Барак Обама: артишро аз Ироқ бояд берун овард

Барак Обама ҳини дидораш аз Урдун гуфт, барои Амрико ҳаётан муҳим аст, баъзе нерӯҳои низомиашро аз Ироқ ба Афғонистон интиқол диҳад.

Зимни нишасти матбуъотӣ дар пойтахти Урдун шаҳри Уммон Обама афзуд, “мо нахуст ба Афғонистон рафтем, чунки ин ҷабҳаи марказии ҷанг алайҳи терроризм мебошад. Маҳз дар қаламрави ин кишвар нақшаи ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 тарҳрезӣ шуда буд. Имрӯз дар Афғонистон ва манотиқи марзии Покистон Алқоида ва Толибон барои амнияти мардуми Афғонистон ва Покистон хатари афзояндаро ташкил медиҳанд ва дар ҳоли тарҳрезии ҳамалоти нав бар зидди ИМА мебошанд”.


Обама гуфт, агар ӯро раисиҷумҳур интихоб кунанд, ӯ дар зарфи 16 моҳ воҳидҳои ҷангии амрикоиро аз Ироқ хориҷ хоҳад кард. Тибқи нақшаи Обама дар Ироқ теъдоди начандон зиёди сарбозон хоҳад монд, ки танҳо барои тамрини низомиёни ироқӣ ва таъмини амниятӣ амалиётҳои ғайринизомӣ кифоят кунад.

Айни ҳол дастикам 150 ҳазор артиши ИМ дар Ироқ мустақаранд.
Обама гуфт, бино ба иттилоъи фармондеҳон дар Афғонистон барои мубориза бо толибон онҳо ба 10 ҳазор сарбози иловагӣ ниёз доранд. Вай вазъи Афғонистонро хатарнок ва нигаронкунада хонда гуфт, Амрико бояд гомҳои заруриро дар зудтарин фурсат бардорад.

Обама таъкид дошт, ки марзи Покистон ва Афғонистон мавзеъҳои беназорати зиёд дорад ва ин имкон медиҳад ҷангҷӯён, ки дар хоки Покистон тамрин мебинанд ба осонӣ вориди Афғонистон гарданд. Ин ситезаҷӯён, гуфт вай, алайҳи артиши ҳукуматӣ ва НАТО ҳамлаҳо анҷом дода, ба қароргоҳҳои худ дар Покистон бармегарданд. Номзад аз ҳизби демократӣ дар робита ба ин гуфт, ки Амрико бояд фишорашро ба ҳукумати Покистон афзоиш диҳад то, ки он идораи минтақаҳои наздимарзиаш бо Афғонистонро тақвият бахшад. Ҳамзамон вай изҳори ақида намуд, ки худи Афғонистон барои расидан ба демократияи солим ба ислоҳот ниёз дорад. Обама гуфт, ин нуктаро ӯ ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай низ матраҳ кард.

Дар мавриди Ироқ номзад аз Ҳизби демократӣ гуфт, раёсати Ироқ бояд аз беҳбудёбии вазъи амниятӣ истифода бурда, аз тариқи ҷалби сунниҳои бештар ба ҳукумати аксаран шиамазҳаб ба пешрафти сиёсӣ ноил гардад. Обама афзуд, мулоқотҳое, ки ӯ бо фармондеҳон дар Ироқ дошт, ӯро мутақоид карданд, ки ҷадвали замонӣ хуруҷи артиши пешниҳодкардааш амалишаванда аст. Гарчанде, ки раёсати сиёсии Ироқ тарҳи ӯро ба пуррагӣ дастгири накарданд, мақомоти ироқӣ дар навбати худ талаб доранд, ба ҳузури низомии Амрико тибқи шартҳои ҳамсони шартҳои Обама хотима дода шавад. Обама гуфт, хуруҷи нерӯҳоро тамоми мардуми ИМА мехоҳад ва дар айни ҳол ҳукумати Ҷоҷр Буш инро дарк намуда, тарҳи шабеҳро пешниҳод кардааст.