Порлумони Ҷумҳурии исломӣ таҷдид мешавад (аксҳо)

Дар шароити танишҳои афзоянда бар сари барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон, Ҷумҳурии исломӣ интихоботи парлумониашро доир мекунад.

Раҳбарони кишвар мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват карда, умедворанд, ки раъйдиҳандагон дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард. Барои ишғоли 290 курсии порлумони Эрон имрӯз 4500 довталаб мубориза мебаранд ва аксари онҳо аз нерӯҳои муҳофизакор намояндагӣ мекунанд.

Дар пешорӯи интихоботи Шӯрои Нигаҳбон ҳудудан 1700 номзадро, ки ғолибан аз ҷабҳаи ислоҳотхоҳ намояндагӣ мекарданд, бо иттиҳоми ин ки ба арзишҳои инқилоби соли 1979 ва ормонҳои ҷумҳурии исломӣ чандон пойбанд нестанд, ба интихобот роҳ надод. Аммо он номзадҳои ислоҳотхоҳ, ки ба сабқат роҳ ёфтанд, чандон хуб шинохташуда нестанд. Ба ин тартиб, нирӯҳои мӯътадил шонси ташкили аксариятро дар Маҷлис аз ҳоло мешавад гуфт, ки аз даст додаанд, танҳо ҳадафи онҳо ҳоло ин аст, ки 40 курсии дар ихтиёрдоштаи худро дар парлумон ҳифз кунанд.

Аммо ҳоло, раҳбарони аршади кишвар, мисли раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар раъйдиҳӣ иштирок карда, аз ҳамватанон даъват мекунанд, ки пойи сандуқҳои раъй омада овоз диҳанд. Хоманаӣ аз муҳофизакорон пуштибонӣ мекунад ва мегӯяд, ки мардуми Эрон бояд ба парлумон вакилони зиддиамрикоиро оваранд, то ки ба арзишҳои Ислом ва қонуни шариат эҳтиром қоил бошанд.

Барои дастёбӣ ба курсиҳои парлумон асосан ду эътилофи умдаи нерӯҳои мӯътадил мубориза мебаранд: аз як сӯ эътилофи ислоҳотталаб ба раҳбарии раиси ҷумҳурии пешин Муҳаммади Хотамӣ ва аз сӯи дигар - Ҳизби Эътимоди Миллӣ, таҳти раҳбарии раиси пешини Маҷлис Меҳдии Каррубӣ мебошанд.

Ҷабҳаи муҳофизакорон ва ё усулгароён ҳам ҳамингуна асосан аз ду ҷиноҳ иборат мебошад: яке Ҷабҳаи муттаҳиди усулгаро, ки шуморашон зиёда буда, аз сиёсати раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинаҷод пуштибонӣ мекунанд. Ва дигаре Эътилофи фарогири усулгароён мебошад, ки ба ҳайати он муҳофизакорони мунаққиди президент. Ин эътилоф дар навлати худ дар мавқеи иинтиқодомез аз сиёсатҳои Аҳмадинаҷод қарор гирифтааст.

Дар Эрон ҳудудан 44 миллион нафар ҳақи ширкат дар интихоботро доранд ва ширкати фаъоли раъйдиҳандагон дар интихобот аз тақозоҳои муҳим арзёбӣ мешавад. Ин дар ҳоле, ки дар интихоботи парлумонии соли 2004, замоне, ки Шӯрои нигаҳбон ҳамчунон монеи иштироки аксар номзадҳои ислоҳотталаб шуд, танҳо 51 дар сади ҷамъияти қобили раъй дар овоздиҳӣ иштирок карда буданд.