Ҳаёти тоҷикони Қазоқистон

Дар Қазоқистон тибқи омори расмӣ беш аз 45 ҳазор нафар тоҷикон ба сар мебаранд, вале бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи тоҷикон дар ин кишвар болотар аз 70 ҳазор нафар аст.

Ағлаби тоҷикон дар қисмати ҷанубии кишвар, ба вижа дар ноҳияҳои Сариоғоҷу Махтаарал ва шаҳрҳои Чимканду Тароз зиндагӣ мекунанд. Бар илова, баъди нооромиҳо дар Тоҷикистон охири садаи гузашта шумораи зиёди тоҷикон ба Қазоқистон муҳоҷир шуданд ва баъдан теъдоде аз онҳо шаҳрвандии ин кишварро пазируфтанд. Аз ин хотир алъон дар ин ҷумҳурӣ 10 маркази фарҳангии тоҷикон ташкил карда шудааст, ки онҳо ба ҷуз аз шаҳрҳои Алмаатову Остона ва ноҳияҳои Махтааралу Сариоғоҷ ҳамчунин дар шаҳрҳои Кокшетаву Петропавловск, Ҷамбулу Чимканд ва Қарағандаву Костанай фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи Акабой Худойқулов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистони ҷанубӣ, дар ин кишвар барои рушду густариши фарҳанг ва ҳифзи расму русум ва суннатҳои тоҷикон чун ба ҳамаи қавмҳои кишвар шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст ва тоҷикон ҳама ҷашнҳои миллии худро дар сатҳи баланд дар ин ҷо таҷлил мекунанд. Дар маҳалҳое, ки мардуми тоҷик ба таври сарҷамъ зиндагӣ мекунанд, дар он ҷойҳо мактабҳои тоҷикӣ ташкил карда шудаанд.

Акабой Худойқулов мегӯяд, «дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ зиёда аз 35 ҳазор тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дар ин ҷо барои нигоҳ доштани забон, урфу одат ва маданияти тоҷик Маркази миллии тоҷикон боз кардаем. Ёздаҳ мактаби тоҷикӣ дорем ва ағлаби тоҷикон ба забони худ таҳсил мегиранд. Баъд аз хатми мактаби миёна баъзе ҷавонон ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон рафта, таҳсили худро дар он ҷо давом медиҳанд».

Сарвари маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистони ҷанубӣ мегӯяд, ки соли гузашта тибқи қарордоде, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расида буд, анқариб 50 нафар хатмкардаи макотиби Қазоқистон ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон дохил шуда, таҳсилро дар ватани бобоиашон идома медиҳанд ва фардо баъди хатми донишгоҳҳо дар Қазоқистон кор хоҳанд кард. Ин иқдом барои бо кадрҳои омузгорӣ ва дигар мутахассисон таъмин намудани Қазоқистон ёрӣ мерасонад.

Ҳамчунин Тоҷикистон барои бо китобҳои дарсӣ ва дигар асбобҳои аёнӣ таъмин намудани макотиби тоҷикии Қазоқистон кӯмак мекунад. Ба марказҳои фарҳангӣ бошад, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ фиристода мешаванд то барои ташкил кардани дастаҳои ҳунарии тоҷикӣ мусоидат намоянд. Дар худи Қазоқистон низ барои омода кардани китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ тадобир андешида мешавад. Ду сол қабл бо ёрии донишмандони тоҷик дар Алмаато ду китоби дарсии тоҷикӣ - яке «Алифбо» ва дигаре «Китоби хониш» - омода ва нашр гардиданд, ки дар онҳо талаботи макотиби ин кишварро ба назар гирифтаанд.

Вале, ба андешаи оқои Худойқулов, ағлаби китобҳое, ки аз Тоҷикистон мерасанд, ба барномаи таълимии Қазоқистон мутобиқат намекунанд, зеро дар онҳо таърих ва шароити Тоҷикистон оварда шудаанд. Акнун, ба таъкиди сарвари Маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистони ҷанубӣ бояд он китобҳоро низ дар худи ин кишвар нашр кард.

