Адён дар Тоҷикистон: Ислом, насроният, яҳудия, зардуштия ...

Рӯҳониёни мусалмон аз муносибати давлат бо динашон нисбат ба намояндагони дигар адён бештар нигарон будаанд

Гузориши аввал аз силсилагузориши «Дин дар Тоҷикистон» аз бахши тоҷикии Радиои Озодӣ. Мавзӯъи ин гузориш фаъолияти адён дар Тоҷикистон аст.

Бар асоси банди 26-и Қонуни асосии Тоҷикистон, шаҳрвандон дармавриди пайравӣ ба ҳар мазҳаб озоданд ва метавонанд алоҳида

Православҳо аз аввалин пайравони насроният дар Тоҷикистон маҳсуб мерафтаанд


ё якҷо бо дигарон динеро пайравӣ кунанд. Сайидбек Муҳаммадалиев, масъули бахши диншиносии сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг мегӯяд, ин ниҳод салоҳият дорад, ки аз болои фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ назорат бубарад. Оқои Муҳаммадалиев таъкид мекунад, ки дар сурати риоя накардани қавонини ҷории Тоҷикистон, фаъолияти чунин иттиҳодияҳои динӣ дар марҳалаи аввал ба мӯҳлати се моҳ боз дошта мешавад:

«То имрӯз дар сарраёсати дин Оинномаи 86 ташкилоти динӣ сабтином гардидааст. Ин ташкилот бояд мувофиқи оинномаи худ бо риояи қавонини ҷории Тоҷикистон фаъолият кунанд. Иттиҳоди калисои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, калисои проваславии рус бо номи «Николский собор», маркази таблиғотии СонМин ва калисои римӣ-католикӣ дар кишвар фаъолияти густурда ва пайравони бештар доранд».

Александр Давидов, раҳбари Иттиҳодияи калисоҳои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, ки ҳаштод сол бад-ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, онҳо дар манотиқи кишвар 23 ибодатгоҳ ва чорсад пайрав доранд. Вале пайравонашон баробари ҳиҷрати зиёди мардуми русзабон дар авоили солҳои навадум кам шудааст. Оқои Давидов мегӯяд, фақат дар ибодатгоҳи марказии масеҳиёни инҷилӣ - баптистӣ тақрибан сӣ нафар ба тоату ибодат машғуланд. Давидов афзуд, бештари пайравони онҳо ҷавонон ҳастанд ва эшон рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта якҷо ибодат мекунанд:

«Дар Тоҷикистон зиндагии мо хуб аст, зеро мардуми ин сарзамин худотарсанд. Онҳо солҳои 1937 ва 1961 давраҳои гуногуни аттеизмро пушти сар кардаанд. Калисои марказии мо дар ин ҷо беш аз 50 сол аст, ки фаъолият дорад ва намояндагони 17 миллат дар он ибодат мекунанд. Синни ҳайъати иботакунандагон мухталиф аст, аммо ҷавонон бештаранд. Рисолати мо ба мардум расонидани он аст, ки Худованд мехоҳад, одаман ҳамдигарро дӯст доранд ва новобаста ба миллату қавмият ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Зеро Худо ягона буда, мехоҳад ҳамаи одамон дӯстона зиндагӣ кунанд».

Александр Давидов ба муносибати ҳукумат бо иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дорад, вале рахбарони исломии Тоҷикистон аз муносибати ҳукуматдорон бо пайравони ислом изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон, мегӯяд, давлат хатари бештареро аз суйи пайравони ислом эҳсос мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, агар созмонҳои динии ғайриисломӣ бо ҷамъоварии сад имзо тавонанд ташкилоти динии худро таъсис диҳанд, барои бунёди як масҷид имзои 15 ҳазор диндор тақозо мешавад:

«Мутаассифона, ду–се сол пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мазҳабҳои гуногуни масеҳиасос дар Тоҷикистон низ пайдо шуданд. Аз ин рӯ, дар кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Русия фаъолияти он динҳое, ки асоси таърихӣ надоштанд, мамнӯъ ёълон шуд. Бояд ҳукуматдорони мо низ низ иҷоза надиҳанд, он мазҳабҳое, ки асоси таърихӣ надоранд, дар кишвар фаъолият намоянд. Медонам, ин гуфтаҳо ба меъёри ҳуқуқи башар мухолиф аст, аммо баъзе аз мубаллиғони мазҳабҳои ғайр ҷавонон аз динашон баргардонида, ба мазҳаби худ ҷалб мекунанд. Ҳамчун раҳбари собиқи идораи қозиёт, ки дар ин ришта бисёр чизро дунбол мекардам, ба ҷуз аз пайравони дини масеҳии проваславӣ, католикҳову баптистҳо пайравони дигар динҳо вуҷуд надоштанд».

