Вокуниши Теҳрон ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо

Раисиҷумҳури Эрон пешниҳод кардааст, ки додгоҳе таъсис шавад, то дар он, ба гуфтаи ӯ, ҷинояткорони монеъ ба барномаи ҳастаии Эрон муҷозот шаванд.
Вай ин иддаоро дар посух ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо эълом намудааст. Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупоро Теҳрон “ғайриқонунӣ” номид ва эълом дошт, ки ин гом “эрониёнро ба талоши бештар барои дастёбӣ ба текнолоҷии ҳастаӣ таҳрик медиҳад”.

Дирӯз дар нишасти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург ҳисобҳои намояндагиҳои бузургтарин бонки Эрон – Бонки Миллӣ дар Аврупо мунҷамид ва боз як гурӯҳи мансабдорони эронӣ аз имкони вуруд ба кишварҳои узви Иттиҳодия маҳрум шуданд. Дар Брюссел мутмаинанд, ки Бонки Миллии Эрон барномаи ҳастаӣ ва барномаи тавлиди мушакҳои балластикии кишварро сармоягузорӣ мекунад. Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз як сол пеш Бонки Миллии Эронро ба “рӯйхати сиёҳ” шомил карда буд ва ин тасмим фурӯши ҳама гуна таҷҳизоту технолоҷии ҳастаии аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мамнӯъшуда ба Эронро мушкил кард.

Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе гуфт, тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи таҳримҳои иловагӣ дар ҳоле гирифта шудааст, ки ду бастаи пешниҳодҳо – пешниҳодҳои шаш кишвари пешрафтаи олам ва пешниҳоди Эрон ҳамчун роҳи бурун рафтан аз бӯҳрони феълӣ арзёбӣ мешуданд. Теҳрон ҳанӯз ба бастаи пешниҳодҳои панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони милали Муттаҳида ба изофаи Олмон, ки даҳ рӯз пеш аз сӯи Ҳавиер Солана, масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба мақомоти Эрон ироа шуда буд, посухи қатъӣ надодааст.

Ҳусайнӣ ҳамчунин гуфт, ки “таҳримҳои нав ба манфиатҳои Аврупо дар Эрон латма мезананд”. Ба иттилоъи хабаргузории Ассошейтед Пресс, Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дар посух ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, ки додгоҳи вижа таъсис шавад, то дар он ҳама, ба гуфтаи ӯ, ҷинояткорони монеъ ба барномаи ҳастаии Эрон муҷозот шаванд.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои аврупоияш Эронро дар талоши соҳиб шудан ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва тақозо доранд, ки кишвар ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Ва аммо Теҳрон ҳамеша посух медиҳад, ки барномаи ҳастаи кишвар аҳдофи осоишта дорад ва дастёбӣ ба текнолоҷии ҳастаӣ - ҳаққи мусаллами мардуми Эрон аст.