Ваъдаҳои Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ба Толибон

Қиёмуддин Кашшоф, сухангӯи Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон

Cухангӯи Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон Қиёмуддин Кашшоф мегӯяд, Толибон ба имтиёз, бозгашти сарбаландона ба ҳаёти осоишта, ҷои кор, маош ва паноҳгоҳ тақозо мекунанд ва Шӯрои сулҳ омодааст, ин хоҳиши онҳоро бароварда созад.
Вале таҷрибаи солҳои ахир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сафҳои Толибон мухталиф мебошанд ва шореҳон дар ташреҳи ин вазъ аз истилоҳи Толибони муътадил ва ҷангҷӯ истифода мебаранд.

Ҳамин тариқ ҳоло маълум нест, ки ин музокирот билохира бо чӣ натиҷае ба анҷом хоҳад расид.

Музокироти сулҳ дар Кувайта

Шореҳи Радиои Афғонистони Озод Мустафо Сарвар менависад, дар гузашта силоҳбадастони маҳаллӣ ба ҳар гуна барномаҳои мусолиҳаи миллӣ ҳамроҳ шуда, аз имтиёзҳои он фаровон истифода мекарданд, вале баъдан дубора ба сафҳои Толибон ҳамроҳ мешуданд.
Ҳамчунон шореҳи Радиои Озодӣ таъкид мекунад, ки зоҳиран музокироти сулҳ бояд бо иштироки раҳбарони воломақоми Толибони афғон, ки дар шаҳри Кувайтаи Покистон дар зери парчами Шӯрои Кувайта ҷамъ шудаанд, сурат бигирад.

Чанде пеш сухангӯи Шӯрои Кувайта Забиҳуллоҳ Муҷоҳид иброз дошта буд: "то замоне, ки дар Афғонистон нерӯҳои хориҷӣ ҳузур доранд, музокироти сулҳ асаре нахоҳад дошт".

Мулоқоти махфии Карзай бо Толибон

Тибқи маълумоти хабаргузориҳои ғарбӣ, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кобул президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо се раҳбари баландрутбаи Толибон музокироти пинҳонӣ доир намудааст, ки дар он намояндагони Шӯрои Олии сулҳ ширкат наварзидаанд.

Дар ин робита сухангӯи Шӯрои сулҳ Қиёмуддин Кашшоф мегӯяд, ки раванди мусолиҳа чунин нишастҳои пушти дарҳои бастаро мадди назар дорад ва он ба салоҳияти Шӯро латма нахоҳад зад.

Дар ҳамин ҳол баъзе шореҳон исрор меварзанд, ки бидуни дахолати кишварҳои бонуфуз Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон, ки аз тарафи собиқ президенти ин кишвар Бурҳонуддин Раббонӣ сарварӣ шуда, аз ҳафтод нафар иборат аст, ба натиҷае нахоҳад расид.

Нақши Покистон ва Арабистон

Ин шореҳон меафзоянд, Арабистони Саудӣ ва Покистон, ки дар охирҳои асри гузашта ҳукумати Толибонро ба расмият шинохта буданд, метавонанд Шӯрои Кувайтаро ба сулҳ бо Кобул моил намоянд.

Шореҳи Радиои Озодӣ ҳамчунон ба ҳифзи дастовардҳои мардуми афғон ишора кардааст. Ба қавли номбурда касе фаромӯш накардааст, ки дар тӯли шаш соли ҳукмронии Толибон ҳуқуқи таҳсилу кори занон барҳам зада, мардуми зиёде аз хушунати онҳо азият кашида буд.