Узбакистон мехоҳад худро як кишвари барои сайёҳони хориҷӣ хеле меҳмоннавоз дар тӯли масири бостонии Роҳи Абрешим муаррифӣ карда, ба хотири рушди риштаи ҷаҳонгардиаш сайёҳони бештари хориҷиро ҷалб кунад.
Холидаи Қодир
Ва аммо Тошканд дар айни ҳол тартиби ироаи раводиди сафар ба Узбакистонро барои хориҷиён боз ҳам сахттар кардааст. Атбои хориҷӣ ин низоми додани раводидро девори бузурге дар роҳи сафар ба Узбакистон ба қалам дода мегӯянд, вақти зиёде, ки барои дарёфти чунин раводид зоеъ мешавад, мардуми зиёдеро аз нияти сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ бармегардонад.
Кӯчаҳои танги қадимае, ки ба сӯи қасру кӯшкҳо ва масҷидҳои бостонӣ мебаранд. Бозорҳои пуриздиҳом ва пурғавғои шарқӣ бо садҳо дӯкондоре, ки молу колои худро бо ҳавас рӯи рафу растаҳои сангӣ чидаанд. Чойхонаҳое, ки фаршу сақф ва дару девору сутунҳояш ҳама аз чӯб наққошӣ шудааст. Ва тӯдаҳои бузурги мардуми либоси суннатӣ дар тан. Чунин аст як тасвири умумӣ аз шаҳрҳои бостонии Узбакистон, назири Бухорову Самарқанд ва Хиваву Қӯқанд, ки тавонистаанд муҳит ва ҳавои қуруни вусторо дар худ ҳифз кунанд.
Узбакистон имрӯз талош дорад аз он осори гаронбаҳое, ки аз қуруни гузашта барои ин кишвар мерос мондааст, ҳаддалимкон сӯди зиёдтар бардорад. Аз ҷумла тавассути ҷалби сайёҳони хориҷӣ. Узбакистон ба ин манзур мехоҳад худро ба ҷаҳонгардоне, ки ҳавову ҳаваси ошноӣ бо таъриху фарҳанг ва таъомҳои Осиёи Марказиро доранд, худро ҳамчун як минтақаи диданӣ ва нотакрори ин сарзамин таблиғ ва муаррифӣ кунад.
Шадидтарин режими раводид
Аммо ҳайратовар ин аст, ки бо вуҷуди ин ҳама талошҳо ба манзури рушди риштаи саёҳияш тартиби ироаи раводиди сафар ба Узбакистон дар Осиёи Марказӣ аз шадидтаринҳост. Ва ҳамин раводид аст, ки орзуи сафар ва тамошои шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказиро ҳанӯз дар марҳалаи дарёфти раводид дар қалби шумори зиёди ҷаҳонгардон ҷавонмарг мекунад.
Ахиран “Узбектуризм”, ширкати давлатии ҷаҳонгардии Узбакистон, намояндагони кишварҳои хориҷиро барои ширкат дар ҷашнвораи байналмилалии солонаи “Сайёҳат дар тӯли Роҳи Абрешим” даъват кард. Ин ҷашнвора, ки бо ҳадафи ҷалби шумори бештари ҷаҳонгардон ба Узбакистон барпо мешавад, дуруст ба замоне рост омад, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ аз Тошканд даъват кард, ки тартиби ироаи раводиди сафарро барои ҷаҳонгардон соддатар кунад.
Узбакистон тайи солҳои охир ба риштаи ҷаҳонгардиаш зиёд маблағгузорӣ карда, дар Тошканд ва дар дигар мавокини таърихиаш як силсила меҳмонсаройҳои саҳти олӣ ва бо хидматрасонии хубтарро бунёд гузошт. Узбакистон ҳамин тавр фурӯдгоҳҳо ва зербинои нақлиёти ҳавоияшро навсозӣ кард ва ба манзури анҷоми парвозҳои байналмилалӣ парки ҳавопаймоҳои то кунун русиашро бо як теъдод ҳавопаймоҳои роҳаттари ғарбӣ, назири “Боинг” ва Эйрбас” такмил кард.
