Ин нишаст, ки рӯзи якшанбе оғоз шуд, масоили муҳиме, чун хушунатҳо дар минтақа, муҳоҷират ва муҳити зистро баҳс мекунад. Мизбони ҳамоиш - раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, ташкили Иттиҳодияи кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин ин минтақаро ба қаламрави сулҳу шукуфоӣ табдил хоҳад дод.
Ва алакай пешрафтҳое дар ин замина дар ҳошияи нишасти Порис ба даст омадааст. Никола Саркози рӯзи шанбе хабар дод, ки Сурия ва Лубнон ҷиҳати ифтитоҳи сафоратхонаҳои худ дар Бейрут ва Димишқ, пойтахтҳои ин ду кишвар тааҳҳуд кардаанд. Никола Саркози, раисиҷумҳури Фаронса дар ин бора ба дунболи мулоқотҳои алоҳидааш бо Башор Асад ва бо ҳамтои лубнониаш Мишел Сулаймон хабар дод.
Лубнону Сурия аз замони касби истиқлоли худ дар солҳои чилуми асри гузашта то кунун дар пойтахтҳои ҳамдигар сафоратхонае, ки ба сурати комил фаъолият кунад, надоштаанд. Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар пайи мулоқот бо Никола Саркозӣ ҳамчунин гуфт, ҳамтои фаронсавиаш аз ӯ хостааст, аз равобиташ бо Эрон ба хотири ҳалли таниши давомдор байни ҷомеъаи байнулмилалӣ ва Теҳрон бар сари барномаҳои ҳастаии он кишвар истифода кунад.
Ва аммо баргардем бар сари ҳадафи аслии нишасти Порис, ки таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин аст. Мунаққидон мегӯянд, ихтилофоти аз солҳо пеши назарҳо байни кишварҳои ин минтақа бар сари масоили калидие, назири шеваи бархӯрд ба ҷараёни сулҳи Ховари Миёна, таъсиси як иттиҳоди воқеъӣ байни кишварҳои ҳошияи ин баҳрро ба орзуе ҳанӯз дастнорас табдил медиҳад. Раисиҷумҳури Либия Муаммар Қаззофӣ, танҳо раҳбаре, ки интизор меравад, нишасти Порисро таҳрим кунад, ин созмони ҷадидро як шакли нави истеъмор ё худ мустамликадорӣ номидааст.
Мушкили дигар дар роҳи расидан ба иттиҳоди байни кишварҳои минтақа рақобат ва хусуматҳоест, ки байни чандин кишвари ҳошияи баҳри Миёназамин, аз ҷумла миёни Исроилу Сурия, Исроилу фаластиниҳо ва ҳам байни Сурияву Лубнон ҳанӯз побарҷост.