Вай афзуд, «мушкиле дорем марбут ба китобҳои дарсӣ, ки онро бояд бо вазорати маорифи Қазоқистон ҳал кард. Як гурӯҳи тарҷумонони китобҳо ташкил кунем, масъалаи китоб ҳам ҳал хоҳад шуд».

Як мушкили дигари тоҷикони Қазоқистон ин аст, ки қаблан дар ин ҷо бештар макотиби қазоқиву узбакӣ ташкил карда мешуданд, вале ба мактабҳои тоҷикӣ чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намешуд. Аз ин хотир бархе аз фарзандони тоҷик дар макотиби қазоқиву ӯзбакӣ ва русӣ таҳсил карда, аз забон ва фарҳанги хеш дур мемонданд. Акнун, тавре оқои Худойқулов мегӯяд, вазъро онҳо тағйир дода истодаанд:

«Дар маҳаллаҳое, ки бештари аҳолиашон тоҷиконанд, синфҳои тоҷикӣ кушода истодаем. Масалан, дар мактабҳои ба номи Ясавӣ, Ҷомӣ, Рӯдакӣ ва Турсунзодаи ноҳияи Махтаарал пеш синфҳои узбакӣ бошад, ҳоло синҳои тоҷикӣ кушода истодаем».

Вале, дар ҳар сурат, дар Қазоқистон шумораи зиёди фарзандони тоҷик имкони таҳсил ба забони модарӣ надоранд ва ин омил боиси дур гардидан аз забон ва фарҳанги хеш ва гум кардани забони модарӣ мешавад. Дар ин бора Турдибой Табуров, як тан аз тоҷикони шаҳри Тароз, гуфт, «мо мактаби тоҷикӣ надорем. Ҳоло ду мактаби ӯзбакӣ дорем ва тоҷикон дар мактаби узбакӣ мехонанд».

Вале ҳукумати Қазоқистон, мегӯянд ҳамсӯҳбатони мо, бештар аз пештар ба рушди фарҳангу забони қавму миллатҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳ медиҳад ва дар ин ҷо дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҳамсоя имкон ва таваҷҷӯҳи зиёде ҳаст то ин масъала бо роҳи ташкил кардани дарсҳои омӯзиши забони модарӣ ба андозае ҳал гардад. Зеро, тавре ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, адами таҳсил бо забони модарӣ ва дар муҳити хонаводагӣ боқӣ мондани забон он дар ниҳояти кор аз байн хоҳад рафт.

Акабой Худойқулов мегӯяд «яке аз сабабҳои аз забони хеш дур гардидани тоҷикон ин аст, ки бархе аз онҳо ба забони худ таҳсил намегиранд. Агар ба забони худ таҳсил мегирифтанд ва ё барояшон мактабҳои забону таърихомӯзӣ, яъне мактабҳои рӯзи истироҳат мекушоданд, ин барои гум накардани забон ва минбаъд ба забони модарӣ таҳсил кардан ёрӣ мерасонд. Ва ё ҳадди ақал дар синфҳои узбакӣ барои тоҷикон дарсҳои факултативӣ ташкил мекарданд, хуб мешуд».

Ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, ки алъон муносибат ба забону фарҳанг дар байни тоҷикони Қазоқистон назар ба солҳои қабл комилан дигар шудааст ва ба вуҷуд омадани синфхонаҳои нави тоҷикӣ дар мактабҳои қазоқиву узбакӣ ин гуфтаро бори дигар таъйид мекунад. Акнун бошад, дар Қазоқистон кӯшиш доранд, ки Маркази фарҳангии тоҷикони кишварро ташкил намоянд ва ин созмони ҷамъиятӣ, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, дар ҳалли ҳар гуна мушкилоти тоҷикон, ба вижа дар мавриди мактабу маориф ва ҳифзи забону фарҳанг ва анъанаву русуми хеш, мусоидат хоҳад кард.