Иқдоми Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон ба муқобили ду журналист сабаби эътирозҳо дар кишвар ва берун аз он гашт.
Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, Абдулкарими Хуррам хабари аз вазифа барканор шудани журналисти Телевизиони Миллии Афғонистон, Басири Бобайро бо иттиҳоми истифодаи вожаҳои форсӣ дар зикри номи муассисаҳои давлатӣ рад кард. Вале афзуд, барои корбасти калимаҳое монанди "донишгоҳ", "донишкада", "донишҷӯ" ва монанди инҳо Бобай ва ду корманди телевизиони Балх муҷозот шудаанд.
Ҷаноби Хурррам дар мусоҳиба бо хабарнигори радиои Би-Би-Си, Абдуллоҳи Шодон мегӯяд: "Оқои Бобай аз ҷумлаи кормандони радио ва телевизион мо дар Балх ҳастанд. Уно аввал ба ҳеч сурат барканор нашуданд. То ҷое ки ман маълумот дорам, уно аз тарафи масъулин, масъулини марбути радио телевизион ду-се рӯз шояд касри маош шуда бошанд. Ва масъалаи барканорӣ қатъан дар байн нест."
Аммо дар тафовут аз суханони ҷаноби Хуррам, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, худи журналист Басири Бобай дар нишасти хабарие дар Мазори Шариф, рӯзи душанбе гуфт, ӯро зимни як номаи вазир ва талаби мақомоти марбута аз кор дур кардаанд. "Мақомоти мӯҳтарами Вазорати иттилоот ва фарҳанг мудир умумии иттилооти телевизионро эҳзор мекунанд ба дафтари худашон ва мегӯянд, ки бояд дигар ин хабарнигор хабар нахонад ва ба ҳамин хотир ман аз гузоришгарӣ дар телевизиони миллии Афғонистон маҳрум шудам. Ман хостам, ки ин мавзӯъро ба ҳузури шумо бирасонам, ки имрӯз Басири Бобай ба ҷурми истифодаи калимоти забони модарияш аз шуғл маҳрум мешавад. Барои гуфтани "донишгоҳ", "донишҷӯ" ва " донишкада".
Вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон, Абдулкарими Хуррам, дар мусоҳибае, ки зикраш рафт, мегӯяд, мақсади ӯ аз ин иқдом ҳифзи қонунҳои мавҷудаи кишвараш будааст: "Ба ҳамон тартиб, ки дар бахшҳоми мухталиф мо истилоҳоте дорем ва дар қонуни асосӣ ҳам ин масъала ҷо дода шуда, ургонҳои нашаротии давлати Афғонистон бояд ҳамон иттилоотро муроот бикунанд. Дар ғайри аз он ин нашарот, ин мароҷеъи нашаротӣ, ки расмият ва эътибор доранд, барои мардуми Афғонистон, инҳо бояд аз ин парокандагӣ ҷилавгирӣ кунанд."
Моҷарои барканории журналист барои истифодаи калимаҳои форсӣ дар маҳфилҳои гуногуни Афғонистон вокунишҳоеро ба бор овардааст. Нависандаи саршиноси Афғонистон, доктор Раҳнаварди Зарёб мегӯяд: "Ин ҳаракати Вазорати иттилооту фарҳанг махсусан байни ҳалқаҳои форсизабон дар Афғонистон вокунишҳои бисёр шадидеро ба бор овард. Ин вокунишҳо ҳанӯз ҳам идома доранд. Албатта, вазири иттилооту фарҳанг ҳоло аз амали худ инкор меварзад, вале воқеъият ин аст, ки чунин ҷазое ба он ду хабарнигор дода буд. Ин бармегардад ба таърихи Афғонистон. Дар таърихи муъосири Афғонистон як марҳилае буда, ки дар он марҳила талош мешуд, ҳувияти ақвоми дигар дар Афғонистон аз байн бурда шавад ва танҳо як ҳувияти паштунӣ дар Афғонистон ҳукмфармо гардад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳаракати вазири иттилооту фарҳанг дарвоқеъ дунболаи ана ҳамон ҷараёне буд, ки дар ҳудуди панҷоҳ соле пеш дар Афғонистон вуҷуд дошт."
Моҷарои зикршуда дар хориҷ аз Афғонистон низ вокунишҳоеро ба миён овардааст. Дар чандин сомонаҳои интернетӣ афғонҳои бурунмарзӣ ва форсизабонон аз ин ё он тарафи баҳс ҳимоят кардаанд. Бархе аз онҳо вазири фарҳанги Афғонистонро танқид мекунанд, ки дар чанд мавриди дигар низ забонҳои Афғонистонро ба ҳам муқобил гузоштааст. Яке аз ин сомонаҳо навиштааст, чанде пеш Вазорати фарҳанги Афғонистон лавҳаи "Нигористони Кобул"-ро, ки таърихи тӯлонӣ дорад, барканда, ба ҷои он "Голерии Кобул" навиштааст. Ба навиштаи TajikistanWeb.com форсизабонони Бритониё мақсад доранд, дар баробари сафорати Афғонистон тазоҳурот барпо кунанд.
Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси кумисюни порлумони Афғонистон дар умури фарҳангӣ ва мазҳабӣ ҷаноби Хуррамро айбдор кардааст, ки то ҳоло шаш мавриди иқдоми ӯ алайҳи забони порсии дарӣ дар Афғонистон дар ин кумисюн ба қайд гирифта шудааст. Ҷаноби Муҳаққиқ ин аъмолро хилофи баробарии забонҳо шумурдааст, ки Қонуни асосии Афғонистон аз он ҳимоят мекунад.
Аз нависандаи саршиноси Афғонистон, доктор Раҳнаварди Зарёб пурсидам, оё то куҷо ин моҷаро ба тафоҳум ва ваҳдате, ки Афғонистон дар вазъи феълияш беш аз ҳама бо онҳо ниёз дорад, асар мегузорад? Посухи ӯ чунин аст: "Ман фикр мекунам, ки дар байни мардуми Афғонистон дар ин замина ҳеч гуна тафриқае вуҷуд надорад. Аммо шуморе аз ҳалқаҳо ва аносири бахусусе дар ҷомеъа вуҷуд доранд, ки ин масъаларо доман мезананд. Онҳо тарафдори ҳамон марҳилаи панҷоҳ сол пеш мебошанд ва мехоҳанд, ҳамон марҳиларо эҳё бикунанд. Ва ҳаминҳо ҳастанд, ки як оташи нифоқро дар байни ҷомеъаи рӯшанфикрӣ ва фарҳангии Афғонистон бармеангезанд."
Дар ҳоле ки Қонуни асосии Афғонистон ҳарду забон, дарӣ ва паштуро забонҳои расмии умумимиллӣ эълон кардааст, ба навиштаи сомонаи интернетии Afghanistan-OnLine, дар гузашта, то замони ҳукумати Зоҳиршоҳ, подшоҳи собиқи Афғонистон, дарӣ забони давлатӣ будааст. Ин сомона меафзояд, тибқи арзёбиҳои ахири ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тақрибан 35 дарсади аҳолии Афғонистон ба пашту ва наздик ба 50 дарсад ба дарӣ сухан мегӯянд ва ҳарду забон аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошанд.