Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Конфаронси исломӣ рӯзи душанбе дар Туркия дар пасманзари нигарониҳои Ғарб перомуни феҳрасти меҳмонони ин нишаст оғоз ба кор хоҳад кард.
Дар нишасти Истанбул қарор аст, сарони кишварҳои ин созмон, ки дар маҷмӯъ 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, рӯи масоили рушди тиҷорат ва мубориза бо фақр дар ҷаҳони Ислом тамаркуз кунанд.
Аммо ҳузури раҳбароне, чун руасои ҷумҳуриҳои Судону Эрон Умар Ҳасан ал-Башир ва Маҳмуди Аҳмадинажод аз мавзӯъҳоест, ки соир масоили аслии матрӯҳа дар дастури кори нишасти Истанбулро зери соя қарор додааст.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ раҳбари Судон ал-Баширро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам шинохта, дастури боздошти ӯро содир кардааст. Башир ба судури амри ҳамлаҳо алайҳи мардуми осоишта дар вилояти Дарфури кишвараш айбдор мешавад.
Туркия, ки то кунун паймони соли 2002 имзошуда дар мавриди мақоми Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро тасвиб накардааст, гуфт, ки қасди боздошти Баширро надорад.
Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлӯ низ рӯзи шанбе ширкати Умар Башир дар нишасти Истамбулро як амри табиӣ номид ва гуфт, “ин нишасти бисёрҷониба аст. Судон узви Созмони Конфронси исломист ва барои руасои ҷамоҳир ширкат дар ин нишаст як амри табиист. Ин мисли ширкат дар нишастҳои Созмони Милал ваё Иттиҳоди давлатҳои Африқо ваё ҳар як созмони дигар аст. Аз ин рӯ, ман инро қабул надорам. Алайҳи ӯ парванда вуҷуд дорад, вале ҳанӯз ҳукме содир нашудааст. Ин феълан хеле рӯшан аст.”
Феҳрасти меҳмонони нишасти якрӯзаи Истанбул ба нигарониҳое афзуд, ки мегӯянд, Туркия, ин кишвари номзад ба узвияти ИА ва муттаҳиди муҳими Амрико дар минтақа аз масири сиёсати хориҷии рӯ ба Ғарбаш берун шуда, аз Исроил низ ҳарчӣ бештар фосила мегирад.
Ширкати раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳамоиши Истанбул низ дар пасманзари пирӯзии ӯ дар интихоботи пурбаҳси 12-уми июн ва идомаи таниши Теҳрон бо Ғарб бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон сурат мегирад.
Дар моҳи октябр сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷараёни сафари давлатиаш ба Эрон эълон кард, ки барномаҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомезанд. Тайи ин сафар миёни Туркия ва Эрон чанд қарордоди ҳамкорӣ дар соҳоти энержӣ низ ба имзо расид.
Интизор меравад, дар нишасти рӯзи душанбеи сарони Созмони Конфаронси исломӣ дар Истанбул раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос низ ширкат биварзанд.
Маҳмуд Аббос ахиран бо изҳори таассуф аз амалкардҳои раисиҷумҳури Амрико Барак Обама эълон кард, ки азми гузоштани номзадиаш ба раҳбарии ташкилоти худгардон дар интихоботи рӯзи 24 январи соли ояндаро надорад. Қаҳри Маҳмуд Аббос аз ақибнишинии маъмурияти Обама аз талаби қатъи шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдун маншаъ мегирад.
Меҳмони дигари нишасти Истанбул раҳбари Афғонистон Ҳомиди Карзай аст, ки нахустин сафараш ба хориҷа дар пайи интихоби дуборааш ба мақоми раёсати он ҷумҳуриро анҷом хоҳад дод. Карзай дар пайи аз ширкат дар даври дуввуми раъйгирӣ даст кашидани танҳо рақиби боқимондааш Абдуллоҳи Абдуллоҳ барандаи интихобот эълон шуд.
Қароргоҳи созмони Конфронси кишварҳои исломӣ дар Ҷидда - пойтахти Арабистони Саудӣ буда, ин созмон 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро муттаҳид ва аз беш аз 1 миллиард мардуми мусалмон намояндагӣ мекунад. Ин гурӯҳ соли 1969 ба манзури ҳифзу таъмини манофеъи ҷаҳони Ислом замоне таъсис ёфт, ки Ҷанги сард кишварҳои мусалмониро низ дар сангарҳои мухталиф ва гоҳо муқобил қарор дода буд.
Аммо ҳузури раҳбароне, чун руасои ҷумҳуриҳои Судону Эрон Умар Ҳасан ал-Башир ва Маҳмуди Аҳмадинажод аз мавзӯъҳоест, ки соир масоили аслии матрӯҳа дар дастури кори нишасти Истанбулро зери соя қарор додааст.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ раҳбари Судон ал-Баширро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам шинохта, дастури боздошти ӯро содир кардааст. Башир ба судури амри ҳамлаҳо алайҳи мардуми осоишта дар вилояти Дарфури кишвараш айбдор мешавад.
Туркия, ки то кунун паймони соли 2002 имзошуда дар мавриди мақоми Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро тасвиб накардааст, гуфт, ки қасди боздошти Баширро надорад.
Яке аз меҳмонони нишасти Истанбул Умар Ҳасан ал-Башир - сарвари давлати Судон аст, ки Додгоҳи байнулмилалӣ ӯро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанги дохилӣ муттаҳам дониста, дастури боздошташро содир кардааст
Иттиҳоди Аврупо ахиран аз Анқара хост, тасмимаш ҷиҳати даъвати раҳбари Судон ба нишасти сарони Созмони Конфаронси исломиро бознигарӣ кунад. Аммо раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул ба дунбол ИА-ро ба дахолат айбдор кард.Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлӯ низ рӯзи шанбе ширкати Умар Башир дар нишасти Истамбулро як амри табиӣ номид ва гуфт, “ин нишасти бисёрҷониба аст. Судон узви Созмони Конфронси исломист ва барои руасои ҷамоҳир ширкат дар ин нишаст як амри табиист. Ин мисли ширкат дар нишастҳои Созмони Милал ваё Иттиҳоди давлатҳои Африқо ваё ҳар як созмони дигар аст. Аз ин рӯ, ман инро қабул надорам. Алайҳи ӯ парванда вуҷуд дорад, вале ҳанӯз ҳукме содир нашудааст. Ин феълан хеле рӯшан аст.”
Феҳрасти меҳмонони нишасти якрӯзаи Истанбул ба нигарониҳое афзуд, ки мегӯянд, Туркия, ин кишвари номзад ба узвияти ИА ва муттаҳиди муҳими Амрико дар минтақа аз масири сиёсати хориҷии рӯ ба Ғарбаш берун шуда, аз Исроил низ ҳарчӣ бештар фосила мегирад.
Ширкати раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳамоиши Истанбул низ дар пасманзари пирӯзии ӯ дар интихоботи пурбаҳси 12-уми июн ва идомаи таниши Теҳрон бо Ғарб бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон сурат мегирад.
Дар моҳи октябр сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷараёни сафари давлатиаш ба Эрон эълон кард, ки барномаҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомезанд. Тайи ин сафар миёни Туркия ва Эрон чанд қарордоди ҳамкорӣ дар соҳоти энержӣ низ ба имзо расид.
Дар нишасти Истанбул қарор аст, сарони кишварҳои исломӣ рӯи масоили рушди тиҷорат ва мубориза бо фақр дар ҷаҳони Ислом тамаркуз кунанд ...