Шӯришиёни чечен раҳбари худро иваз карданд

Доку Умаров, фармондеҳии чирикиҳои чечен (аз тарафи рост) ҷои худро ба Асламбек Вадалов дод

Табдили раҳбари аввали чирикиҳои ҷудоиталаби чечен – аз мақоми фармондеҳии чирикиҳо рафтани Доку Умаров ва интисоби Асламбек Вадалов ба ҷойи ӯ - дар матбуот, ба хусус дар расонаҳои Русия сарусадои зиёде ба по кардааст.
Маҳофил бештар ба ин паҳлуи масъала мепардозанд, ки оё далели аслии рафтани Умаров ва омадани Вадалов чӣ буд? Оё дар воқеъ, тавре чирикиҳои чечен мегӯянд, иллат дар вазъи сиҳҳати Доку Умаров буд ё ин тағйироти ба истилоҳ кадрӣ дар ҳаракати ҷудоихоҳии Қафқози шимолӣ аз бӯҳрони наве дар ин ҳаракат низ дарак медиҳад?

Ва ҳам, албатта, суоли дигар ин аст, ки ба дунболи ин тағйирот ҷунбиши ҷудоиталабӣ дар ин минтақаи ошӯбзадаи Русия акнун ба кадом самту сӯ майли ҳаракат хоҳад кард?

10 соли муқовимати чирикиҳои чечен

Шӯришиёни чечен
Асламбек Вадалов тайи чизе бештар аз 10 соли ҷанги дуввуми Чеченистон чаҳорумин нафарест, ки раҳбари чирикиҳои ҷудоиталаби Чеченистон интихоб мешавад.

Ду раҳбари аввали онҳо – Аслан Масхадов ва Абдуҳалим Сайдуллоев – дар натиҷаи амалиётҳои нирӯҳои вижаи Русия кушта шуданд. Доку Умаров, ки дар моҳи июни соли 2006 фармондеҳи аввали чирикиҳо интисоб шуд, рӯзи 1 август тавассути як навори видеоии дар Интернет нашршуда ба ҳамсафонаш хабар дод, ки аз мақом канор меравад ва Асламбек Вадалов ҷойгузини ӯ хоҳад шуд:

“Ман аз мақом меравам. Имрӯз ман дар воқеъ бар ин назарам, ки бародари мо Асламбек, ки ҷавонтар аст, нирӯи бештар дорад ва натоиҷи дигаре ба даст хоҳад овард. Аммо ин ба маъное нест, ки ман аз ҷиҳод канор биравам. Иншоллоҳ, ман ҳамчун муҷоҳиди солдида чӣ бо гуфтор ва чӣ бо кирдор, тамоми кореро, ки аз дастам меояд, анҷом хоҳам дод.”


Амири “Аморати воҳиди Қафқоз”

Доку Умаров
Доку Умаров, ки дар ин навор ҳамроҳ бо Асламбек Вадалов ва мушовири дасти росташ Ҳусейн Гакаев зоҳир мешуд, аз ҳамсафони худ дар соир ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ ҳам даъват кард, то номзадии Вадаловро бипазиранд. Қарори маълум, Умаров дар 4 соли пеш дар пайи кушта шудани Абдуҳалим Сайдуллоев аз сӯи ҷудоиталабон раисиҷумҳури Ичкерия баргузида шуд.

Аммо баъди як сол ӯ худро амири аморати воҳиди Қафқоз эълон кард, ки дар тасаввури ҷудоиталабон ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ ва бархе вилоёти дигари ҷануби Русияро дар бар хоҳад гирифт.

Таҳлилгарон аз ҳамсафони худ машварат хостани Умаровро шеваи тозае дар амри интисоби фармондеҳи аввали чирикиҳо медонанд ва мегӯянд, аз марзи танҳо Чеченистон фаротар рафтани аҳдофи чирикиҳост, ки машварат бо ҳамсангарони онон аз Ингушистону Доғистон ва соъир манотиқи ҷануби Русияро акнун ҳатмӣ кардааст.

Бӯҳрон дар ҳаракати чирикиҳо?

Шореҳи Радиои Озодӣ Вадим Дубнов бар ин назар аст, ки бо вуҷуди дар густураҳои назар ба гузашта хеле тангтаре маҳдуд шудани ҳаракати ҷудоихоҳони Қафқози шимолӣ набояд рафтани Доку Умаровро ҳамчун аломати бӯҳрони ҷиддие дар ин ҳаракат маънидод кард:

“Ба назари ман, ӯ дар воқеъ дар шароите қарор дорад, ки аз нигоҳи ҷисмонӣ наметавонад ба муқовимат раҳбарӣ кунад. Вале фикр намекунам, ки ин бӯҳрони ҳаракати чирикиҳо бошад. Сухан дар ин ҷо дар бораи табдили наслҳо меравад. Агар Доку Умаров тавони идомаи раҳбариро медошт, ҳаргиз истеъфо намедод, чунки онҳо хуб медонистанд, ки чунин иқдом бидуни тардид сарусадоҳо дар бораи бурузи бӯҳрони раҳбарӣ дар суфуфи чирикиҳоро ҳатман ба вуҷуд меорад.”

