Дастгир шудани як фармондеҳи аршади Толибон

Моҳи майи соли гузашта, бародари Мансур Додуллоҳ, Мулло Додуллоҳ кушта шуда буд

Хабарҳо ҳокистанд, ки Мансур Додуллоҳ - яке аз фармондеҳони аршади Толибон бар асари як амалиёт боздошт ва баъдан, бино бар баъзе ахбор, ба ҳалокат расидааст.

Хабари бар асари як амалиёт дар мавзеъи Жоб, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон маҷрӯҳ ва боздошт шудани панҷ мусаллаҳи Толибон, ба шумули фармондеҳи аршади ин ҷунбиш Мансур Додуллоҳро раиси пулиси вилояти Балуҷистон Сауд Гуҳар тайид кард. Ба думболи ин хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки Мансур Додуллоҳ аз ҷароҳатҳои сангин аз дунё даргузаштааст.

Мансур Додуллоҳ - фармондеҳи Толибон дар минтақаи Ҳилманд буд, ки он ҷо шурӯъ аз тобистони соли гузашта миёни неруҳои эътилофи байнулмилалӣ ва Толибон даргириҳои шадид сурат гирифтанд. Охири соли гузашта хабар расид, ки Мулло Умар, раҳбари Толибон Мансур Додуллоҳро аз маснади фармондеҳ дар ин минтақа барканор кардааст. Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи Толибон ихроҷи Мансур Додуллоҳро “бо итоат накарданаш ба амру дастурҳои раҳбарон” рабт дод.

Ба думболи ин Муҳибулло Муҳоҷир, ёвари Мансур Додуллоҳ изҳор кард, ки фармондеҳи шинохта ин амри ихроҷро қабул надорад ва онро тавтеъаи бархе аз қумандонҳо мехонад. Ӯ ба хабаргузории Аssociated Press гуфт, ки Мансур Додуллоҳ дар ҷараёни таҳқиқи сабабҳои ҳалокати бародараш Мулло Додуллоҳ, дигар аз фармондеҳони аршади Толибон ба натиҷае расидааст, ки дар марги ӯ бархе аз фармондеҳони Толибон даст доранд ва маҳз ин афрод тавассути тавтеъа мехоҳанд Мансур Додуллоҳро аз сафи Толибон ихроҷ кунанд.

Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, суханӯи вазорати дифоъи Афғонистон имрӯз дар як сӯҳбат бо Радиои Афғонистон Озод бар асари як амалиёти тарҳрезикардаи низомиёни НАТО боздошт шудан ва баъдан ба ҳалокат расидани Мансур Додуллоҳро баъйид намедонад. Соли гузашта раҳбарони Эътилофи таҳти фармони НАТО эълом доштанд, ки аз ин ба баъд аз тактикаи аз байн бурдани раҳбарони Толибон кор мегиранд.


Мансур Додуллоҳ дуввумин фармондеҳи аршадест, ки ҳафтаҳои ахир дар Покистон кушта мешавад. Чанд рӯз пеш яке аз раҳбарони дигар аз созмонҳои террористӣ “Ал-Қоида” Абӯ Лайт ал-Либӣ ба асари ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави вилояти Вазиристони шимолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расида буд.

Ёдовар мешавем, бародари Мансур Додуллоҳ – Мулло Додуллоҳ, ки аз фармондеҳони аршад ва хуношоми Толибон маҳсуб мешуд, моҳи майи соли гузашта дар Ҳилманд, дар як набард бо неруҳои НАТО ва сарбозони ҳукуматӣ кушта шуд. Мулло Додуллоҳ афроди зиёдеро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл расонд, дар рабудани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, як хабарнигори итолиёвӣ ва ду тан аз кормандони созмони хайрияи фаронсавӣ даст дошт, ки баъди музокироти тулонӣ озод шуданд.

Мансур Додуллоҳ баъд аз ҳалокати бародараш фармондеҳи Толибон дар Ҳилманд тайъин шуда буд.