Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии донишҳои стратегӣ дар Лондон тавонмандиҳои ҳарбӣ ва иқтисодиёти низомии 170 кишвари дунёро баррасӣ кард.
Ҷанг дар Ироқу Афғонистон, нигарониҳо аз паҳн шудани фанновариҳои ҳастаӣ ва нишонаҳои вусъати бештар дар сабқати таслиҳотӣ, ба вижа дар Осиё, дар гузориши нави Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиъоти стратегӣ дар Лондон мақоми марказӣ доранд. Ва ба таъкиди муаллифони гузориш, ин ҳама дар ҷаҳоне зуҳур мекунад, ки ба ибораи онҳо "беқутб" аст.
Дар зимн, нахустин гузориш аз силсилаи "Мувозанати низомии ҷаҳон" аз тарафи ин маҳфили таҳлилгарон 50 сол пеш зери номи "Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ғарб" нашр шуда, то фурӯпошии шӯравӣ сабқати таслиҳотии Шарқу Ғарб мавзӯъи асосии натиҷагириҳои солонаи онро ташкил додааст.
Ба навиштаи сардабири солнома, Ҷеймс Ҳаккет, беқутбиии ҷаҳони муъосир сабаби бесуботии густарда ва мудаввоми он шудааст. Низоъҳои хунин аз Ховари Миёна гирифта, то гӯшаҳои Осиё ва ҳамчунин дар чанд минтақаи Африқо идома дошта, сабқати нави таслиҳотӣ кишварҳои Осиё ва қисман Амрикои Лотинро фаро гирифтааст.
Ҷон Чипман, мудири кулл ва раиси иҷроии Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиъоти стратегӣ мегӯяд, тағйири дигар дар гузоришҳои солонаи "Мувозанати низомии ҷаҳон" ин аст, ки дар баррасии тавонмандиҳои ҳарбии кишварҳо бори нахуст тасвири муфассали нерӯҳои ғайридавлатии онҳо низ дода шудааст.
Дар бораи давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар гузориши мазкур омадааст, ҳамаи онҳо сол то сол харҷи ҳарбии худро афзоиш медиҳанд. Вале ҳаҷми ин афзоиш фарқ мекунад. Ба қавли муаллифони гузориш, зиёдтар аз ҳама Узбакистон даст ба афзоиши хароҷоти ҳарбияш задааст. Артиши он ҳоло 67 ҳазор сарбоз дорад, ки 17 ҳазор нафари он шомили нерӯаҳои ҳавоӣ ва ҳавобурд аст. Дар соли гузашта шумори ҳавопаймоҳои ҷангии Узбакистон ба 135 адад расид, ки бархе аз онҳоро Русия ба Тошканд ба нархи арзон додааст.
Ба ғайр аз ин Узбакистон наздик ба 20 ҳазор нафар нерӯҳои шибҳинизомӣ дорад, ки баробар бо шумори ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон аст. Қазоқистон агар ба коҳиш додани нерӯҳои худ майл нишон медиҳад, талош дорад, камии нерӯи зиндаро бо таҷҳизот ва фанновариҳои пешрафтаи ҷангӣ ҷуброн кунад.
Дар ин миён, тавре аз гузориш ба назар мерасад, бо вуҷуди афзоиши хароҷоти низомии Тоҷикистон, нерӯи он рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Агар дар соли 2000 шумори умумии ҳарбиёни тоҷик 11 000 нафарро ташкил мекард, ҳоло ин адад ба 8800 поин омадааст. Аз ин якуним ҳазор нафар дар нерӯҳои ҳавоӣ ва 7 300 нафар дар артиш хизмат мекунанд. Шумори шибҳинизомиён 7 500 нафари дигарро ташкил додааст.
Муаллифони гузориш менависанд, дар Тоҷикистон пойгоҳҳои ҳарбии се кишвари хориҷӣ мавҷуд аст, ки инҳо Русия, Фаронса ва Ҳиндустон мебошанд. Ноҳияи Фархор дар марз бо Афғонистон, макони пойгоҳи нерӯҳои Ҳинд номида шудааст. Ҳар се кишвар ба Тоҷикистон кумакҳои гуногуни ҳарбӣ мерасонанд, аз ҷумла тақдими таҷҳизоти кӯҳнаи ҳарбӣ, фурӯши техникаи ҳарбӣ бо нархҳои арзон, таълими мутахассисони низомии Тоҷикистон ва ғайра.