Бино ба навиштаи матбуоти Узбакистон, аз аввали соли ҷорӣ танҳо аз шаҳри қадимаи Хива беш аз 27 000 сайёҳи хориҷӣ, умдатан аз Фаронсаву Олмон ва Испания, дидан кардаанд.
Маъруфияти шаҳрҳои таърихии Узбакистон дар Аврупо
Таня Эванс, мудири як ширкати сайёҳии мақараш дар Лондон бо номи “The Silk Road and Beyond” мегӯяд, ин ожонсӣ тайи солҳои охир барои садҳо бритониёие, ки орзуи тамошои маконҳои таърихии Осиёи Марказиро доштанд, сафар ба Узбакистонро ташкил кардааст. Хонум Эванс мегӯяд, ба фарқ аз кишварҳои дигар, сафар ба Узбакистон танҳо дар пайи анҷоми раванди мураккаб ва тӯлонии дарёфти раводид муяссар мешавад.
Вай мегӯяд, “барои шаҳрвандони Бритониё ва кишварҳои дигари ИА, маъмулан шуморо лозим аст, аз вазорати умури хориҷӣ дар Тошканд иҷозат бигиред. Танҳо баъди он ки онҳо раводиди сафарро барои шумо иҷозат доданд, шумо бояд ба наздиктарин консулхона биравед, то ки мӯҳри раводидро ба шиносномаи шумо бизананд. метавонед. Шумо наметавонед ҳамту ба сафорат рафта, виза бигиред.”
Павел Позняк, корманди ширкати сайёҳии мавсум ба “Адвентур” дар Прага, мегӯяд, ин ширкат ба хоҳишмандон барномаҳои сафар ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро пешниҳод мекунад.
Аммо, мегӯяд Павел Позняк, мушкили дарёфти раводиди сафар ва қимати баланди парвозҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ду монеаи аслианд, ки саёҳони чехро аз нияти сафар ба он минтақа бармегардонанд. Феълан қимати парвози дуҷониба аз Прага то Тошканд беш аз 1000 доллар буда, дар мавсими сайёҳат метавонад боз ҳам боло биравад. Мушкили дигар, ба гуфтаи оқои Позняк, маълумоти нокофӣ дар бораи зербинои саёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дарёфти ҳамкорони мӯътамад аз миёни ширкатҳои маҳаллии ҷаҳонгардист.
Зариф, молики як ширкати саёҳӣ дар Тошканд, ки ширкати хусусии ӯ ҳамроҳ бо як ширкати Амрико ба ташкили барномаҳои сафар ба Узбакистон барои сайёҳони амрикоӣ машғул аст, дарёфти раводиди сафар ба Узбакистонро умдатарин мушкил дар ин тиҷорат медонад. Баҳои раводиди сафар ба Узбакистон барои як туристи амрикоӣ 131 долларро ташкил дода, дарёфти чунин раводид дастикам 10 рӯзро талаб мекунад. Онҳое, ки мехоҳанд чунин раводидро дар 5 рӯз бигиранд, мукаллафанд 197 доллар пардохт кунанд.
Зариф мегӯяд, “виза як мушкили бузург аст. Дарёфти раводиди сафар ба Узбакистон бахусус барои атбоъи як идда кишварҳо сахт аст. Онҳо маҷбуранд муддати тӯлоние мунтазири раводид бинишинанд. Барои мисол, мизоҷони мо аз Амрико раводиди сафар ба Узбакистонро бо мушкили хеле зиёд дарёфт мекунанд.”
Мушкилоти сафари саёҳони тоҷик ба Узбакистон
Режими шадиди виза ва назорати низ шадиди гумрукиву марзӣ, ки Тошканд ҷорӣ кардааст, ҳамин тавр мояи нигаронии сайёҳони зиёде аз кишварҳои ҳамҷавор бо Узбакистон будааст.
