Бозори Собир, шоире шӯрида, саркаш ва саргардон

Бозгашти шоири саршиноси тоҷик Бозори Собир аз ғурбат ба ватан баъди чандин соли мусофират дар Амрико инак як ҳафта боз аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи маҳофил дар Тоҷикистон аст ва дар нашри охири расонаҳои чопи Душанбе низ бозтоби хеле густурда пайдо кардааст.
Худи Бозори Собир мегӯяд, барои як муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон омадааст ва ба Амрико боз хоҳад гашт, вале маҳофили Душанбе мӯътақиданд, ки мақомот бояд бо ироаи шароити шоиста ва арзи эҳтироми тамом ба ин ин шоири тавоно Бозори Собирро ҳатман барои доим ба Тоҷикистон баргардонанд.

БОЗГАШТ АЗ РОҲЕ ДУРӮЗА

Баъд аз 16 соли ғурбат ва 6 соли гузашта аз охирин дидораш бо ватан Бозори Собир, ин шоири шӯрида, саркаш ва саргардони тоҷик аз Амрикои дур боз ба Тоикистон баргашт. Бозор аз роҳе чунон дур баргашт, ки ба таъбири худи ӯ:

Роҳест чунон ки бо ҳавопаймояш
Дар ду шабу ду рӯз мепаймоянд.

Бозори чун ҳамеша аз ҳар навъ таарруф бениёз ва аз ҳама такаллуф орӣ билофосила дар фурудгоҳ умеди он ҳаводоронашро, ки гумон доштанд, ки барои ҳамеша омадааст, барбод дод ва гуфт, ҳамагӣ як ило ду моҳ дар ватан хоҳад монд ва ба муҷарради нашри китоби наваш - “Хуни қалам” ва шояд баргузории як шаби назм дигарбора ба Амрико бар мегардад.

КАСЕ АЗ МАҚОМОТ БА ФУРУДГОҲ НАОМАД

Бозори Собирро дар фурудгоҳи Душанбе ин бор ҳам ҷамъи начандон бузурге аз пайвандону дӯстон, бо шумули чеҳраҳои маъруфе, чун Ортиқи Қодиру Ибодуллоҳи Машраб ва Зулфияву Валӣ Самад ва Саидқули Билол, ва ҳам гурӯҳе аз хабарнигорони тоҷик истиқбол гирифтанд. Кадом мақоми расмие аз вазорати фарҳанг ё Иттиҳодияи адибон, чӣ расад ба идороти болотар, ин бор ҳам ба истиқболи шоири маъруф ба фурудгоҳ нарафт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқбол аз Бозор Собир



Хабарнигори тоҷик Ёқуби Саид мегӯяд, ба сурати умум, пазироӣ аз Бозори Собир хоксорона, вале хеле самимона буд, аммо адами ҳузури мақомоти расмӣ ва як истиқболи расмӣ аз шахсияте, чун ӯ, коре хиҷолатовар буд. На барои Бозор, ки ба гуфтаи Ёқуби Саид, аз ин ҳама бениёз аст, балки пеш аз ҳама, барои худи ин масъулин, ки эҳтироми шоирро тавре ки мебоист, натавонистанд ё нахостанд ба ҷо биоранд:

“Ман ҳам каме гиламанд ҳастам аз он ки ягон мақоми расмӣ, худи Мирзошоҳрух Асрорӣ (вазири фарҳанги Тоҷикистон – РО), ё ҳадди ақал раиси Иттиҳодияи адибон Меҳмон Бахтӣ ба пешвози Бозор наомад. Истиқболи мо ҳарчанд шоиста фарде, чун Бозор набуд, вале хеле самимона буд. Агар мақомот меомаданд, шояд истиқбол хеле дар доираи расмият сурат мегирифу ун қадар пешвози самимӣ ҳам намешуд. Аммо аз наомадани онҳо бояд худи онҳо хиҷолатманд шаванд – ҳам вазорати фарҳанг, ҳам Иттиҳодияи адибон ва ҳам кумитаи радиову телевизион, ки ҳатто як сари сӯзан лоиқ надиданд Бозорро, ки биоянду аз омадани ӯ мардумро дарак диҳанд. Дар телевизион ҳам хабаре дар ин бора нашр нашуд ва то ҳол аксари мардум аз омадани Бозор Собир шояд ҳатто хабардор нест.”

