Нерӯҳои низомии 26 кишвари узви паймони Атлантики Шимолӣ ё NАТО дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ширкат меварзанд.
Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс зимни суханрониаш дар Лондон изҳор кард, ки танҳо теъдоди хурди кишварҳои аъзои NАТО нерӯҳои низомиашонро ба хатарноктарин минтақаҳои Афғонистон эъзом кардаанд: “Возеҳ аст, ҳамаи мо бояд он мушкилиҳоеро, ки паймони NАТО бо онҳо рӯбарӯ шудааст, байни аъзои паймон тақсим кунем, то ҳама дар таҳаммули ин бор саҳм дошта бошанд. Бале мо аз доираи масъулиятҳои NАТО хеле берӯн рафтаем, аммо ин аломати он аст ки NАТО аз паймони замони Ҷанги сард ба паймони асри 21 мубаддал гашт”.
Зимни сафараш ба Британия хонум Райс бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Давид Милибанд мулоқот намуд. Дипломати бритониёӣ бори дигар таъкид бар он дошт, ки кишвараш теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон афзоиш нахоҳад дод.
Дар ҳоле ки баъзе аъзои NАТО изҳори умедворӣ мекардаанд, Лондон нерӯҳои низомиашро, ки Ироқро тарк мегӯянд, ба Афғонистон интиқол медиҳад.
Феълан дастикам 8 000 сарбози ин кишвар дар Афғонистон ифои вазифа мекунанд ва мақомоти Лондон қасд доранд, ки ҳангоми ивазшавии сарбозон бар ивази сарбозон бештар мутахассисони техникӣ эъзом намоянд.