Расонаҳои русӣ дар ин робита аз як талоши заҳролуд кардани Доку Умаров дар тирамоҳи соли гузашта ҳам сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, ҳарчанд Умаров аз ин сӯъиқасд ҷон ба саломат бурд, вале ба ҳар сурат, асароти ҳамон заҳри қотил буд, ки барои чанд моҳ аз по уфтод ва дигар маҷолу нирӯи раҳбарии фаъолона бар нирӯҳои зери дасташро гум кардааст. Ин иддао аз ҷониби мақомоти Русия таъйид ё радд нашудааст.

Масъули ҳамлаҳо дар Маскаву Петербург


Доку Умарови феълан 46-сола аз соли 1994, ҳанӯз аз оғози ҷанги аввал ба сафи чирикиҳо пайвастааст. Ӯ дар ин авохир масъулияти як силсила ҳамлаҳои пурсарусадо, аз ҷумла бомбгузориҳои моҳи март дар метрои Маскавро, ки дастикам 40 кушта ва 100 захмӣ ба ҷо гузошт, ва бомбгузории моҳи ноябр дар қатори Маскав –Санкт-Петербургро, ки мунҷар ба ҳалокати 26 нафар шуда буд, бар ӯҳда гирифт. Ҳам Русия ва ҳам Амрико Доку Умаровро дар рӯйхати террористҳо шомил кардаанд.

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Чеченистон дар нахустин вокунишаш ба истеъфои Умаров гуфт, таъқиби ӯ бо суръати пешин идома хоҳад кард. Рамазон Қодиров Доку Умаров ва ҳамсангарони ӯро роҳзанҳое номид, ки “дари худро ба сӯи охират барои абад бастаанд.” Аммо оне, ки ба ҷойи Умаров меояд, кист?

Пешвои нави шӯришиён

Дар бораи Асламбек Вадалов маълумоти зиёде дастрас нест. Ба ҷуз инки синнаш зери 40 буда, дар ҳарду ҷанги Чеченистон ширкат ва то интисобаш ба мақоми аввал фармондеҳии ҷабҳаи шарқии аморати Қафқозро бар дӯш доштааст. Бархе расонаҳои русӣ дар бораи ширкати ӯ дар чанд амалиёт, аз ҷумла ҳамла ба чанд русто дар кӯҳистони ҷануби Чеченистон ва қатли маъмурони милиса хабар медиҳанд.

Худи Вадалов, ки ҳангоми эълони истеъфои Доку Умаров дар канораш меистод, фақат як ҷумла гуфт, ки ба гуфтаҳои Умаров чизе изофа надорад ва мунтазири посухи ҳамсафонаш хоҳад нишаст, ки оё раҳбарии ӯро эътироф хоҳанд кард ё хайр.

Таҳлилгари Радиои Озодӣ Лиз Фуллер мегӯяд, дар интисоби Асламбек Вадалов ба ҷойи Умаров ғолибан садоқаташ ба фармондеҳи пешин нақши асосӣ дорад: “Ӯ ҳамчун як нафари шахсан ва саддарсад сарсупурда ба Умаров маъруф аст. Ва дар ин гурӯҳи хеле муҳкам, ки ҳамеша мувозеҳи вуруди гумоштаҳои ФСБ мебошад, садоқат ва сарсупурдагӣ, албатта, як тақозои калидист.”

«Муқовимат бештар мешавад»

Бо ин ҳол, Григорий Шведов, сардабири сомонаи иттилоотии “Кавказский узел” мегӯяд, набояд бо рафтани Доку Умаров умедвори коҳиш ёфтани мизони муқовимат ва амалиётҳои чирикӣ дар Қафқози шимолӣ шуд, балкӣ баръакс. Ба эътиқоди ӯ, зуҳури раҳбарони навъи ҷадид ва насли ҷадид дар шароити кунунӣ ба як тамойюли асосӣ дар ҷабҳаи муқовимат дар Қафқози шимолӣ табдил ёфтааст:

“Ҷангиёни зиёде дар деги ҳамлаҳову шабехунҳои хеле мураккаб пухта шуданд. Ва раҳбарони насли ҷадид бо як садои баланд аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ин хабари охир чизе ғайримунтазира набуд, балкӣ нишон медиҳад, ки мизони муқовимат ва амалиёти ҷангӣ фурӯ нахоҳад нишаст. Теъдоди ҳамалот кам нахоҳад шуд.“


Аҳмад Закаев, намояндаи собиқи ҷудоиталабони чечен дар Аврупо, ки бо Доку Умаров хусумати ошкор дошт, мӯътақид аст, ки Асламбек Вадалов намояндаи як дидгоҳ ва ҷаҳонбинии комилан мутафовит аст ва бо рафтани Доку Умаров ва омадани Вадалов саҳифаи наве дар китоби муқовимати чеченҳо боз хоҳад шуд. Вале суол ин аст, ки исми Вадалов дар ин саҳифа бо кадом рангҳое навишта хоҳад шуд?