МАРДЕ ҲАМЕША ДАР МУҚОБИЛИ МАҶРО

Ба бовари ағлаб, Бозори Собир шоирест, ки ҳамеша муқобили маҷро роҳ рафта ва ҳеҷ гоҳе, ба таъбири маъруф, по ба пои по замона гом набардоштаву замонасозӣ накардааст. Ва ҳамин носозгориаш бо хостҳои замон буда, ки ӯро аз қофилаи шуарои мақбули давлатдорони вақт ҳамеша берун андохта, дар ниҳоят барои қариб як сол ба кунҷи зиндон бурд ва инак 16 сол боз дар як гӯшаи дури Амрико дар ғурбат қарор додааст.

Дар замони Шӯравӣ, ки ҳама аз ин низому ҳизби ҳокими вақти коммунисташ ситоиш мекарданд, Бозори Собир аз истиқлолу аз забони модарӣ ва аз Исмоили Сомониву девори Бухороаш шеър мегуфт. Ва аммо акнун, ки ҳама мадҳи истиқлолу неъматҳояш мекунанд ва Исмоили Сомонӣ дар адабиёт ба як, ба истилоҳ, “Ленини даврони мо” табдил ёфтааст, Бозори Собир баръакс, ёди даврони Шӯравӣ мекунад.

МО ФИРЕБ ХӮРДЕМ, ШӮРАВӢ ХУБ БУД


Дар гуфтугӯи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ Бозори Собир гуфт, дар “Хуни қалам” ҳам шеърҳои зиёде дар васфи хубиҳои Шӯравӣ ва Ленину Сталин дорад: “Ман ба ихтиёри худ ба муқобили маҷро намеравам. Мо фиребхӯрдаем. Мо агар медонистем, ки капитализм чист, ҳеҷ гоҳ бо Шӯравӣ ситеза намекардем. Ман аз Амрико фаҳмидам, ки капитализм чист? Ва бисёр афсӯс хӯрдам, бисёр дилшикаста шудам дар ғами Шӯравӣ. Шӯравӣ беҳтарин давлати мардуми бечора ва меҳнаткаш буд. Табақаи ман табақаи камбағалон аст ва ман ҳамеша аз онҳо ҷонибдорӣ мекунам. Аз ҳеҷ сармоядору ҳеҷ давлатманде ман комилан ҷонибдорӣ намекунам.”

ШЕЪРИ Ӯ ДИГАР АСТ

Аммо мунаққидон ва ҳаводорони шеъри Бозори Собир мегӯянд, набояд ақоиди сиёсӣ ва шеъри Бозор, ба хусус ашъореро, ки хориҷ аз эҳсосоти ақидатии ӯ эҷод шудаанд, дар як тарозу баркашид. Шоир ва адабиётшиноси тоҷик Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, бавижа истифодаи фаровони Бозор аз тасвирҳои барои мардуми оддӣ, бахусус аҳли русто, хеле наздик аст, ки шеъри ӯро дар дилҳо чунин ҷой кардааст. Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, Бозори Собир дар сафи аввали ҷараёне қарор дошт, ки рӯ ба мушаххасгӯӣ ва пардохт ба ҷузъиёти муҳити инсонӣ овард ва тавассути тасвири шоиронаи муҳите, ки мардуми оддии тоҷик дар он ба сар мебарад, шеърро барои ин мардум, бахусус барои аҳли русто ошнотару диданитар ва маҳсустар кард ва як навъ забони ҳоли ин мардум шуд.

Рустами Ваҳҳоб меафзояд: “Устод Бозор тақрибан шеъре надорад, ки дар он заминаи тасвир, муҳити тасвир ва пардохтҳои шоирона мушаххасу малмусу диданиву ошно набошад. Масалан, ҳамин шеъри:

“Кӯҳи вазнин сояҳо дорад сабук,
Шахси ман ҳам сояҳо дорад сабук…
Дасти ларзони сафедораш варо
Аз лаби ҷарҳо дуо дорад сабук.”
Ё ин ки:
“Дергоҳе модарам дар хона нест,
Модари ман дар забони модарист.
Пуштвори ман чу гӯри сабзи ӯ
Ҳарду ҷилди сабзи “Фарҳанги дарӣ”-ст.”