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолият кардани кишвар 85 созмони динии ғайриисломӣ зуҳур намудаанд, ки умдатан фаъолияти таблиғотӣ пеш мебаранд. Рӯҳонӣ Карлос Авила, раҳбари Калисои католикии Тоҷикистон гуфт, мазҳаби католикӣ дар Тоҷикистон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҳангоми муҳоҷирати иҷбории олмониҳо ва лаҳистониҳо ба вуҷуд омад, ки теъдоди пайравонаш ба 3 000 нафар мерасид. Баъд аз истиқлолият бахши аьзами олмониву лаҳистониҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва ҳоло пайравони онҳо камтар аз 300 нафар боқӣ мондаанд. Рӯҳонӣ Карлос Авила танхо аз тарҳи нави қонуни дин нигарон буда ва онро барои мавҷудияти мазҳаби католикӣ хатарзо арзёбӣ мекунад:

«Албатта, ҳукумат бояд назорат кунад, тартибу низом ҷорӣ намояд ва ҳама қавонини давлатро риоя кунанд. Ин қонун вазъи моро мушкил мекунад, зеро Калисои католикии мо бузург нест. Аммо вуҷуд дорад. Мо нав не, хеле барвақт дар даврони истирдод омад будем. Пайравони мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд».

Михаил Абдураҳмонов,равил ё раҳбари ягона канисаи яҳудиҳо дар Душанбе мегӯяд, онҳо беш аз сад сол мешавад, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва пайравони онҳо асосан мардуми русзабон ва яҳудиёни бухороӣ будаанд. Вай мегӯяд, қаблан яҳудиён ҳамарӯза ба ибодат машғул мешуданд, аммо ҳоло ҳафтае се бор пайравони онҳо дар каниса якҷо ибодат мекунанду халос. Оқои Абдураҳмонов гуфт, пайравони онҳо сесаду панҷоҳ нафар ва умдатан аз қишри камбизоати сокинони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳатто имкон надоранд, канисаи худро таъмиру тармим ё навсозӣ бикунанд:

«Яҳудиён мубаллиғ нестанд ва ҳар кас ҳам наметавонад бо эълони он ки мехоҳад пайрави мо бошад, яҳудӣ шавад. Ин нокифоя аст. Онҳое, ки мехоҳанд пайрави дини яҳудӣ бошанд, бояд тӯли панҷ сол аз урфу одатҳо ва хати ивритӣ бояд огаҳ гарданд. Дар маҷмӯъ, мушкиле надорем. Муносибати давлат ва сокинони маҳаллӣ бо яҳудиён хуб аст. Фақат масъалае, ки то ҳол ҳалли мусбати худро пайдо накард, кӯчонидани канисаи яҳудиён барои бунёди як гулгашт дар назди Қасри Миллат мебошад».

Навиштаи динии яҳудӣ, ки дар девори танҳо каниса дар Тоҷикистон овезон аст

Дини зардуштӣ низ барои аҳолии Тоҷикистон як дини ошност. Қисмате ба он чун дини бобоии худ, яъне чун ориёитабор эҳтиром

Пас аз қатли Рӯдакии Самадӣ зардуштиёни Тоҷикистон, ки шуморашон на бештар аз 20 нафар будааст, нафари дигареро расман ба раҳбарии худ напазируфтаанд.

мегузоранд ва гурӯҳи дигар ба фаъолияти он назари манфӣ доранд. Бо ин вуҷуд, ҳоло зардуштиён баъд аз қатли раҳбари собиқи он Рӯдакии Самадӣ дар шаш соли қабл соҳиби анҷумане нестанд ва шумораи дақиқашон на бештар 20 нафар будааст. Ба дунболи фаъолияти зардуштиҳои Тоҷикистон метавон гуфт, ки кришнаитҳои ин кишвар низ чандон намоён набудаанд. Вале фаъолияти миссионерии Сонмин – Грейси куриёиҳо дар Душанбе назаррастар аст. Ин фирқаи мазҳабӣ бо таъсиси мактабу толори варзишӣ ва табобати ройгон мардум, бахусус, ҷавононро ба созмони худ ҷалб кардааст.

Дар кулл, ба назари Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, давлат барои фаъолияти озодонаи ҳамаи динҳо шароит ва имконотеро фароҳам овардааст. Аммо вай ба фаъолияти густурдаи ташкилотҳои динии миссионерӣ дар Тоҷикистон чандон хушбин нест: «Демократия хуб аст, аммо давлат бояд аз болои ин созмонҳои ғайриисломӣ назорати шадид барад. Зеро набояд Тоҷикистон ба Лубнони сонӣ табдил ёбад...»

Аммо ба қавли мақомот, аҳолии суннимазҳаби кишвар ба пайравони дигар мазҳабҳо ботаҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст. Вале дар соли 2000 дар шаҳри Душанбе як маъбади марбут ба калисои СонМинро таркониданд. Соли 2004 дар Исфара роҳиби баптист Сергей Бессараб дар натиҷаи як сӯиқасди пайравони гурӯҳи тундрави мазҳабии мавсум ба Байьат кушта гардид.

Ба сурати умум, ба эътиқоди коршиносон, як ҳусни таҳаммули нисбӣ миёни мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон побарҷост ва дар саҳнаи динии ин кишвар метавон пайравони тақрибан ҳама мазҳабҳои бузурги дунёи муосирро дучор омад.