Барак Обама, номзад ба мақоми раисҷумҳури Амрико аз Ҳизби Демократ, ба хотири мулоқот бо мақомоти Исроил рӯзи 23-уми июл вориди ин кишвар шуд.
Пас аз дидор бо нахуствазир Эҳуд Олмерт ва дигар мақомоти олирутбаи Исроил Барак Обама барои мулоқот бо Маҳмуд Аббос - раиси ҷумҳури Фаластиниён, ба Канораи Ғарб раҳсипор мешавад.
Дар остонаи сафари Барак Обама ба Исроил як фаластинӣ дар шаҳри Байтулмуққаддас як булдозерро ба рӯи мошинҳои исроилиён ронда 16 нафарро маҷрӯҳ карда ва дар ниҳоят аз тарафи маъмурони амниятии Исроил кушта шуд.