Боздиди М. Данзон аз Тоҷикистон чи хоҳад дод?

Мудири минтақавии Созмони ҷаҳонии Беҳдошт Марк Данзон фардо ба Тоҷикистон меояд, то роҷеъ ба буҳрони пешомада дар ин кишвар бо мақомоти расмӣ ва намояндагони СММ гуфтугӯ кунад.
Боздиди Марк Данзон, мудири умури Аврупо дар ин созмони байналмилалӣ, аз Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи баёнияи Созмони ҷаҳонии Беҳдошт, сармои қаҳратун ва ҳамзамон норасоии нерӯи барқ авзоъи бахши беҳдоштиро ниҳоят вазнин ва сиҳҳати ҳазорон нафарро дар ин кишвар ба хатар дучор кардааст. М. Данзон гуфтааст, ҳар кори мумкинро бояд кард, то бемористонҳои Тоҷикистон муназзам бо доруворӣ ва нерӯи барқ таъмин бошанд.
Дидору мулоқоти Марк Данзон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири беҳдошт Нусратулло Салимов дар назар аст. Ӯ ҳамчунин аз як қатор бемористонҳои Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ дидор хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, вазорати беҳдошти Тоҷикистон боздиди як масъули Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз ин кишварро муҳимму саривақтӣ арзёбӣ мекунад. Аз ҷумла, Шамсиддин Қурбонов, сардори ситоди «Сармо-2008» дар вазорати беҳдошт, гуфт: «Баъд аз натиҷагирӣ кардан аз ошноии Марк Данзон аз муассисоти тандурустии кишвар ва мулоқотҳои ӯ бо мақомоти кишвари мо силсилаи тадбирҳо ва санадҳо дар се самт – кумакҳои фаврии вобаста ба вазъи буҳронии Тоҷикистон ва кумак дар асоси нақшаи чорабиниҳои миёнамуддат ва дарозмуддат – бояд ба имзо расанд. Ба назари ман, асоси кумаки Созмони ҷаҳонии Беҳдошт барои расидан ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ равона мешаванд. Ҳамчунин пеш аз ҳама, ҳадафи сафари Марк Данзон ба Душанбе ҷалби ҳарчи бештари донорҳо ва давлатҳои узви СҶБ барои сармоягузории соҳаи беҳдошти Тоҷикистон аст».
Бар асоси иттилоъи гурӯҳи Созмони ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон, сардиҳои шадиди зимистон каму беш ба тамоми бахшҳои тандурустӣ таъсири манфӣ гузоштааст. Ба қавли гурӯҳи кори ин созмони байнулмилалӣ, бемористонҳо низ аз сардӣ ва камбуди нерӯи барқ дар ҳоли бисёр бад қарор доранд, баъзе намуди хадамоти бемористон ба сабаби набуди нерӯи барқ аслан фаъъол нест. Бисёре аз маризон ба ҷои рафтан ба бемористон беҳтар медонанд, ки дар хона бимонанд, чун аксари утоқҳои бемористонҳо гарм намешавад.
Созмони ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, баъди арзёбиҳо барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои фаврии бемористону дигар муассисаҳои тиббӣ кумак хоҳад кард.