Бубинед тасвирро, ки аз ранги сабзи муқоваҳои дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, ки рангашон ҳам муроот шудааст ва онро ташбеҳ додану ба он восита масал задан ба гӯри модар чӣ қадар кори ҳунарӣ аст.”

Tajikistan -- Bozor Sobir, the Tajik known poet, undated
ШОИРИ РАҚАМИ 1 ё “ДЕҲҚОНШОИР”?


Овозхони саршиноси тоҷик Саидқули Билол, ки бар ашъори Бозори Собир 32 оҳанг офарида ва бештар аз ҳама аз Бозор тарона хондааст, мегӯяд, маҳз ҳамин забону тасвирҳои содда ва тоҷиконаи шоир аст, ки ӯро чунин шефта кардааст:

“Ман тарафдори ин ақидаам, ки устод Бозор шоири рақами як аст. Тасвирҳояш хеле нав аст. Бисёр тоҷикона, бисёр содда мегӯяд, вале хеле барҷаста. Деҳқоншоир ҳам мегӯянд устод Бозорро, чунки ин хел манзараҳое, ки ӯ мебинад, дар ягон каси дигар нест. Барои мисол:
“Олучаи латтадор буд модари ман,
Дар зиндагиаш мазор буд модари ман.”

Ё ин ки:

“Гандум ки ба ранги рӯи модар будаст,
Баргаш ба мисоли мӯи модар будаст.
Он бӯи фатирхамири гармаш ба димоғ
Аз бачагиам чу бӯи модар будаст.”
Ё ҳамон шеъи “Чанори садсола”-ро бинед:
“Дар пушти ман авлиё набуд, пир набуд,
Девори Хитою кӯҳи Помир набуд.
Дар пушти сарам латтамазорон буданд
Бо латтаи пора-пораи сурху кабуд.”

Ҳамаи ин моломоли ҳавои қишлоқ аст. Инро кӣ гуфта метавонад? Фақат Бозор!”

АММО АЗ АМРИКО

Бозори Собир, ки ҳамроҳ бо ҳамсару 4 фарзанд ва 3 наберааш дар Ричмонд, шаҳраке дар канори Сиэттл ба сар мебарад, мегӯяд, бо вуҷуди пой ба хонаи 72 гузоштанаш дар Амрико нафақае намегирад, балкӣ дар риштаи форсии Донишгоҳи аёлати Вашингтон ҳафтае 3 соат дарси забони тоҷикӣ медиҳад ва бештари вақташ дар китобхонаи бузурги ин донишгоҳ мегузарад.

Бозори Собир мегӯяд, дар Амрико зиндагии шоҳонае надорад ва умеди ӯ асосан ба духтараш Шоҳона аст, ки дар соли панҷуми риштаи фалсафа таҳсил мекунад. Писаронаш аммо то ҳол як кори доиму собите дар Амрико пайдо накардаанд: “Акнун омадани бачаҳо амри муҳол аст. Хеле дигар шудаанд ва ба Амрико одат кардаанд. Баъзеаш якборӣ ва баъзеаш алакай дуборӣ издивоҷ карданд. Як келини амрикоӣ ҳам дорем, ки фақат як калимаи тоҷикӣ медонад! “бобо”. Дигаронаш русианду тоҷикӣ. Фарзандон кори ҷиддие надоранд. Якеаш барномаи компутарӣ месозад, ки он ҳам кори муваққатии қарордодист. Дигарӣ корҳои тасодуфӣ мекунад, кори касбӣ надорад. Севвумаш аслан кор намекунад, дар хона мешинад, баъзе корҳои рассомӣ мекунад. Кори муҳиме нест кори онҳо, вале барои як зиндагии рӯзмарра мерасад, кифоя аст.”

