НАТО ва манотиқи ноамни Афғонистон

Кондoлиза Райс, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ва Дэвид Милибэнд, вазири умури хориҷии Бритониё ғайриинтизор вориди Афғонистон шуданд.

Онҳо аз Кобул ба зудӣ сӯи Қандаҳор, минтақаи доғи кишвар парвоз карданд, минтақае, ки Амрико ва Бритониё хостори интиқоли неруҳои нав ба он ҷо шудаанд.

Сафари хонум Райс ва Дэвид Милибэнд дар ҳоле доир шуд, ки миёни кишварҳои узви НАТО дар робита ба интиқоли неруҳои иловагӣ ба Афғонистон ва қабл аз ҳама ба манотиқи доғи он баҳси шадид идома дорад. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аз дигар кишварҳои узви НАТО хостори тақвияти мубориза бо Толибон шудаанд, ки гуфта мешавад, бо фарорасии рӯзҳои гарм амалиёти густарда алайҳи неруҳои Эътилофи байнулмилалӣ ва низомиёни ҳукуматиро шурӯъ карданианд. Дар ин вазъ, ба гуфтаи Вошингтон ва Лондон, кишварҳои узви НАТО бояд ба манотиқи ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон неруҳои иловагӣ фиристанд.



Ҳамид Карзай хонум Райс ва ҷаноби Милибендро пазироӣ дорад

Ва аммо бархе аз кишварҳо ба ин даъват посухи рад доданд ва бархе хомуширо авлотар донистаанд. Кондализа Райс дар музокирот бо Дэвид Милибэнд дар Лондон аз ин сукути ҳампаймонҳои низомӣ изҳори нороҳатӣ кард ва гуфт, ки “НАТО дар рӯ ба рӯи имтиҳони сангин қарор дорад” ва “ин имтиҳон то куҷо қавӣ будани паймонро намоиш хоҳад дод”. Котиби давлатии Амрико афзуд, бояд мардум дарк кунанд, ки он чӣ дар Афғонистон мегузарад, амалиёти низомист ва на амалиёти посдории сулҳ. Хонум Райс дар Кобул бори дигар ба он нукта ишора кард, ки ҷомеъаи ҷаҳониро дар Афғонистон муборизаи сангин ва тулонӣ интизор аст:

“Пирӯзӣ дар ин ҷо, дар Афғонистон, табдили он ба кишвари замонавӣ, табдили он аз паноҳгоҳи террористон ба кишваре, ки терроризм аз он ҷо ба дигар манотиқ паҳн нашавад ва ҳамлаҳои нав ба шаҳрҳои мо, алайҳи мардуми мо тарҳрезӣ нагарданд – ин ҳадафи мубориза аст ва ин мубориза сангин ва тулонӣ хоҳад буд”.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки иддае аз кишварҳои узви НАТО ба интиқоли неруҳои иловагӣ розӣ шуданд ва аммо на ба манотиқи доғи Афғонистон. Франс Ҷозеф Юнг, вазири дифоъи Олмон эълом дошт, ки кишвараш ҳамин тобистон ба таври иловагӣ аз 200 то 250 низомиро ба Афғонистон мефиристад ва аммо онҳо фақат дар шимол – минтақаи дур аз даргириҳои ҳамарӯза бо Толибон мустақар хоҳанд шуд. Зимнан, ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта канслери Олмон Ангела Меркел низ дар сӯҳбат бо Ҷорҷ Буш, президенти ИМА гуфта буд, ки фақат мавзӯъи фиристодани неруҳои иловагии кишвар ба шимоли Афғонистон матраҳ аст, зеро “густариши нақши ин неруҳо шояд суқути ҳукумати феълиро дар пай дошта бошад”.

Ва аммо интиқоли неруҳои иловагӣ ягона ихтилофи миёни кишварҳои узви НАТО нест. ИМА ҳампаймонҳои худро дар надоштани малакаи кофии ҷангӣ низ муттаҳам мекунад. Иддаои Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар як мусоҳиба бо нашрияи Los Angeles Times дар робита ба омода набудани аксар сарбозони аврупоии НАТО ба амалиёти алайҳи гурӯҳҳои ошубгарони афғон, раҳбарони НАТО ва бархе аз кишварҳои узви Паймонро нороҳат ва хашмин карда буд ва баъди як рӯз Пентагон маҷбур шуд қадаме қафо гузорад ва аз саҳми неруҳои аврупоӣ дар амалиёти Афғонистон ситоиш кунад. Ва аммо ба назар мерасад, аз он интиқоди Гейтс ҳанӯз ҳам дили вазири дифоъи кишварҳои узви НАТО озурда аст.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Washington Post, дар Кохи Сафед ва Пентагон ақидае боло мегирад, ки дар ҷанги Афғонистон на неруҳои НАТО, балки низомиёни амрикоӣ бояд пирӯз шаванд. Ва талошҳои нокоми Роберт Гейтс барои мутмаин сохтани ҳампаймонҳои аврупояш дар робита ба интиқоли неруҳои иловагӣ ба он овард, ки Пентагон барои фиристодани 3200 афсару сарбози нав ба Афғонистон тасмим гирифт. Интизор меравад, ки 2200 нафари онҳо ба манотиқи доғи кишвар интиқол ёбанд.

Айни ҳол низомиёни амрикоӣ сеяки неруҳои 42 ҳазор нафари ISAF-и таҳти фармони НАТО-ро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин беш аз 12 ҳазор афсару сарбози дигари Иёлоти Муттаҳида дар набардҳо бо Толибон ва тамрини неруҳои Афғонистон ширкат мекунанд.