Намояндагони расонаҳои ахбори ом ва синамо аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҷамъомади серӯза дар Лондон вазъи матбуот ва синаморо дар кишварҳои худ шарҳ доданд ва дар мавриди роҳу василаҳои беҳбуди ин вазъ табодули назар карданд. Аввалин анҷумани муштараки журналистон ва синамогарони форсизабонро Маркази расонаҳои ҳамагонӣ ва филм дар Донишгоҳи Лондон бо пуштибонии Иттиҳоди Аврупо, Академияи Бритониё ва Бунёди Майер ҷараён гирифта, дар канори он нахустнамоиши филмҳои нав аз Эрон ва Афғонистон низ ба вуқӯъ пайваст.
Нахустин ҳамоиши журналистон ва синемогарони кишварҳои форсизабон дар Лондон афзун бар шӯру шавқи дидор ва огаҳии дасти аввал аз корномаи ҳамдигар, ду натиҷаи муҳим ба бор овард.
Яке ин ки манзараи умумии кори расонаҳои ҳамагонӣ, комёбӣ ва нокомии журналистону синемогарон дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ва зимни ин баҳс вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин кишварҳоро намоиш дод.
Дувум, бо ҷамъу раддабандии печидагиҳои мавҷуда як барномаи муштараки роҳкор ва кӯмакҳои байниҳамии онҳоро ба тавсиб расонд.
Ба гуфтаи журналисти тоҷик, бунёдгузори анҷумани "Хома" дар Душанбе, Шаҳлои Акобир, ин нишасте буд, ки мислаш ҳанӯз дида нашудааст. Ширкаткунандагон аз ҳамдигар хеле чизҳо омӯхтанд.
Ва Сиддиқи Бармак, коргардони филми машҳури "Усома" ва барандаи Ҷоизаи Феллинӣ мегӯяд, ҳарчанд то андозае аз авзоъ дар се кишвар огаҳӣ дошт, дар ин ҷаласа ношинохтаҳои зиёдеро барои худ кашф намуд.
Аз се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин форсизабонони муқими мамолики дигар ба сурати умум наздик ба 30 нафар ҷамъ омада буданд, ки аксари онҳо дар риштаҳои худ афроди саршинос ва муваффақ мебошанд.
Ба монанди Шукрия Баракзай, барандаи Ҷоизаи байнулмилалии сардабири соли 2004 ва бунёдгузори рӯзномаи "Оинаи зан", Фаҳими Даштӣ, сардабири ҳафтавори "Кobul Weekly", Азиз Ҳакимӣ, бунёдгузори муҷтамаъи матбуотии "Калид", Зайд Мӯҳсинӣ, бунёдгузори шабакаи табъу нашри "МOBY", аз ҷумла телевизионҳои "Тулӯъ" ва "Лемар", радиои "Ормон" ва маҷаллаи "Саҳнаи Афғонистон" ва сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон, Шафиқи Ҳақпал аз Кобул омада буданд.
Аз Эрон, намояндагони насли нав ва ислоҳталаби журнализму синемо, Шодии Садр, сардабири сомонаи интернетии "Занони Эрон", Касро Нурӣ, собиқ корманди рӯзномаҳои "Салом", "Субҳи имрӯз", "Мушорикат", "Баҳор", "Даврони имрӯз", "Наврӯз", ки яке дунболи дигар баста шудаанд, Алиакбари Мунтаҷабӣ, аз маҷаллаи басташудани "Ҳаммеҳан", ки ҳоло бо номи "Шаҳрванди имрӯз" нашр мешавад, Парисо Бахтовар, коргардони синемо ва Ҳушанги Гулмаконӣ, мунаққиди синемо ва сардабири маҷаллаи маъруфи "Филм" дар ҳамоиш ширкат карданд. Ҳамчунин Меҳдии Ҷомӣ, мудири радиои "Замона" аз Амстердом ба ин ҳайат шомил гашта буд.
Аз Тоҷикистон, Умед Бобохонов, раҳбари шабакаи табъу нашри "Asia Plus", коргардони синемо Сафарбеки Солеҳ ба Лондон омада буданд ва ҳайати Тоҷикистон хурдтарини дастаҳо буд, зеро чанд нафари даъватшудаи дигар, аз ҷумла сардабири нашрияи "Чароғи рӯз", Додоҷони Атовуллоҳ бо сабабҳои гуногун натавонистанд дар конфаронси Лондон ширкат кунанд.
