Ноиби аввали сарвазири Русия ва номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи президентӣ, Дмитрий Медведев, барномаи худро эълом дошт.
Як рӯз пас аз нишасти хабарии пуровозаи президенти феълии Русия, Владимир Путин, президенти эҳтимолан ояндаи ин кишвар, Дмитрий Медведев, суханоне сар дод, ки дафъатан низ пуровоза шуданд.
Дар анҷумани иқтисодии Сибир, дар Красноярск, Медведев ба истилоҳ барномаи президентии худро муаррифӣ кард. Вай мафҳумҳоеро монанди озодӣ, моликияти хусусӣ ва додгоҳи мустақил рукнҳои асосии ҳукумати ояндаи худ номид. Вай гуфт: "Асоси сиёсати моро бояд асле ташкил кунад, ки ба эътиқоди ман, муҳимтарин асли фаъолияти ҳама гуна давлати муъосир аст, давлет ки талоши расидан ба меъёрҳои баланди зиндагиро дорад. Ин асл, яъне -- озодӣ беҳтар аз ноозодист."
Ҳарчанд Дмитрий Медведев гуфт, сиёсатҳои феълиро идома медиҳад, дар баъзе масъалаҳои аслӣ бо суханони дирӯзаи Путин вориди ихтилоф гардад. Тазоди ду суханвар ин буд, ки агар Путин Ғарбро шадидан ва гоҳе бо ришханд танқид кард, Медведев нармтар буд ва гуфт, Амрико ва Русия илоҷе ба ҷуз ҳамкорӣ надоранд. Аммо Медведев, масъалаи Косоворо, ки акнун яке аз доғтарин мушкилоти муносибатҳои миёни Русия ва Амрикост, чапғалат дод ва ба хабарнигорон низ дар бобат посухи печидаву нофаҳмое пешниҳод кард.
Дар ҳоле ки Амрико аз ҷавоби мустақим ба ишораҳои тамасхуромези Путин худдорӣ кардааст, бо истифода аз пайти муносиб суханони дигари ӯро, ки гуфт, барои муддати мадид дар мақоми сарвазири Русия боқӣ хоҳад монд, ҳадафи танқид қарор дод. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Шон Маккормак гуфт, "чунин изҳорот бо демократияи солим муғойират дорад ва одатан ба ин гуна пурсишҳо бояд аввалан мардуми кишвар посух диҳанд."
Вокуниши дигар ба суханони Путин аз Лаҳистон баланд шуд. Лех Качински, президенти Лаҳистон, гуфт, бо вуҷуди таҳдиди ҷаноби Путин, мушакҳои амрикоӣ бояд дар Лаҳистон мустақар шавад. Вай бо ишора ба он ки аксарияти лаҳистониҳо мухолифи барҳи Амрикоянд, гуфт медонад, ин як тасмими хушоянде нест, вале барои амнияти Лаҳистон сарнавиштсоз аст.
Як вокуниши дигар мебоист аз тарафи президентҳои Осиёи Марказӣ садо медод, вале онҳо сукутро афзалтар донистанд. Дар ҷавоб ба пурсиши ин ки чаро нахостед, барои даври савум низ дар сари қудрат биистед, Путин ғайримустақим Ислом Каримов, президенти Узбакистон, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президент Тоҷикистонро мӯътодони ҳокимият номид. Одамон одат доранд ба тобеъияти чизе биафтанд. Яке мӯътоди сигор мешавад, дигаре гирифтори маводи мӯхаддир ва савумӣ мӯътоди қудрат. Ман бар ин нестам, ки агар курсие ба дастат афтод, бояд то қабристон моли ту бошад. Гуфт Путин ва афзуд, ҳаргиз нахостааст, қонуни асосии кишваршро поймол кунад.