Мутахассисон ва таҳлилгарони бунёди мазкур дар як ҳамоиш, ки дар Хуҷанд бо иштироки масъулини ниҳодҳои мубориза алайҳи СПИД ва кормандони бахшҳои иҷтимоӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон баргузор мегардад, баён доштанд, ки кишварҳои минтақа ҳанӯз фурсат ва имкон доранд аз густариши саросарии ангезандаи ВИЧ/CПИД ҷилавгирӣ кунанд.
Зимнан, бунёди мавсум ба Шарқу Ғарб, марказаш дар Алмати, дар ин чаҳор кишвар бо дастгирии молии ҳукумати Нидерланд аз соли 2005 ба ин сӯ барномаҳои ҳамсони ҷилавгирӣ аз густариши ангезандаи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) – ро татбиқ мекунад.
Ба гуфтаи Линора Аҳмадҷонова, мутахассиси робита бо ҷомеа дар бунёди мазкур, агарчи наметавон гуфт, ки ангезандаи ВИЧ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ босуръат паҳн мешавад, вале мо дар давраи паҳншавии мутамаркази ин ангезанда қарор дорем.
Ба қавли ширкатгарони ҳамоиш, дар Осиёи Марказӣ ангезандаи ВИЧ аксаран дар байни нашъамандон густариш меёбад ва, ба ақидаи онҳо, татбиқи барномаҳои огоҳонидани бештари аҳолӣ, ба хусус нашъамандону танфурушон, аз роҳҳои паҳншавии ин вабои аср, расонидани кӯмак ва табобат ба сироятзадагон дар роҳи пешгирии ВИЧ/СПИД муассир мебошад.