“СОЛЖЕНИТСИНИ МО ОМАД”


Пас чӣ омилест, ки Бозори Собирро дар Амрико нигоҳ медорад? Дар пайи омадани ӯ ҳамон масъалаи “Чаро намеоӣ?”, яъне таъмини шароити бозгашти доимии шоир ба Тоҷикистон дигарбора вирди забонҳо шуд. Ва тақрибан ҳама матолиби дар Тоҷикистон дар бораи Бозор нашршуда моломоли ин нукта аст, ки таҳти як шароити шоиста ба ватан баргардондани ин шоири тавоно қарзест дар гардани ҳам давлат ва ҳам ҷомиаи Тоҷикистон.

Хабарнигори тоҷик Ёқуби Саид дар матлабе бо номи “Солженитсини мо омад” дар ҳафтавори “Миллат” сарнавишти Бозори Собирро бо ин адиби тавоно ва низ дигарандеши рус монанд мекунад, вале бо ин фарқ, ки давлати Русия дар ниҳоят эҳтироми Александр Солженитсинро ба ҷо овард ва бозгашти ӯро дар вақташ бо як шукӯҳи бемисле истиқбол кард.

Ба назари Ёқуби Саид, Эмомалӣ Раҳмонро мебояд аз айни бархӯрд кор бигирад ва бо ироаи дубораи ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон ва боқӣ шароити шоистаи иҷтимоиву маишӣ Бозори Собирро ба бозгашти доимӣ ба ватан мутақоид созад: “Сарнавишти ҳарду ҳам хеле шабеҳ аст. Бозори Собир ва Александр Солженитсин ҳарду таҳти фишор тарки ватан карданд. Аммо дар ниҳоят аз Солженитсин истиқболи гарме шуд аз ҷониби ҳама, вале муносибат бо Бозори мо ҳамон буд, ки дар фурудгоҳ дидем. Вале ҳанӯз ҳама чиз аз даст нарафтааст. Устод Бозор, тавре шунидем, дар Душанбе як манзили ҳамагӣ дуҳуҷраӣ доштаанд. Метавонанд барои ӯ шароити хубтаре таҳия кунанд. Ҳадди ақал як бор расман аз ӯ бихоҳанд, ки дар ватан бимон. Шояд ҳатто як ҳарфи раисиҷумҳур ба мондани Бозори Собир сабаб шавад. Ӯ худаш ҳам, маълум аст, ки аз ғарибӣ хеле дилгиру хаста шудааст. Метавонанд, имкон ҳаст, ки ӯ дар ватан монад. Албатта, агар ин хоҳишро дошта бошанд ҳукуматдорон. Мардуми қаторӣ ҳама мегӯяд, ки устод биояд, дар ватан бимонад, вале ҳарфи расмӣ ҳарфе дигар аст.”

ЧАРО НАМЕОӢ?

Саидқули Билол, овозхони маъруф ва аз дӯстони Бозори Собир низ мегӯяд, вақт аст ки ӯ барои ҳамеша баргардад: “Мо ҳам тарафдори ҳамин. Пурсидам, гуфт, думоҳа омадаам. Гуфтам, чӣ гум кардӣ дар ҳамон Америка, баъди 16 сол бас будагист дигар, ба 72 даромадӣ. Ҳамаи ин гапҳоро гуфтемаш. Худи ҳамон шеъре ки “чаро намеоӣ?”, дарди фақат як Бозор нест. Мардуми зиёди эрониву афғон ҳодисаҳое мудҳишеву инқилобҳоро аз сар гузаронданд, ҳамааш дар ғурбат паҳну парешон шудаанд. Худи тоҷикон ҳам , ҳар сол то якуним миллионаш дар Русия ризқу рӯзӣ меҷӯяд. Дарди инҳо ҳам ҳаст. Ё ун шеъраш, ки “Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд.” Ӯ шоиртар шуд дар ҳамон ватан, фикр мекунам. “

ШОИР БОЯД ОСӢ БОШАД!

