Боҷи ҳангуфте, ки Талко ба Узбекистон медод, ба куҷо мерафт?

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон

Аз тақрибан 73 долларе, ки ширкати “Талко” барои транзити як тонна алюминиюм аз қаламрави Узбекистон медиҳад, танҳо 24 доллари он ба ҳисоби давлат мерафтаасту бас. Ҳудуди 49 доллари боқимонда ба суратҳисоби ширкатҳои офшорие мерехтаанд, ки ба номи соҳибкори гурҷии муқими Узбекистон сабти ном шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон: Кори дохилии онҳост

Пули боқимонда ба суртаҳисоби ширкатҳои офшорие мерехтаанд, ки ба Дмитрий Абдушелишвили, шаҳрванди Гурҷистон ва муқими шаҳри Тошканд тааллуқ доштааст.

​Ин хилофкориҳо дар пайи як санҷиши фаъолияти "Узбекистон темир йулларӣ" – ширкати Роҳи оҳани Узбекистон – ошкор шудааст. Манбаъҳои огоҳ аз рафти тафтишот рӯзи 23-юми феврал ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин додуситад давлати Узбекистон тақрибан 1 миллиард доллар зиён дидааст. "Бар замми ин, гаронии нархи убуру умури борҳо тавассути роҳи оҳан муносиботи Тоҷикистону Узбекистонро то кунун тира мекарданд", - афзудаанд манобеъ.

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати Талко, рӯзи 23-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кори сирф дохилии кишвари ҳамсоя аст ва онҳо ба он дахолат нахоҳанд кард ва шарҳе ҳам дар ин бобат надоранд.

Боҷи гаронтарин

Игор Сатторов

Корхонаи тавлиди алюмниюми Тоҷикистон – Талко тарафдори боркашонӣ тариқи роҳҳои оҳани Узбекистон аст. Ягона роҳи оҳани Тоҷикистон аз Узбекистон мегузарад. Ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз соли 2003 ба боло бурдани боҷи роҳи оҳан шурӯъ кард. Қаторҳои Тоҷикистон барои убури 271 километр роҳи оҳани қаламрави ин кишвар гаронтарин боҷро дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ пардохт мекарданд.

Ширкати Талко агар дар соли 2003 барои кашонидани 1 тонна алюминиюм 26 доллар пардохт мекард, айни замон ин нарх то ба 73 доллар барои як тонна расидааст. Қимати кашондани гилхок - як ашёи хоми муҳим барои тавлиди алюминий низ аз 13 доллари қаблӣ то ба 49 доллар расидааст.

Барои муқоиса Талко барои кашондани як тонна алюминиюм дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ қимати хеле арзонтар аз Узбекистонро пардохт мекунад. Аз ҷумла, дар Туркманистон 21 доллар, Қазоқистон 17 доллар, Озарбойҷону Гурҷистон 10-долларӣ ва Русия 12 доллар мепардозад.

Роҳҳои алтернативии боркашонӣ

Даҳҳо маротиба гарон шудан нархи боркашонӣ тариқи роҳҳои Узбекистон ширкати Талкоро водор сохт, то роҳҳои алтернативии боркашониро пайдо кунад. Талко айни замон 70 дарсад ва коршариконаш то 90 дарсади боркашониро тариқи нақлиёти автомобилӣ анҷом медиҳанд.

Аммо таҳқиқоти Додситонии кулли Узбекистон собит кардааст, ки як ҳиссаи ками боҷҳои ҳангуфти пардохтмекардаи Тоҷикистон барои убуру мурури борҳо тавассути роҳи оҳан ба ҷайби ин давлат мераванд. Ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан бо миёнаравии ширкатҳои экспедиторӣ сурат мегирад.

Абдушелишвили кист?

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, тафтишот дар ширкати роҳи оҳани “Узбекистон темир йюллари” ошкор кард, ки бахши аъзами боҷи роҳи оҳан, ки Талко пардохт мекард, ба суратҳисоби ҳамин ширкати миёнарави экспедиторӣ мерехтаанд. Аз ҷумла, аз 72,8 доллар боҷе, ки Талко барои кашондани як тонна алюминиюм пардохт мекардааст, 24 доллари он ба ҳисоби давлат мегузаштаанд.

Пули боқимонда ба суртаҳисоби ширкатҳои офшорие мерехтаанд, ки ба Дмитрий Абдушелишвили, шаҳрванди Гурҷистон ва муқими шаҳри Тошканд тааллуқ доштааст.

Ҷустуҷӯҳои мо нишон дод, ки ба ин гурҷитабори муқими шаҳри Тошканд чанд ширкати офшорӣ, аз ҷумла Lotos MSM Ltd, Wondernet Express LLP LONDON таалуқ доранд. Ошкор шудани ин нақшаи тақсимоти даромадҳо чашми Тошкандро боз кард. Дар ширкати Талко низ умедворанд, ки пас аз ин метавонанд бо ширкати “Узбекистон темир йюллари” шартномаи мустақиме банданд ва дар пардохти боҷи роҳ тахфиф дарёфт кунанд, ки бар фоидаи ду ҷониб бошад.