Дар олами Ғарб низ равобити махсуси сарони кишварҳо бо ҳамдигар ба мушоҳида мерасад, вале таъсираш ба умури давлатӣ на ба он андозаест, ки дар мамолики пасошӯравӣ дида мешавад.
Таҳлилгари Маркази пажӯҳишии Ҷейн, Алекс Ватанка мегӯяд, чунин тафовути муҳим аз он ҷо меояд, ки дар Ғарб ба монанди кишварҳои шӯравии пешин қудрати аз ҳад зиёд дар дасти як шахс мутамарказ нест.
Президенти Амрико метавонад ҳамтои рус ё фаронсавии хешро ба дӯсти хонаводагияш табдил диҳад, аммо аз он ҷо ки ҳокимият дар кишвараш боз ба ду шохаи дигар низ қисмат мешавад, вай наметавонад, ин муносибатҳои хонаводагиро бар сари ҷомеа ва ҳукумат таҳмил намояд.
Дар ҳолатҳои истисноӣ дар як хат қарор гирифтани ҳамаи ин муносибатҳо мумкин аст, ки равобити хусусӣ ба умури давлат таъсир ворид намояд.
Аммо Ватанка мегӯяд, чунин ҳолатҳо хеле кам иттифоқ афтодаанд ва ӯ дар ин бора танҳо як намуна оварда метавонад: "Агар ба гузашта, ба солҳои 80-уми садаи 20 нигарем, кимиёи равoбити хусусӣ дар байни сарони мамолики Ғарб ба таври ошкоро дар он падид омад, ки наздикии президент Роналд Рейган бо сарвазир Маргарет Тетчер кӯмаки Амрикоро ба Бритониё дар ҷанге барои ҷазираҳои Фолкланд таъмин намуд."
Ватанка мегӯяд, ин ягона мавридест, ки хушгӯиҳои хусусӣ аз сухан ба амал интиқол ёфт. Дар ҳама ҳолатҳои дигар, дӯстӣ ё душмании ду сарвар, агар ба хатти сиёсии ин ду кишвар мухолифат доштанд, натиҷаи амалие надодаанд.
Билл Клинтон президенти Русия Борис Елтсинро дӯсти наздики худ меномид ва Буши хурдӣ Путинро дар сари дастархони хонаводагияш меҳмондорӣ кард, вале ин равобит муносибатҳои миёни Иёлоти Муттаҳидаро тағйир надод.
Ҳамзамон бархе аз коршиносони амрикоӣ мегӯянд, равобити сарди Ҷорҷ Даблю Буш бо президенти Венесуэло, Ҳуго Чавез, сабаби сардӣ дар муносибатҳои миёни ду кишвар ва коҳиши додуситаду рафтуомади байниҳамӣ гаштааст. Ва ё баракс муносибатҳои хуби байни президенти Амрико ва ҳамтои акнун пешини мексикоии ӯ -- Винсент Фокс муҳоҷирати мексикоиҳоро ба Иёлоти Муттаҳида афзоиш дод.
Ҳукумати Амрико ин афзоишро ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Мескик пайванд медиҳад ва аз сӯи дигар гуфта мешавад, шикори якҷояи Бушу Фокс натавонист, масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳал кунад.
Журналисти рус, Аркадий Дубнов, ки аз мушовирони президент Елтсин буда, бисёре аз раҳбарони мамоликро аз наздик дидааст, мегӯяд, бояд дар назар дошт, ки онҳо низ пеш аз ҳама инсонанд ва ҳеч хислати инсонӣ барояшон бегона нест: "Онҳо одамони оддиянд ва гоҳе манофеъи онҳо ин қадар заминист, ки барои шахсе аз деҳаи дурдаст, боварнакарданӣ хоҳад буд. Барои онҳо президент касест аз кадом як осмонҳои муқаддас." Вале шояд ин нукта дар марвиди президентҳои ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дуруст бошад.
Дар рӯзномаи "Гордион", сарвазири собиқи Бритониё Тонӣ Блерро ба сагчаи пудели Буш ташбеҳ доданд ва аз ин дида гуфтори заминитар наметавон пайдо кард. Ба ақидаи коршиносон, ҳарчанд Блер иродаи порлумонро иҷро мекард, наздикии аз ҳад зиёдаш бо Буш сабаби коҳиши нуфузаш дар кишвар ва ниҳоят шикаст дар интихобот гардид.
Блер дар навбати худ ошкоро президенти Фаронса Жак Ширакро "демагог" (авомфиреб) номид ва Ширак дар посух Блерро "бетарбият" унвон кард. Суханони тавҳиномези сарвазири собиқи Итолиё, Силвило Берлусконӣ, ки ба як вакили олмонии Порлумони Аврупо нақши нозири конслагерро дар филми дӯсташ пешниҳод кард, барои муддате равобити ду кишварро мушкил кард, аммо бештар дар сухан, то дар амал.
Ҷаноби Дубнов чунин ҳолатҳоро дар миёни президентҳои кишварҳои ҳамсуд истисно намедонад, вале мегӯяд, ӯ равобити хусусии байниҳамии онҳо ғолибан дар паси парда мемонад. Масалан, мегӯяд, ӯ, муносибати сарди байни президентҳои Узбакистон ислом Каримов ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сабаб мегардад, ки ҳарду дар мулоқотҳои хусусӣ бо Владимир Путин аз паси якдигар шиква кунанд. Ин ҳолат сабаби тақдими нақши доварӣ ба Маскав мегардад.
Алекс Ватанка аз Пажӯҳишгоҳи Ҷейн низ ин нуктаро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, чунин ҳолат ба Маскав иҷоза медиҳад, ҳадафҳои махсуси худро бароварда созад. Ватанка ягона роҳи ислоҳи авзъро дар низоми ғарбии тақсими қудрат, афзоиши нақши порлумонҳои мамолики Осиёи Марказӣ ва тақвияти дипломатияи мардумӣ мебинад.