Интизориҳо ва нигарониҳо аз нишасти НАТО

Аз 2 то 4-уми апрел дар мулоқоти солонаи раҳбарони 26 кишвари узви НАТО дар Бухарест тавсеъаи эҳтимолии ин паймон баррасӣ мешавад.

Пешбинӣ шудааст, ки Хорватия, Македония ва Албания даъватнома барои узвият дар НАТО дастрас хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол ду кишвари дигар - Украина ва Гурҷистон ҳам умед доранд, ки НАТО барои онҳо дастуруламали узвият таҳия хоҳад кард. Ин санад роҳро барои узвияти комил дар паймон боз мекунад. Барои кишварҳои нимҷазираи Балкан узвият дар НАТОо гарави ҷилавгирӣ аз ҷанги дигар дар ин минтақа мебошад. Украина ва Гурҷистон бошанд, узвияти НАТО-ро ҳамчун сангаре дар муқобили таҷовузи имконпазири Русия арзёбӣ мекунанд.

Иқтисодшинос Нодар Ҷанелидзеи 62-сола аз мухолифати Русия ба узвияти Гурҷистон дар паймони НАТО хуб огаҳ аст. Ба фикри Ҷанелидзе, узвияти паймон Гурҷистонро аз таҳриму таҳдидҳои Маскав халос мекунад. Вай мегуяд, «Русия намехоҳад, ки ин ҳодиса ба вуқӯъ пайвандад. Агар ин амр ба онҳо вобаста мебуд, онҳо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедоданд, ки мо дар НАТО бошем. Дар ҳақиқат НАТО ба мо кумак мерасонад. Агар мо ба НАТО шомил шавем, мушкили Русия то абад аз байн меравад."

Профессори иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Тбилисӣ Мероб Абдаладзе мегӯяд, Русия бо дастгирии манотиқи ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дар муқобили Гурҷистон сиёсати таҷовузкоронаеро пеш гирифтааст. Абдаладзе меафзояд, вақте кишваре бо захираҳои бузурге ба монанди Русия бар зидди Гурҷистон барин кишвари нисбатан хурд сиёсати эҷоди мушкилиҳоро пеш мегирад, муттафиқоне аз қабили ИМА ва НАТО зарур мешаванд.

Тақрибан 77 дарсади гурҷиҳо аз узвияти кишварашон дар НАТО пуштибонӣ мекардаанд.

Дар моҳи феврал президенти Русия Владимир Путин гуфт, агар Украина узвияти НАТО-ро бипазираду дар қаламраваш фанновариҳои зидди мушакии ИМА-ро ҷой диҳад, Маскав метавонад ин кишварро дар меҳвари ҳадафҳои мушакҳои ҳаставиаш қарор диҳад. Дар Украина ҳамагӣ 30 дарсади аҳолӣ аз узвияти ин кишвар дар НАТО пуштибонӣ мекунанд.

Дар Укроин аксарияти мардум мухолифи узвияти ин кишвар ба НАТО ҳастанд

Серҳий Журетс, раиси маркази пажӯҳиши артиш ва халъи силоҳи Украина, мегӯяд, таҳдидҳои Русия ба нафъи Киев хоҳад буд, зеро аъзои НАТО хоҳанд дид, ки Украина ба ҳимоят эҳтиёҷ дорад. Вай меафзояд, имрӯз баъзе аъзои НАТО ба қабули узвияти Украина ҳозир нестанд, вале чунин лаҳни таҳдидомези Русия метавонад дар сафҳои НАТО шумораи тарафдорони узвияти зудраси Украинаро бештар кунад.

Дар Хорватия ҳангоми назархоҳиҳо беш аз 61 дарсади аҳолӣ аз узвияти кишварашон дар НАТО дастгирӣ намуданд. Коля Марасович, муҳандиси 60-сола аз шаҳри Сплит, мегӯяд, афзоиши эҳсоси миллатгароӣ дар Сербия ҳушдорест барои ҳамаи ҷумҳуриҳои Югославияи собиқ ва узвияти Хорватия дар НАТО кишварро аз такрори ҷангҳои солҳои ахир эмин нигаҳ медорад. Вай меафзояд, "Сербия худро аз Аврупо дур намекунад, вале наздик ҳам намешавад. Ба фикри ман, барои зери боми аврупоӣ дохил шудани Сербия гузашти зиёд лозим аст ва ин раванд тӯл хоҳад кашид. Вақте мо ховратҳо ба НАТО ворид шудем, ҳеҷ ҳушдоре дар иртибот бо сербҳо зарур нахоҳад шуд. Дар он сурат онҳо аз ҳар гуна таҷовуз худдорӣ мекунанд."

Дар масъалаи ҷойгиршавии пойгоҳҳои НАТО дар Хорватия ихтилоф афкори умум эҳсос мешавад. Бахусус баъди нашри хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии НАТО дар ҷазираи Пелйесачи ин кишвар. Вале низомии собиқ Младен Миосич ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, агар ин пойгоҳ ба туризми халал нарасонад, ҳеҷ айбе надорад, ки хорватҳо мизбонии онро бар ӯҳда гиранд.

То ҳол баҳси марзи миёни Хорватия ва Словения ба анҷом нарасидааст ва баъзеҳо хавф доранд, ки Словения шиори аз аввал ташхиси марз ва баъд узвияти Хорватияро матраҳ мекунад.