Туркманистон ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард

Қ. Бердимуҳаммадов: "Туркманистон ҷиҳати рафъи бурҳони энержӣ ба Тоҷикистон кумаки ҳадди аксари худро хоҳад расонид".

Дар ин бора дирӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, дар мулоқоташ бо Шералӣ Гулов, вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ, аз ҷумла изҳор намуд, ки дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон 500 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шурӯъ аз 25-уми декабри соли гузашта дар Тоҷикистон ба сабаби сармои бесобиқа бурҳони шадиди энержӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар маълумоти обуҳавосанҷони Тоҷикистон, дар ин муддат ҳарорати ҳаво дар кишвар аз нишондиҳандаи миёнаи бисёрсолааш то 12 дараҷа поинтар фаромадааст.