Саидқул Билолов, ҳунарманди маршинос, ба як қатор шеърҳои ватандӯстонаи Бозор Собир оҳанг бастааст, ки дар ҷомеа маъруфият касб кардаанд
Зимнан ин ҳам гуфтанист, ки Саидқули Билол аз зумраи он мухлисони содиқи шеъри Бозор аст, ки ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар он рӯзҳои сиёҳе, ки дар Тоҷикистон рӯи исми Бозори Собир ҳам хатти сиёҳ кашида буданд, аз сурудани ашъори ӯ даст набардоштааст. Аз ин ҳунарманд мепурсам, ки оё ба далели хондани шеърҳои Бозор касе аз мақомоти расмӣ накӯҳишаш кардааст ё хайр? Саидқули Билол дар посух гуфт:

“Ягон касе боре ҳам ҳушдорам надодааст, ки чаро шеъри Бозорро мехонӣ. Шояд ғайрат намекарданд. Баъдан, он шеърҳое ки ман оҳанг мебастам, дахле ба сиёсат надошт. Ман тарафдори ақидаҳои сиёсии Бозор нестам. Аммо шоирон чунинанд. Худаш шеъре дорад, ки
“Шоиру шеъре агар ҳаст, арсаи сарбозие ҳаст,
Аз Худову шоҳу аз пайғамбари дунё як нафар норозие ҳаст,
Ёғие ҳаст, осие ҳаст.”
Шоир аст охир, худаш пешакӣ гуфтааст инро. Шоир бояд ақидаи худашро дошта бошад, аз дигарон фарқ кунад:
“Шоиреро офаридан кори як садсолаест,
Сахт коре, бори як сайёраест.
Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек,
Ҳамчу шӯҳрат шоире дарёфтан бас мушкил аст.
Қитъае холист бе Фирдавсии Тӯсӣ ҳанӯз,
Қитъае бечораи як шоири соҳибдил аст.”
Ин гуна шеърро чӣ хел намехонӣ?”

“МАН ДАР ИН ДУШАНБЕ БЕГОНААМ”


Аммо худи Бозори Собир мегӯяд, тайи ин ҳамаи 16 соли мусофират бо ягон мақоми расмии Тоҷикистон пиромуни шароити бозгашташ вориди гуфтугӯ нашудааст ва дар асл чандон ҳавову ҳаваси баргаштан ҳам дар дилаш намонда: “Аввалҳо ин орзуро доштам, акнун надорам. Душанбеи ман ҳамон Душанбеи шӯравӣ буд, Душанбеи аҳди СССР буд. Ин Душанбее, ки ҳоло мебинам, Душанбеи ман нест. Ман дар инҷо як нафари комилан бегонаам. Ин муҳит муҳити ман нест. Як ҷамъияти сармоядорист, вале инҷо ба як шакли примитив. Ҳарчанд аз дар набаромадаам то ҳол, ҳине ки аз фурудгоҳ то хона меомадам, чизи тозае надидам. Ғайр аз кӯчаҳои шулуғи дӯкончаҳои шулуғ ва чароғаки бисёр. Ун Душанбеи аврупоие, ки мо будем, дигар нест. Ин бештар Душанбеи шарқиаст ва комилан шабеҳи шаҳрҳои Афғонистону Ҳинду Покистон.”

Бозори Собир рӯзи 29 июл ба Душанбе омад, вале вақте бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, пояш дар ин ҷо дард пайдо кардааст ва ба ин иллат ҳанӯз боре ҳам ба сайри кӯчаҳои шаҳр набаромада ва ҳатто ба зиёрати зодгоҳаш – Файзобод низ то ҳол нарафтааст. Ҳаводоронаш дидаи умед акнун ба сӯи чашмаҳову теппаҳои Сӯфиёни Файзобод дӯхтаанд, ки шояд ҳавои бозгашт ва иқомати доим дар ватанро дар дили шоир дубора бедор кунанд. Ва аммо ин дидаҳо, ҳамин тавр, ба сӯи мақомоти Тоҷикистон ҳам дӯхта шудаанд, ки оё ин бор эҳтироми ин шоири тавоно, вале саркашро ба ҷо хоҳанд овард ё Бозори Собир дигарбора аз ватан хоҳад рафт. Бо ҳамон роҳе, ки “бо ҳавопаймояш дар ду шабу ду рӯз мепаймоянд.”