Бар замми ин ҳайатҳо инчунин наздик ба сад нафар аз дастандаркорони журнализм ва синемо аз Бритониё ва донишҷӯёну омӯзгорони ин бахшҳо ва ҳамчунин бахши ховаршиносии Донишгоҳҳои Лондон толорро пур карда буданд. Дар поёни ҳар рӯзи ҳамоиш филме намоиш меёфт, ки низ мардуми зиёдеро ҷалб мекард. Шоми аввал филми Сафарбеки Солеҳ, "Тақвими интизорӣ", шаби дувум нахустнамоиши филми нави Сиддиқи Бармак, "Ҷанги тарёкӣ" ва шаби охирин мазҳакаи Парисо Бахтовар "Доира зангӣ" аз ҷониби бинандагон гарм истиқбол шуда, ҷаласаҳои пурсишу посух бо коргардонҳо ба дунболи филм то дер идома мекард.
Суханрониҳо дар ҳамоиш монанди сабку ҳунари ширкаткунандагони он гоҳе ба шакли назариясозии академӣ ва гоҳе ба сурати мубоҳиса бо хештан, гоҳе бо замимаҳои аёнии поверпойнтӣ ё порчаҳои видеоӣ иҷро шуда, худ далели ин буданд, ки журнализм дар олами форсизабон низ бо суръат пеш меравад ва ҳолати чандрасонаӣ касб мекунад.
Ва аммо бозёфтҳо. Шаҳлои Акобир мегӯяд, ҳақиқате ошкор гашт, ки озодии сухан дар Афғонистон рушди бештаре дорад.
Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон кормандони расонаҳои ахбори ом вазъи мавҷударо бештар ҳамчун мерос ва идомаи таъсири ҷанги дохилӣ меноманд, дар Афғонистон мегӯянд, ҷанг дар ин кишвар журналистон ва синемогаронро нотарстар ва ҳақталоштар кардааст. Аммо Сиддиқи Бармак бо вуҷуди эътирофи рушди матбуот дар Афғонистон ин пешрафтро ниҳодина ва решаӣ намешуморад ва мегӯяд, орзу дорад, рушди матбуот ва озодии баён дар кишвараш решаи амиқ бигиранд.
Ҳамин ки чӣ гуна метавон озодиҳои нисбии матбуот дар Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистонро ба озодии воқеъӣ ва бунёдию дарозмуддат, агар на ҷовидонӣ, табдил дод, яке аз мавзӯъҳои баҳс буд. Мубоҳисон бар ин буданд, ки қонун фақат як пояи ин озодӣ буда метавонад, орзу ва талоши журналистон пояи дигари он, аммо рукни меҳварӣ ин фарҳанги ҷомеа аст. Танҳо дар он сурат аз озодии матбуот на танҳо журналистон ва ниҳодҳои муайян, балки мардум ҳимоят хоҳад кард.
Дар ин ва дигар бастаҳо ва инчунин риштаи синемо ширкаткунандагони ҳамоиш барномаҳои ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ пешниҳод карданд, ки акнун шӯрои пайгирии ин барномаҳо номгӯйи мукаммал ва шеваи иҷрои онҳоро муайян хоҳад сохт. Муассиси аввали ҳамоиш, устоди Маркази расонаҳо ва филм дар Донишгоҳи Лондон, доктор Маъсумаи Турфа изҳори афсӯс кард, ки на ҳамаи пешбиниҳои ҳамоиш ба сатҳи зарурӣ анҷом ёфт, аммо раҳбари ин марказ, доктор Анабелла Сребернӣ гуфт, аз натиҷаҳои ҳамоиш хеле шод аст ва бо ояндаи он умеди зиёд дорад.
Дар ин ва дигар бастаҳо ва инчунин риштаи синемо ширкаткунандагони ҳамоиш барномаҳои ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ пешниҳод карданд, ки акнун шӯрои пайгирии ин барномаҳо номгӯйи мукаммал ва шеваи иҷрои онҳоро муайян хоҳад сохт. Муассиси аввали ҳамоиш, устоди Маркази расонаҳо ва филм дар Донишгоҳи Лондон, доктор Маъсумаи Турфа изҳори афсӯс кард, ки на ҳамаи пешбиниҳои ҳамоиш ба сатҳи зарурӣ анҷом ёфт, аммо раҳбари ин марказ, доктор Анабелла Сребернӣ гуфт, аз натиҷаҳои ҳамоиш хеле шод аст ва бо ояндаи он умеди зиёд дорад.
Хонуми Сребернӣ, раиси Маркази расонаҳо ва филм дар Донишгоҳи Лондон аз пешниҳодҳое пуштибонӣ кард, ки сохторҳои муштараки журналистон ва синемогарони форсизабон бунёд ёфта, чунин ҳамоишҳо шакли давраиро касб кунанд ва дар худи кишварҳо низ созмон ёбанд.