳдошта дар кишвар хеле афзудааст.

Шаҳлои 18-сола, ки имсол мактаб-литсейи шумораи 55-и шаҳри Душанберо ба итмом хоҳад расонд, 8 сол инҷониб ба навъи таэквон-до ITF шуғл меварзад. Вай орзу дорад, баъди хатми мактаби миёна имсол ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шавад.

Дар ҳамин ҳол Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар ҳайати дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирсаид Яҳёев тамрин карда, ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 2-вум то 7-уми апрели соли равон дар шаҳри Алматии Қазоқистон доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мебинад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.