Як фармондеҳи воломақоми нерӯҳои Русия ба воҳидҳои низомии гурҷии мустақар дар наздикиҳои марз бо Абхозистон ҳушдор додааст, ки агар силоҳашонро ба замин нагузоранд, онҳо бо ҳамлаи низомиёни Русия мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Аммо сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия президент Дмитрий Медведев мегӯяд, ки бахши муҳими амалиёти низомии Русия бар муқобили нерӯҳои Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ амалӣ гашт. Ӯ гуфт, ки маркази маъмурии Осетияи Ҷанубӣ зери назорати сарбозони ҳомии сулҳи Русия қарор дошта, нерӯҳои Гурҷистон баъди бархӯрдҳои вазнин аз пойтахти Осетияи Ҷанубӣ берун шуданд.
Вале сарфи назар аз изҳороти Медведев расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки 11-уми август ҳавопаймоҳои Русия баъзе ҳадафҳо дар канори пойтахти Гурҷистон ва бандари Потӣ, воқеъ дар соҳили Баҳри Сиёҳро оташборон намуданд.
Рӯзи якшанбе вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер ба Гурҷистон сафар намуда, барномаи сулҳи Иттиҳодияи Аврупоро баҳс кард. Кушнер мегӯяд: "Аввал, оташбас -расонидани кӯмак ба қурбониҳо, дуюму сеюм - беруншавии нерӯҳо, беруншавии зери назорати нерӯҳо ва чорум бозгашт ба сари мизи музокирот ва музокироти сулҳу дарёфти роҳи ҳалли сиёсӣ. Ҳамааш ҳамин. Бубахшед, Ба гуфтан осон асту амалан иҷро намудани он душвор".
Пеш аз сафар ба Маскав Кушнер иброз дошт, ки президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ бахши бузурги ташаббуси сулҳи иттиҳодияи Аврупоро дастгирӣ намуд.
Вале баъзе рӯйдодҳо аз он шаҳдоат медиҳанд, ки низоъ метавонад ба минтақаҳои дигари Гурҷистон тавсеъа ёбад. Генерал Сергей Чабан фармондеҳи нерӯҳои ҳомии сулҳи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Абхозистон мегӯяд, агар нерӯҳои гурҷӣ зурбулаҷали ӯро қабул накунанд, "тамоми василаҳои зарурӣ истифода мешаванд". Чабан афзуд, ки ба Абхозистон 9000 афсару сарбози рус ва 350 мошини зиреҳпӯш ворид шудааст.
Вале вазорати умури дохилии Гурҷистон зарбулаҷали Русияро рад кард. Дар як амале, ки зоҳиран ҳамоҳангшуда аст, ҷудоихоҳони абхозӣ низомиёни эҳтиётиро ба хидмат даъват намуда, иброз доштанд, ки нерӯҳои Гурҷистонро аз дараи Кодорӣ ихроҷ хоҳанд кард.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон президенти ИМА Ҷорҷ Буш амалиёти Русия дар қаламрави Гурҷистонро шадидан танқид намуда, даъват кард, ки ҷонибҳо ба мавқеъҳои то шашуми август ишғолнамдаашон баргарданд. "Ман гуфтам, ки ин хушунат ғайри қобили қабул аст. Ман ин ҳарфҳоро на танҳо ба Владимир Путин, балки ҳамчунин ба президент Дмитрий Медведев низ иброз доштам."
Дар ин байн Александр Стуб, раиси даврии САҲА, гуфт, ки як ҳайъати ин созмон барои арзёбии хасорот аз ҳамлаи Русия болои шаҳри Горӣ ба ин минтақа сафарбар шудааст.
Горӣ ба қавли хабарнигори бахши гурҷии pадиои Озодӣ ба як шаҳри шабаҳҳо табдил меёбад. Вай мегӯяд, "алҳол Горӣ ором аст. Мардум шаҳр ва деҳоти атрофро тарк мекунанд. Шаҳр ҳар чӣ бештар ба макони шаббаҳо мубаддал мешавад."