Таҳқиқи парвандаи видеои одамкушӣ

Таҳияи парвандаи ҷиноии донишҷӯи рус, ки навори қатли тоҷик ва доғистониро дар интернет нашр карда, дар ангезиши адовати миллӣ айбдор мешуд, ба поён расид.

Раиси Кумитаи бозрасии додситонии ҷумҳурии Адигеяи Русия Василий Семёнов гуфт, ташхиси навор пурра анҷом ёфт ва муайян шуд, ки наворро донишҷӯ аз тариқи компютери шахсии худ интишор кардааст.

Гуфта мешавад, вай донишҷӯи донишгоҳи давлатии фановарии шаҳри Майкопи пойтахти Адигея Виктор Милкови 24-сола мебошад. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор кардааст, ки тайи ду соли ахир бо гурӯҳҳои миллатгаро ҳамназар будааст ва наворро ба вай шахси номаълуме аз тариқи пусти электронӣ фиристодааст. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилии Русия, бозрасӣ аз ибтидо дар ин навор нишонаҳои монтажи компютериро пай бурда буд.

Навори мазкур аввалҳои моҳи августи соли равон аз тариқи интернет интишор гардида буд ва сару садои зиёд ба бор овард. Дар он нишон дода мешавад, ки ду ҷавони асир бо симои шарқӣ паҳлуи ҳам сари зону шинонда шудаанд ва як марди азимҷуссаи ниқобдор, бо нидои «Ба ифтихори Русия!», сари якеро аз тан ҷудо мекунад. Бандии дуввумиро аз пушти сараш бо тир мезананд.