Таҳримҳо алайҳи Русия қурби рублро дар Тоҷикистон поин бурд

Бонки миллӣ мегӯяд, ки дар пайи поин рафтани қурби рубл дар Русия, қимати асъори русӣ дар Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст.

Давоми қариб даҳ рӯзи ахир қурби як ҳазор рубли русӣ аз 149 сомонӣ то ба 143 сомонӣ пойин омад. Паст рафтани қурби рубл ба ҷайби ҳазорҳо муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар ватан таъсири манфӣ расондааст.

Масъулини Дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзи 15-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи паст шудани қурби рубл дар Русия, поинравии қимати он дар Тоҷикистон низ мушоҳида шуд. "Пастшавии рубли русӣ дар Русия ба қурби он дар Тоҷикистон бетаъсир намонд",-гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Давоми як ҳафтаи муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ аз он шикоят доранд, ки маблағҳои фиристодаи онҳоро бо асъори паст ба наздиконашон медиҳанд. Барои мисол, як муҳоҷир аз даҳ ҳазор рубли русии фиристодааш акнун қариб 60 сомонӣ зарар мебинад.

Наздикони муҳоҷирон бар асоси як қарори Бонки миллӣ дар соли 2016 наметавонанд маблағҳои худро бо рубл бигиранд ва бонкҳо онҳоро бо сомонӣ иваз карда, пардохт мекунанд.

Бонки марказии Русия низ хабар медиҳад, ки қурби рубл дар баробари доллари амрикоӣ баъд аз 2-юми август поин рафтааст. Агар то ин вақт ҳазор доллар ба 63 ҳазор рубл иваз мешуд, пас имрӯз он ба 65 ҳазор рубл расидааст.

Қурби рубли русӣ дар пайи он якбора паст шуд, ки Амрико эълон кард, ки бастаи дуввуми таҳримҳоро нисбати Русия ҷорӣ мекунад. Ин таҳримҳо дар робита ба заҳролудкунии Сергей Скрипал ва духтараш, алайҳи Русия ҷорӣ мешаванд.

Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми август зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Амрико Русияро ба даст доштан дар заҳролудшавии Сергей Скрипал, ҷосуси дугона, муттаҳам кардааст.

Скрипал соли 2018 бо духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи заҳрии "Новичок" ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Скрипал ва духтараш дар вазъияти бисёри вазнин ба шифохона бурда шуда, аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд.

Русия дар вокуниш ба таҳримҳои нав гуфтааст, Амрико аз ин иқдомаш пушаймон хоҳад шуд. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ин иқдоми Вашингтон бо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико иртибот дорад ва ӯро мутааҷҷиб сохтааст.