"Арабҳо дар Осиёи Миёна аз эҳтиёт кор мегиранд"

Дуввумин форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон дар пойтахти Тоҷикистон бо қабули Эъломияи Душанбе рӯзи душанбеи 16-уми октябр анҷом ёфт. Дар ин ҳамоиш, ки бо иштироки намояндагони 28 кишвари арабиву Осиёи Миёна ва Озарбойҷон баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон аз мизони ками сармоягузории арабҳо изҳори норизоият кард.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо аз доираҳои коршиносӣ, кишварҳои Осиёи Миёна ва арабӣ то ҳол ба ҳам боварии комил надоранд ва пешрафти ҳамкории онҳо дар доираи Форуми мазкур, зери суол аст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишварҳои арабӣ беҳтар аст ба ҷойи нигоҳ доштани “триллионҳояшон” дар Ғарб, онро барои рушди кишварҳои мусалмонӣ сарф кунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, Осиёи Марказӣ ба ҳеҷ сурат Аврупо нест ва сармоягузорони араб низ дар инҷо аз эҳтиёт кор мегиранд.

"Сохти давлатдории Тоҷикистон бе ягон суол қабул шавад"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар оғози Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, ки дар "Кохи Сомон"-и Душанбе баргузор шуд, гуфт, кишвараш давлатҳои арабиро бо сохти давлатдориашон қабул кардааст ва ин кишварҳо низ бояд бе ягон суол сохти давлатдорӣ дар Тоҷикистонро қабул карда ва ба фарҳангу мардуми он эҳтиром гузоранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, "мо кишварҳои арабиро расман шинохтем, эътироф кардем бо ҳама шаклу шукуҳ, бо ҳама сохтори давлатие, ки ҳастанд. Кадом кишваре, ки набошад, ба шаклу сохтори он, ягон суоле надорем. Бояд кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро низ, ки кишвари мо демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, бо тамоми сохтору шаклу сохтори давлатӣ фарҳанг ва мардумаш эътироф намоянд. Ва ҳамкориҳои беғаразона дошта бошем."

Ҳарчанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ изҳори қаноатмандӣ кард, аммо ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ ва сармоягузориро нокифоя хонд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 дарсадро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба дигар кишварҳо ночиз аст.

"Тоҷикистон интизори сармоягузорӣ аст"

Тоҷикистон нахустин кишвар аз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон мебошад, ки Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои номбаршударо мизбонӣ кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин, коршиносон мегӯянд, баргузории чунин анҷуманҳои муҳташам, ки зоҳиран аз таваҷҷуҳу рағбати кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва давлатҳои арабӣ ба ҳамкории бештар дарак медиҳанд, бидуни шубҳа, фурсати бештаре барои рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат эҷод хоҳад кард.

Зоҳири Давлат, коршиноси муносибатҳои байналмилалӣ.

Ба гуфтаи Зоҳири Давлат, коршиноси муносибатҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои Халиҷӣ ба Осиёи Миёна бо назардошти манфиатҳои миллии давлатҳои ин минтақа, бештар ба нафъи кишварҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ хоҳад буд.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, "дар ҳоле, ки тирагӣ дар равобити бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Қатар ҳамоно бетағйир мондааст, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ талош мекунанд, ки тавозун дар муносибат бо тамоми кишварҳои арабиро нигоҳ доранд. Ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳои ширкаткунанда дар ҳамоиш ба густариши ҳамкориҳо моиланд ва хеле хоҳишу рағбат ҳам доранд."

Зоҳири Давлат мегӯянд, ончунон, ки пайдост, ҳаҷми тиҷорат ва ҷараёни сармоягузорӣ байни ин ду минтақа - кишварҳои мусулмонии собиқ шӯравӣ ва ҷаҳони араб, дар сатҳи ормону хостаҳои ин кишварҳо нест.

"Рушди ҳамкории тиҷорӣ, сайёҳӣ ва сармоягузории муштаракро мақомоти кишварҳо таҳлилу сиёсатгузорӣ мекунанд ва албатта, дар сиёсати хориҷӣ бо тақозои равандҳои куллии сиёсӣ манфиатҳои милливу суботу амнияти кишвар ба назар гирифта мешавад",-афзуд Зоҳири Давлат.

"Арабҳо аз Осиёи Миёна шинохти комил надоранд"

Масъалаи ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон солҳост, ки мавриди гуфтугӯи мақомоти давлатҳо қарор дорад. Бо таваҷҷуҳ ба норизоиятии раисҷумҳури Тоҷикистон, таҳлилгарон мегӯянд, зоҳиран сармояи арабҳо то ҳол ба он дараҷае нест, ки дар Тоҷикистон интизор доранд.

Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари масоили минтақавӣ мегӯяд, интизороти аслии Ҳукумати Тоҷикистон аз ин ҳамоиш ин ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ аст, чун барои рушди кишвар ин сармояҳо хеле заруранд. Аммо ба назари Саъдӣ Юсуфӣ, мамлакатҳои арабӣ то ҳол аз Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон шинохти кофӣ надоранд ва аз ин хотир, дар масъалаи сармоягузорӣ ба минтақа аз эҳтиёт кор мегиранд. Ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, бо ин ҳама мо наметавонем аз кишварҳои арабӣ интизороти онро дошта бошем, ки мисол, ба монанди Чин ба Тоҷикистон, сармоя ворид кунанд.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик.

"Кишварҳои арабӣ вақте мераванд ва дар ҷаҳони Ғарб сармоягузорӣ мекунанд, онҷо ҳокимияти қонун ва шаффофият хеле зиёд аст. Барои инҳо дар онҷо сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ кардан роҳаттар аст. Сармоягузорони араб вақте бо ҳамон мантиқ ва шинохт ба кишварҳои Осиёи Миёна меоянд ва шароити онро бо кишварҳои Ғарбӣ муқоиса мекунанд. Аммо кишварҳои Осиёи Миёна бо ҳар мизоне, ки бисанҷед, Аврупо нест. Ё бозори Амрикову Канада ва Австралия нест, ки шумо ба роҳат биравед ва ба ин хотираҷамъӣ сармоягузорӣ кунед. Инҳо маҷбуранд, ки дар инҷо аз бо эҳтиёт сарукор бигиранд”, - афзуд Саъдии Юсуфӣ.

То кадом андоза ҷонибҳо ба ҳам эътимод доранд?

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо аз доираҳои коршиносӣ, кишварҳои Осиёи Миёна ва арабӣ то ҳол ба ҳам боварии комил надоранд ва пешрафти ҳамкории онҳо дар доираи Форуми мазкур, зери суол аст. Чун ба гуфтаи таҳлигарон, ба ин нишаст кишварҳои ОМ ва Озарбойҷон дар сатҳи муовини вазир ва ё сафир намоянда фиристондаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин кишварҳо аз ин ҳамоиш интизороти зиёде надоранд.

Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷонро дар ин ҳамоиш муовинони вазири корҳои хориҷӣ ва Қирғизистонро сафири ин кишвар дар Тоҷикистон намояндагӣ мекард.

Нахустин нишасти Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон се сол пеш дар пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд ва аз рӯи натиҷаҳои он, Эъломияи Риёз қабул шуд. Ҳамчунин он замон ёдддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади алоҳидаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ба имзо расида буд.