Гурӯҳе барои ширкат дар ҷанозаи Имод Муғния, яке аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳ ба куча баромад ва гурӯҳе барои ёдбуди сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ, ки се сол қабл дар ҳамин рӯз бар асари ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расида буд.
Ҷонибдорони Ҳарирӣ марбут ба неруҳои зиддисуриягианд ва Димишқро дар тарҳрезӣ ва татбиқи ҳамлаи терористӣ алайҳи сарвазири пешин муттаҳам мекунанд. Ҳизбуллоҳ бошад, баръакс аз пуштибонии Сурия ва Эрон бархурдор аст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бархурди неруҳои мухолифи ҳамдигар мақомоти Лубнон аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҳамоиши ёдбуди Рафиқ Ҳарирӣ дар майдони марказии Шуҳадои Бейрут доир хоҳад шуд ва маросими ҷанозаи Имод Муғния дар минтақаи шианишини ҷануби шаҳр. Ва аммо мақомот аз он ҳарос доранд, ки баъдан ин ду маросим ба бархурди хунин мепечад. Тибқи иттилоъи то ин лаҳза расида, вазъи Бейрут ором аст.
Имод Муғния, ки ба хадамоти кашфи созмони “Муқовимати исломӣ” - бахши низомии Ҳизбуллоҳ раҳбарӣ мекард, дирӯз бар асари таркиши мошин дар Димишқ ба ҳалокат расид. Имод Муғния то соли 2001, то он замоне, ки Усома бин Лодин террористи рақами як эълон шуд, дар феҳрасти террористҳои аз сӯи Амрико таҳияшуда дар хатти аввал қарор дошт. Гуфта мешавад, ки Муғния ба инфиҷорҳо дар урдугоҳи низомиёни амрикоӣ дар соли 1983 ва сафорати Амрико дар Лубнон дар соли 1984 даст дорад, ки дар натиҷаи онҳо тақрибан 260 тан аз амрикоиҳо кушта шуданд.
Ва аммо Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико низ аз ҳалокати Имод Муғния изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки “дунё бидуни Муғния беҳтар хоҳад шуд”. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ҳодиса шояд бӯҳрони сиёсӣ дар Лубнонро жарфтар кунад. Ҳукумати ғарбгарои Лубнон мехост тавассути баргузории ҳамоиши осоиштаи ёдбуди Рафиқ Ҳарирӣ болои Ҳизбуллоҳ фишор оварад ва ба ин васила мавзӯъи интихоби раисҷумҳурро аз бунбасти тулонӣ берун кашад.
Курсии раисиҷумҳури Лубнон шурӯъ аз моҳи ноябри соли гузашта холист ва неруҳои мухолиф дар порлумон дар мавриди интихоби президенти нав ба мувофиқа нарасидаанд. Ва аммо ба назар мерасад, ки куштори ғайриинтизори Имод Муғния умедҳои кишварро барбод дод.
Баъд аз рабуда шудани ҳавопаймоии мусофирбари ширкати «Ти-Даблю-Ей» дар соли 1985 Иёлоти Муттаҳида барои боздошти Имод Муғния 5 миллион доллар ҷоиза таъин карда буд. Исроил ин фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳро дар он айбдор мекард, ки таркишҳо дар сафорати Исроил ва маркази яҳудиҳо дар Аргентинаро тарҳрезӣ кардааст. Бар асари ин ду таркиш беш аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.
Раҳбарони Ҳизбуллоҳ дар куштори Муғния Тел Авивро муттаҳам мекунанд. Ва аммо дафтари сарвазир Еҳуд Олмерт даст доштани хадамоти кашфи кишвар дар куштори фармондеҳи аршади “Ҳизбулллоҳ”-ро рад кард.