Сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон Файзалӣ Назаров дар як нишасти хабарӣ гуфт, чор зани мубталои вируси AIDS/HIV ё СПИД фарзанд таваллуд кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз замони ошкор шудани ҳомиладории ин занони мубтало ба ин мараз то лаҳзаи таваллуд ва баъди он низ онҳо таҳти назорати шадиди табибон қарор доштаанд.
Дар ҳамин ҳол Даврон Қунғуротов, сардори маркази мубориза ва пешгирии бемории СПИД-и вилояти Хатлон, иброз дошт, ки то гузаронидани ташхиси лозимӣ наметавон ин тифлонро мубтало ба СПИД ҳисобид. Вай гуфт, танҳо бо гузашти 6 моҳи баъди таваллуд ин кор имконпазир аст.
Гуфта мешавад, ки ду тифли аз модари сироятёфта бадунёомада аз ноҳияи Шаҳритуз ва ду тифли дигар аз ноҳияи Қумсангир мебошанд.
Ба иттилоъи идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, дар ҳоли ҳозир дар ин устон 164 кас мубталои СПИД шудаанд, ки 33 нафари онҳоро занони қобили таваллуд ташкил медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта низ ду зани дигари мубтало ба СПИД дар ин вилоят фарзандони гирифтор ба ин бемориро ба дунё оварда буданд.