Ҷаҳонгир Сабоҳӣ, як соҳибкори тоҷик аз Душанбе, мегӯяд, ки ӯ тобистони ҳарсол ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш ба ватани бобоии худ – Самарқанд сафар мекунад. Оқои Сабоҳӣ мегӯяд, ки қонуншиканиҳое, ки онҳо ҳарсол дар посгоҳҳои марзиву гумрукии Узбакистон мушоҳида мекунанд, ҳар дафъа сайёҳати онҳо ба он кишварро ба як даҳшат табдил медиҳанд.
Ҷаҳонгир меафзояд, ки байни Душанбеву Самарқанд ва ҳамин тавр байни шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Узбакистон ягон хатти парвоз вуҷуд надорад ва мардуми мусофир баъзан маҷбуранд, чандин рӯзро дар марз дар интизори боз шудани марзҳои Узбакистон ба сар баранд.
Зариф аз Тошканд ҳамчунон умедвор аст, ки давлат ин ҳама мониаҳои мавҷуд дар роҳи сайёҳат ба Узбакистонро аз миён бардошта, роҳро барои рушди риштаи ҷаҳонгардӣ дар кишвар ҳамвортар хоҳад кард. Зариф мӯътақид аст, ки роҳи дигаре ба ҷуз аз бардоштани ин саддҳои сунъӣ вуҷуд надорад.
Ва аммо Тошканд дар айни ҳол тартиби ироаи раводиди сафар ба Узбакистонро барои хориҷиён боз ҳам сахттар кардааст. Атбои хориҷӣ ин низоми додани раводидро девори бузурге дар роҳи сафар ба Узбакистон ба қалам дода мегӯянд, вақти зиёде, ки барои дарёфти чунин раводид зоеъ мешавад, мардуми зиёдеро аз нияти сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ бармегардонад.
Кӯчаҳои танги қадимае, ки ба сӯи қасру кӯшкҳо ва масҷидҳои бостонӣ мебаранд. Бозорҳои пуриздиҳом ва пурғавғои шарқӣ бо садҳо дӯкондоре, ки молу колои худро бо ҳавас рӯи рафу растаҳои сангӣ чидаанд. Чойхонаҳое, ки фаршу сақф ва дару девору сутунҳояш ҳама аз чӯб наққошӣ шудааст. Ва тӯдаҳои бузурги мардуми либоси суннатӣ дар тан. Чунин аст як тасвири умумӣ аз шаҳрҳои бостонии Узбакистон, назири Бухорову Самарқанд ва Хиваву Қӯқанд, ки тавонистаанд муҳит ва ҳавои қуруни вусторо дар худ ҳифз кунанд.
Узбакистон имрӯз талош дорад аз он осори гаронбаҳое, ки аз қуруни гузашта барои ин кишвар мерос мондааст, ҳаддалимкон сӯди зиёдтар бардорад. Аз ҷумла тавассути ҷалби сайёҳони хориҷӣ. Узбакистон ба ин манзур мехоҳад худро ба ҷаҳонгардоне, ки ҳавову ҳаваси ошноӣ бо таъриху фарҳанг ва таъомҳои Осиёи Марказиро доранд, худро ҳамчун як минтақаи диданӣ ва нотакрори ин сарзамин таблиғ ва муаррифӣ кунад.
Шадидтарин режими раводид
Аммо ҳайратовар ин аст, ки бо вуҷуди ин ҳама талошҳо ба манзури рушди риштаи саёҳияш тартиби ироаи раводиди сафар ба Узбакистон дар Осиёи Марказӣ аз шадидтаринҳост. Ва ҳамин раводид аст, ки орзуи сафар ва тамошои шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказиро ҳанӯз дар марҳалаи дарёфти раводид дар қалби шумори зиёди ҷаҳонгардон ҷавонмарг мекунад.
Бо вуҷуди талошҳои Узбакистон ба манзури рушди риштаи саёҳияш, тартиби ироаи раводиди сафар ба ин кишвар дар Осиёи Марказӣ аз шадидтаринҳост ...