Сарбозони собиқ аз хидмати ҳарбии худ хотираҳои нохуш доранд ва ҷавонон бо амри дил ба сафҳои артиш намепайҳванданд.
Парвиз Ҳакимов, сарбози як воҳиди низомӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аст. Вай як сол мешавад, ки шаҳди сарбозиро мечашад ва қарзаш дар назди Ватан– модарро адо мекунад. Аммо вай мегӯяд, ӯро иҷборан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бурдаанд. Ба гуфтаи Парвиз, вай талош мекард, ки мисли ҳамсолони худ дар яке аз донишгоҳҳо таҳсил кунаду аз хидмат дар сафи артиш раҳо ёбад, аммо: “Маро маҷбурӣ оварданд. Чунки падару модарам бознишастаанд ва мо маблағе барои вуруди ман ба донишгоҳро надоштем. Баъд, маро ба хидмат оварданд”.
Парвиз агарчӣ вазъи таъмини худу ҳамхидматонашро бо маводди ғизоӣ дар ҷузъу томҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон мусбат медонад, вале аз таъмин набуданашон бо сару либоси гарм ва макони хуби будубош шикоят мебарад.
Бахтиёр, ҷавони 20 – солаи тоҷик, ҳам, ки мебоист дар ин синн хидмати ҳарбиро хатм карда ва соҳиби рутбаву мадорики низомӣбошад, мегӯяд, бо вуҷуди 2 маротиба дастрас кардани даъватнома, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нарафтааст. Вай фарзанди бузурги хонаводаашон аст ва таъмини рӯзгори 5 нафар аз аҳли оиларо бар ӯҳда дорад. Бахтиёр мегӯяд, ин навбат ҳам даъватнома барои хидмат дар сафи Артиши миллии кишварро интизор намемонад ва ният дорад, ки ҳарчи зуд ба Русия баргардад.
Бо ишора ба ин мушкил, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ин вазорат дасти кӯтаҳе дорад. Аммо ба гуфтаи вай, бо рӯйи даст гирифтани барномаҳои хос ин мушкил ба оҳистагӣ аз миён меравад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари коршиносони умури низомӣ вазъи артиши Тоҷикистонро на ҳамчунон заъиф ва на ҳамчунон тавоно арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки шонздаҳ сол барои таъсис ва тавонмандии артиши як кишвар нокифоя аст. Дар ҳоле ки ба ҳангоми созмон додани ин артиш, ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯхт ва дар бисоташ чизе ҳам надошт.
Вале Абдураҳмон Хонзода, коршиноси умури низомӣ, талошҳои мақомот дар ин 16 соли гузашта барои устувории нерӯҳои мусаллаҳи кишварро нокофӣ медонад. Ба гуфтаи вай, ҳанӯз артиши Тоҷикистон тавони истодагарӣ дар қиболи ҳамагуна чолишҳои ногаҳонӣ ва ё ғайримунтазираро надорад.
Абдураҳмон Хонзода афзуд, Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳои пасошӯравӣ дар Осиёи Марказист, ки натавонистааст аз мероси Шӯравии пешин дар умури низомӣ баҳра барад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, Узбакистону Қазоқистон тавонистаанд, ки меросхӯри артиши Шӯравӣ бошанд ва ба ин васила умури низомии худро тақвият бахшанд, аммо Тоҷикистон ҳатто барои “худӣ” кардани двизияи 201 талоше анҷом надодааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар рӯзи шонздаҳумин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ ба ояндаи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хушбинанд ва мегӯянд, ки ин артиш тавони дифоъ аз ватанро дорад. Онҳо мегӯянд, аксари низомиёни Тоҷикистон дар кишварҳои дуру наздик таҳсил ва таҷруба меандӯзанд, ки теъдодашон ҳудудан ба ҳаштсад нафар мерасад. Парвиз Ҳакимов ва ҳамхизматони ӯ, бо вуҷуди он ки ба либосу маводи ғизоӣ дар воҳидҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд, аммо уммеди худро аз даст надода ва мегӯянд, ки рӯзе барои ҳимояи Ватан остин бар хоҳанд зад ва рӯзе ба кор хоҳанд омад.
Парвиз агарчӣ вазъи таъмини худу ҳамхидматонашро бо маводди ғизоӣ дар ҷузъу томҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон мусбат медонад, вале аз таъмин набуданашон бо сару либоси гарм ва макони хуби будубош шикоят мебарад.
Бахтиёр, ҷавони 20 – солаи тоҷик, ҳам, ки мебоист дар ин синн хидмати ҳарбиро хатм карда ва соҳиби рутбаву мадорики низомӣ
Мушкилоти артиш аз камбуди таъмионти молии он маншаъ мегиранд...