Оғози сохтмони лӯлаи нави гази Русия ба Аврупо

Имрӯз дар шаҳри Виборги Русия сохтмони хатти аввали лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” расман оғоз ёфт. Ду лӯлаи “Маҷрои шимолӣ” бояд гази Русияро тавассути баҳри Балтик ба Олмон расонад.
Дар расми ифтитоҳи “Маҷрои шимолӣ” дар шаҳри Виборг раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, сарвазири Ҳолланд Ян Петер Балкененде ва куммиссари энержии ИА Гюнтер Оттингер ширкат карданд.

Медведев гуфт, ин лӯла барои нахустин бор интиқоли мустақими гази Русия ба Аврупои ғарбиро, бидуни убури кишварҳои транзитӣ таъмин мекунад. Вай афзуд, “лӯлаи газ таъмини собити маводи сӯхтро барои истифодабарандагони аврупоӣ муҳайё месозад.”

Ду хатти гази “Маҷрои шимолӣ” дар маҷмӯъ қодир ба ҳамлунақли то 55 миллиард метри мукааб гази табииӣ дар сол буда, 1222 километр тӯл дорад, ки аз ин лиҳоз тӯлонитарин лӯлаи гази зериобӣ дар ҷаҳони имрӯз хоҳад шуд.

Нуқтаи ниҳоии “Маҷрои шимолӣ” бандари Грейфсвалди Олмон хоҳад шуд ва интизор меравад, хатти аввали он алакай дар соли 2011 ва хатти дуввумаш соле баъд ба истифода дода шавад.

Ҳазинаи умумии эҳдоси ин лӯлаи бузург чизе дар ҳудуди 7 миллиарду 400 миллион евро, муодили тақрибан 10 миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад.

Ҷонибдорон ва мухолифони тарҳ

Расми ифтитоҳи ин сохтмон ба дунболи чандин соли барномарезиву баҳсҳои тӯлонӣ доир мешавад. Ҷонибдорони тарҳи мазкур, аз ҷумла ҳама ҳукуматҳое, ки дар Олмон дар ин чанд сол рӯи кор омаданд, “Маҷрои шимолӣ”-ро ҳамчун як манбаи дигари дастрасӣ ба энержии Русия сахт мунтазиранд.

Бар хилофи лӯлаҳои кунунии гази Русия, “Маҷрои шимолӣ” бидуни убур аз ҳудуди кишварҳои транзитӣ то ба Олмон кашида хоҳад шуд ва газе, ки тавассути он ба Аврупо хоҳад расид, табъан барои харидорони газ бидуни пардохти ҳаққи пурҳазинаи транзит тамом хоҳад шуд.

Аммо мухолифини лӯла мегӯянд, ки сохта шудани “Маҷрои шимолӣ” вобастагии бештари Олмон аз манобеи энержии Русияро дар пай хоҳад овард. Ва он ҳам дар ҳоле ки Аврупо ба сурати умум бо ҳадафи коҳиш додани мизони вобастагии худ аз газу нафти Русия роҳҳои алтернативии воридоти энержиро меҷӯяд.

Роҳи алтернативӣ ба Аврупо

Феълан ҳудуди 50 дарсади воридоти нафту газ ба ИА маҳз аз Русия сурат мегирад, вале бо дарназардошти тамойюлҳое, ки феълан дар бозори энержии қораи Аврупо мушоҳида мешаванд, ин рақам то соли 2020 метавонад ба 70 дарсад бирасад ва Аврупоро боз ҳам бештар вобастаи манобеъи маводи сӯхти Русия кунад.

Тайи солҳои охир Маскав бо Украина, ки як кишвари умдаи транзитӣ дар роҳи содироти гази Русия ба Аврупост, ба таври мукаррар бар сари нархи газ вориди баҳсҳои тезутунд шуд, ки дар натиҷааш таъмини кишварҳои узви ИА бо газ осеб дид. Ва ҳар дафъа дар айни ҷӯши мавсими сармо, ки ниёз ба маводи сӯхт дар қораи Аврупо хеле бузург ва як масъалаи ҳаётист.

Чунин сурати ҳол нигарониҳоеро ба бор овард, ки Русия метавонад аз манобеи энержиаш ба ҳайси аҳроми фишор алайҳи ИА истифода барад. Ҳамон гуна ки Маскав алакай чандин бор аз ин аҳром алайҳи ҳамсояҳояш, аз ҷумла бар зидди Украина ва Гурҷистон истифода бурдааст.

Вале дар рӯзи ифтитоҳи лӯлаи “Маҷрои шимолӣ”, албатта, таъкид на рӯи нигарониҳои мавҷуда дар бораи тарҳи мазкур, балкӣ рӯи нукоти дигар буд. Аз ҷумла рӯи ин омил, ки ин барнома метавонад Русияву кишварҳои ИА-ро ба сӯи ҳамкории боз ҳам танготанг ҳидоят кунад, то ба сӯи рақобат.

Далели дигари ҳомиёни “Маҷрои шимолӣ” ин аст, ки ин барнома мизони вобастагии Русия аз бозори энержии Аврупоро низ ба навбаи худ ба гунаи қобили мулоҳиза хоҳад афзуд. Дар ҳоли ҳозир 60 дарсади содироти Русия аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт аст, ки тақрибан нисфаш аз тиҷорат бо ИА ба даст меояд.

Хатари муҳитзистии «Маҷрои шимолӣ»

Мӯъҷиби дигари нигарониҳо дар қиболи лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” марбут ба масоили муҳити зист буд. Мухолифини тарҳ изҳори ташвиш мекарданд, ки фаъолияти ин лӯла баҳри бе ин ҳам сахт олудаи Балтикро олудатар хоҳад кард.

Финландия аз ҷумла ба ҳамин далел тайи чандин сол ба эҳдоси “Маҷрои шимолӣ” мухолифат меварзид. Вале билохира дар ҳамин моҳи феврал бо чунин шарт, ки киштиҳои марбут ба сохтмони ин лӯла дар обҳои минтақаи озоди иқтисодии Финландия лангар нахоҳанд партофт, ба иҷрои тарҳи ин лӯла ризоият дод. Шветсияву Дания ва Олмон, ки ин лӯла аз ҳарими обии онҳо хоҳад гузашт, низ ба сохтани он мувофиқат кардаанд.

51 дарсади саҳмияҳои “Маҷрои шимолӣ” дар дасти ширкати “Газпром”-и Русия буда, 40 дарсади саҳмияҳояш дар ихтиёри “Винтершалл” ва “Рургаз”, ду ширкати олмонист. 9 дарсади боқиро дар ин консортсиум ширкати ҳолландии “Газуние” ба худ ихтисос додааст.